ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

27 март 2023, Душанбе
120
0

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7-9, мод. 709, мод. 710, мод.711, № 11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод.133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, № 12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, № 1-2, мод. 4, № 4, мод. 194, мод. 195, № 6, мод. 386, № 12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, № 1-3, мод.9, мод. 10, мод. 11) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 72:
- дар қисми 1 калимаҳои «Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд воситаи нақлиётро» ба калимаҳои «Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва кормандони Бозрасии ҳарбии автомобилӣ танҳо воситаҳои нақлиёти ҳарбиро дар ҳолатҳои зерин метавонанд» иваз карда шаванд;
- ба қисмҳои 2 ва 3 пас аз калимаҳои «бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «ё ҳарбӣ» илова карда шаванд.
2. Моддаи 132 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 132. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд) ва моддаҳои 683-6911 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазоҳои маъмурӣ аз номи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҳуқуқ доранд:
- комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 683-6911 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- сардори раёсат (шуъба, шуъбачае, ки ба ҳайати раёсати Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дохил мешаванд) ва сардорони Бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизонҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 (аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардида) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1951

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2022, № 941

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 360

Санаи нашр: 20.03.2023 №: 60-61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив