ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ» 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ» 

17 ноябр 2023, Ҷумъа
137
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290; с. 2018, № 7-8, мод. 526; с. 2019, № 4-5, мод. 225; с. 2020, № 1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар тамоми матни Қонуни мазкур калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «мӯҳлати», «мӯҳлатноки», «сӯҳбат», «кӯмакпулӣ», «кӯмакпулии», «кӯмакпулиҳо» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «Уҳдадориҳои», «уҳдадор», «муҳлати», «муҳлатноки», «суҳбат», «кумакпулӣ», «кумакпулии», «кумакпулиҳо» иваз ва пас аз калимаҳои «Мақоми ваколатдори» ва «мақоми ваколатдори» мувофиқан калимаҳои «давлатӣ дар» илова карда шаванд.
2. Моддаи 81 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 81. Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ метавонад санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ гузаронад. Қоидаҳои гузарондани санҷиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
3. Дар сархати нуҳуми моддаи 16 ва матни моддаи 31 калимаҳои «мубориза бар зидди коррупсия» ба калимаҳои «муқовимат ба коррупсия» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати дуюми моддаи 30 калимаҳои «шаҳрвандон ва шахсони» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 39 аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ  РАҲМОН 
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2011

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА 
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, № 1115

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 433

Санаи нашр: 17.11.2023 №: 229-230
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив