ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

28 март 2023, Сешанбе
216
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541; с. 2008, № 6, мод. 460, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88; с. 2010, № 1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, № 3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, № 11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, № 5, мод. 368; с. 2019, № 4-5, мод. 231; с. 2020, № 1, мод. 26, № 7-9, мод. 615) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
1) дар қисми 2:
- дар муқаддимаи банди 2) ва минбаъд матни модда калимаи «предмети» ба калимаи «мавзуи» иваз карда шавад;
- дар банди 3) ва минбаъд матни қонун калимаҳои «амвол» ва «амволи» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулк» ва «молу мулки» иваз карда шаванд;
2) дар қисми 6:
- дар банди 27) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 28) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«28) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ -  ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст.»;
3) дар қисми 7:
- дар сархатҳои сеюми зербандҳои а), б) ва в) банди 1) калимаи «Қӯрғонтеппа» ба калимаи «Бохтар» иваз карда шавад; 
- дар муқаддимаи банди 10) ва минбаъд матни қонун калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар банди 14) пас аз калимаи «тасдиқи» калимаҳои «уҳдадориҳо, розигиҳо ва» илова карда шаванд; 
- банди 25) хориҷ карда шавад;
- дар банди 32) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 26) - 32) мувофиқан бандҳои 25) - 31) ҳисобида шаванд;
- банди 32) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«32) барои тасдиқи дигар амалиёт - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.»;
4) қисми 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«13. Барои анҷом додани амалиёт оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар амалиёт вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
2) барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ: 
- дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
- дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
- дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи ҳафткаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
3) барои ворид намудани ислоҳот, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва вафот - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додани шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 
5) барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар - ба андози секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.».
2. Қисми 4 моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд дар хусуси фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки уҳдадории ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба зиммаашон гузошта шудааст;
2) шаҳрвандон - барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1964

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 феврали соли 2023, № 971

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 373

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив