ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ»

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
48
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2010, №7, мод.561) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- субъекти Парки технологӣ – шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба феҳристи субъектҳои Парки технологӣ дохил карда шудааст ва дар ҳудуди Парки технологӣ фаъолияти инноватсионӣ-технологиро ба амал мебарорад;
- феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) – пайдарпайии блокҳо бо маълумот оид ба амалиёте, ки дар низоми иттилоотии ғайримарказии тақсимшуда бо истифода аз усулҳои криптографии ҳифзи иттилоот дар асоси алгоритмҳои ба низоми мазкур воридшуда сохта шудаанд;
- тамғаи рақамӣ (токен) – сабт дар феҳристи блокҳои муомилот ва ё низоми дигари иттилоотии тақсимшуда, ки барои тасдиқи ҳуқуқи соҳиби тамғаи рақамӣ (токен) ба объектҳои ҳуқуқи маданӣ ва (ё) ҳамчун дороии рақамӣ истифода мешавад;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
- ба қисми 1 баъд аз калимаи «ғайритиҷоратӣ» калимаҳои «(ба истиснои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)» (минбаъд - парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ) илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, мусоидат ба ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ ва ҷалби шарикони рушд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Субъекти Парк, ки дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба амал мебарорад.».
- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.
4. Дар моддаи 4:
- ба қисми 1 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;»;
- қисмҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз намудҳои парк мебошад, ки дар ҳудуди он таҳияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти барномавӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънабуда машғуланд, анҷом дода мешавад.
3. Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо дар назар доштани хусусияти фаъолияти он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ шароитҳо барои ҷорӣ намудани технологияи феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва низоми дигаре, ки ба принсипҳои тақсимшуда, ғайримарказонидашуда ва бехатарии амалиётҳои бо истифодаи онҳо анҷомдодашаванда асос ёфтаанд, ба истиснои фаъолияти истихроҷ (майнинг)-и тамғаи рақамӣ (токен), фароҳам оварда мешаванд.
5. Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ метавонад ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ (ғайрирезидент)-ро барои ба даст овардан, соҳиб шудан, ихтиёрдорӣ намудан ва анҷом додани дигар амалиёти дахлдор бо тамғаи рақамӣ (токен) пешбинӣ намояд.
6. Амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор, бозори коғазҳои қиматнок, талабот оид ба иҷозатномадиҳии фаъолияти касбӣ ва биржавии коғазҳои қиматнок ва фаъолияти дигар, баҳисобгирии муҳосибӣ, талабот оид ба гирифтани иҷозати махсус (иҷозатнома) барои анҷом додани фаъолият оид ба ҳифзи техникӣ ва ё криптографии маълумот ё дигар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ оид ба ҳифзи маълумот, тасдиқи мутобиқат, гузаштани экспертизаи давлатии таҷҳизоти техникӣ ва криптографии ҳифзи маълумот, истифодаи шабакаҳои иттилоотӣ, низом ва захираҳои қисмати миллии шабакаи компютерии ҷаҳонии Интернет, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, бақайдгирии онҳо, инчунин меъёрҳои қонунгузории маданӣ нисбат ба субъектҳои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо дар назар доштани истисноҳои ҳатмӣ ва махсусияти истифодабарии феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва низоми дигари тақсимоти иттилоот бармеоянд ва дар Низомномаи парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ пешбинӣ карда шудаанд, амалӣ мегардад.».
- қисмҳои 2-5 мувофиқан қисмҳои 7-10 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2010


Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1111   


Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023 № 432

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив