ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
78
0


Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7-8, мод. 528; с. 2019, № 4-5, мод. 228, № 6, мод. 323; с. 2020, № 1, мод. 24, № 12, мод. 920; с. 2021, № 1-2, мод. 18; с. 2022, № 1-3, мод. 19, № 7, мод. 448, № 12, қ. 2, мод. 772), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 40) қисми 1 моддаи 10 пас аз калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2.  Дар банди 1) қисми 2 моддаи 86 калимаҳои «хазинаи мақоми гумрук ё ба ҳисобномаи ҳама гуна» ба калимаҳои «суратҳисоби депозитии» иваз карда шаванд.
3.  Қисми 1 моддаи 309 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ ҳангоми эъломиякунонии мол дар шакли хаттӣ тариқи ғайринақдӣ пардохта мешаванд. Ба шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохт намудааст, нусхаи  супоришномаи пардохт, ки шакли онро мақомоти гумрук дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст,  тариқи электронӣ ирсол карда мешавад.». 
4. Дар моддаи 375:
- аз қисми 2 калимаҳои «хазина ё» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «ба хазинаи мақоми гумрук супоридан ё» хориҷ карда шаванд».
5. Дар моддаи 376:
- аз қисми 1 калимаҳои «ба хазинаи мақоми гумрук супорида ё» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «супорида» ба калимаҳои «бо тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 377:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«1) аз лаҳзаи пардохт тариқи ғайринақдӣ;»; 
- банди 2) хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3)-6) мутаносибан бандҳои 2)-5) ҳисобида шаванд.
7. Аз банди 3) қисми 1 моддаи 385 калимаҳои «ба хазинаи мақоми гумрук ё» хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 390:
- аз қисми 1 калимаҳои «хазина ё» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои «ба хазинаи мақомоти гумрук ё» хориҷ карда шаванд. 
9. Дар  моддаи 398:
- дар қисми 2 калимаҳои «ҳисобнома ё хазинаи» ба калимаи «ҳисобномаи» иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳирири зерин ифода карда шавад:
«4. Гарави пулӣ тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешавад.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2001

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1133

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 423

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив