ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
76
0


Моддаи 1. Ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,     с. 2020, №4-5, мод. 234) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаҳои «муносибатҳои ҷамъиятӣ» ба калимаи «муносибатҳо» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- аз сархати ҳаштум калимаҳои «аз ҷониби борфиристанда» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати чилу шашум калимаҳои «истеҳсолнамудаи худ» ба калимаҳои «ба онҳо бо ҳуқуқи моликият ё асосҳои қонунии дигар тааллуқдошта» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 45:
- сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- аз  интиқолдиҳандагон талаб намудани риояи талабот ва шартҳои шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида яктарафа бекор намудани шартномаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ бо интиқолдиҳанда ҳангоми ба таври ҷиддӣ вайрон кардани талаботи шартнома;
- назорати аз ҷониби интиқолдиҳандагон ба мусофирон додани чипта ва расиди бағоҷ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ (қоидаҳои ҳамлу нақл ва хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ);
- таъмини сифат ва бехатарии ҳамлу нақли мусофирон.»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Барои ҳар як хатсайри ҳамлу нақли мунтазам бо нақлиёти ҷамъиятӣ шиносномаи хатсайр таҳия гардида, якҷоя бо ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар терминалҳо ва истгоҳҳои ҳар як хатсайр насб карда мешаванд.».
4. Дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 49 калимаҳои «панҷсоларо» ва «панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳафтсоларо» ва «ҳафт» иваз карда шаванд.
5. Дар матни моддаи 46, моддаи 47, ном ва матни моддаи 70 калимаҳои «диспетчерӣ» ва «диспетчерии» мувофиқан ба калимаҳои «танзимгарӣ» ва «танзимгарии» иваз карда шаванд.
6. Ба қисми 1 моддаи 70 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Иттилоот дар бораи фармоишҳои қабулшуда махфӣ (конфиденсиалӣ) мебошад.».
7. Дар моддаи 82:
- ба сархати якум пас аз калимаҳои «зарар ба» калимаҳои «роҳҳои автомобилгард ва» илова карда шаванд;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби борфиристонанда бо риояи меъёрҳои ҳаҷм ва вазн, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад;».
8. Ба моддаи 83 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- назорати ҷойгирнамоӣ ва маҳкам кардани бор бо мақсади риояи меъёрҳои муқарраргардидаи борбардории воситаи нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳамлу нақл, эмин нигоҳ доштани бор, роҳҳои автомобилгард ва молу мулки шахсони сеюм;».
9. Ба номи моддаи 126 пас аз калимаи «мусофирон» аломат ва калимаи «, бағоҷ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2002

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1087

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 424

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив