ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ»

28 март 2023, Сешанбе
147
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз 2 январи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №1, мод. 16) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- маҳсулоти тамоку – маҳсулоте, ки пурра ё қисман аз баргҳои тамоку ва (ё) дигар қисмҳои растании тамоку ҳамчун ашёи хом тайёр карда шуда, тавре омода гардидааст, ки барои кашидан, макидан, хоидан, бӯй кардан ва усулҳои дигари истеъмолӣ истифода бурда мешавад, аз ҷумла сигаретаҳо бо дудполо (бо филтр), сигаретаҳо бе  дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигорҳо, сигарилаҳо, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, чилимтамоку, тамокуи кашиданӣ, ҳама намуди тамокуи ғайрикашиданӣ, нос ва намудҳои дигари маҳсулоти тамоку;»; 
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- истифодаи маҳсулоти тамоку – кашидани тамоку  (нафас кашидани моддаи аз сӯзондан ё гарм кардани тамоку ҳосилшуда), хоидан, бӯй кашидан, макидан ё зери забон мондани маҳсулоти тамоку, инчунин роҳҳои дигари истифодаи маҳсулоти тамоку аз рӯйи таъинот, ки вобастагии организми инсонро аз никотин ба вуҷуд оварда, ба саломатии истифодабарандагон ва (ё) шахсоне, ки маҳсулоти тамокуро истифода намебаранд, таъсири манфӣ мерасонад;»;
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- системаҳои электронии таҳвили никотин – дастгоҳ-ҳое, ки ба кашидани тамоку тавассути гармкунии маҳлул барои системаҳои электронии таҳвили никотин ва ба вуҷуд омадани аэрозол ё ҳаври нафаскашидаи истеъмолкунанда, аз ҷумла сигорҳои электронӣ ҳаммонанд, ки метавонанд мисли маҳсулоти муқаррарӣ (сигор, сигара, чубуқ, чилим, ручка, ҳомили электронии ҷудогона ва ғайра) ё маҳсулоти дигари дорои шаклу рангҳои гуногуни истифодаашон як ва ё бисёркарата бошанд;»; 
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда – намуди маҳсулоти тамокуи кашиданӣ, ки аз тамоку (омехтаи тамоку) бо илова ё бе иловаи ҷузъи таркибӣ иборат буда, барои истифода дар системаҳои гармкунии он бо роҳи нафаскашии аэрозол ё ҳавр дар натиҷаи гарм кардани тамоку ба таври электронӣ ё ба таври дигари бе раванди сӯзондани он бавуҷудомада пешбинӣ шудааст; 
- система барои гармкунии тамоку – дастгоҳи электронӣ, ки барои истифодаи маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда пешбинӣ шудааст ва аэрозол ё ҳаврро бо мақсади нафас кашидани истеъмолкунанда ҳосил мекунад, аз ҷумла ҳама гуна модда ё чизи дигаре, ки барои истифода бо дастгоҳ, новобаста ба он ки алоҳида фурӯхта мешавад ё не, тайёр карда шудааст;
- маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ  – маҳсулоти тамоку, ки барои макидан, хоидан, бӯй кашидан ва ғайра пешбинӣ шудааст;
- маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин – маҳсулоти дорои никотин ё намакҳои никотин, маҳлулҳо, моеъҳои никотинӣ ё гелҳои дорои никотин, ашёи хоми растанӣ ва (ё) иловагиҳои ғизоӣ (ба истиснои доруворӣ), ки маҳсулоти тамоку нестанд ва барои макидан, хоидан, бӯй кашидан пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла снюс ва никпэк, инчунин маҳсулоти хӯроквории табиӣ, ки таркибашон никотини аслӣ доранд,;». 
2. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин 
1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ва маҳлулҳо барои системаҳои электронии таҳвили никотин, ки дар онҳо миқдори моддаҳои зараровар аз меъёрҳои муқаррарнамудаи регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёд мебошад, манъ аст. Регламенти техникии маҳсулоти тамоку аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ҳар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамокуи дахлдор, ки барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (ба истиснои маҳсулоти тамокуи барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинигардида) тибқи регламенти техникӣ, бояд маълумоти огоҳикунандаи асосиро оид ба зарари истифодаи онҳо дошта бошад, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:
- аз матн ва акс таркиб ёфта бошад;
- дар қисмати бештари болоии рӯйи борпечи истеъмолӣ, дар ҳар ду тарафи он ва на кам аз ҳафтоду панҷ дарсади сатҳи умумии ҳар як тараф ҷойгир бошад;
- матн дар қисми поёнии тарафи пеш ҳатман ба забони давлатӣ ва дар қисми поёнии тарафи муқобил метавонад ба забонҳои дигар дарҷ шуда бошад.
3. Ангораи аксҳо ва матни маълумоти огоҳикунанда оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешаванд.
4. Маълумот барои истеъмолкунанда, ки дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку дарҷ мегардад, бояд мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи регламенти техникӣ ҷойгир карда шавад.
5. Дар ҳар як қуттии маҳсулоти тамоку, ки барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст (ба истиснои маҳсулоти тамокуи барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинигардида), бояд тамғаи аксизии намунаи муқарраршуда часпонда шуда бошад.
6. Маълумоти дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку ва  системаҳои электронии таҳвили никотин дарҷгардида набояд истилоҳот, тавсифҳо, нишонаҳо, рамзҳо ва дигар аломатҳоро, ки бавосита ё бевосита оид ба камзарар будани маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин нисбат ба дигар маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар гирад. Маълумоти дар борпечи истеъмолӣ дарҷгардида набояд чунин калимаҳо ё ибораҳо, ба мисли «дорои миқдори ками қатрон», «сабук», «хеле сабук», «камтаъсир», «экстра», «ултра» ва калимаҳои дигари монанд ба инҳоро, ҳамчунин калимаҳо, нишонаҳо ва рамзҳоеро, ки маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотинро бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ) шабоҳат медиҳанд ё бавосита ё бевосита вобаста ба таъми маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ)-ро доштани маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар гирад. 
7. Дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дарҷ намудани чунин маълумот манъ аст:
- истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин, ки хавфи пайдоиши бемориҳои вобаста ба истеъмоли онро кам мекунад;
- маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин нисбат ба маҳсулоти дигари тамоку (дигар намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин ба саломатӣ зарари камтар доранд;
- хавфи пайдо шудани бемориҳои вобаста ба истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку) ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар натиҷаи хориҷ шудани моддаи махсус ҳангоми истеъмоли он кам карда шудааст. 
8. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ ва ҳама гуна маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин (ба истиснои нос), аз ҷумла снюсҳо (маҳсулоти тамокуи бе дуд), никпэкҳо (омехтаи бе тамокуи дар таркибаш миқдори зиёди никотини сунъидошта) манъ аст.
9. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии таҳвили никотини якдафъаина истифодашаванда, манъ аст.
10. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку ба сифати ҷузъи таркибӣ (ингредиент) истифода бурдани моддаҳо мувофиқи номгӯйи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда иҷозат дода намешавад.». 
3. Моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Манъи фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин
1. Фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар дохили биноҳо, ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, низоми маориф, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.
2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин ба шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ  нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар сурати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст, ки аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯро талаб намояд. Дар сурати аз ҷониби харидор пешниҳод нагардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯ, фурӯшанда уҳдадор аст, ки ба ӯ фурӯхтани маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро рад кунад. 
3. Фурӯши сигор, сигарил, папирос ва маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, ки дар як воҳиди борпечи истеъмолӣ (қуттӣ) аз бист дона кам ё зиёд мебошанд, манъ аст.
4. Фурӯши сигор, сигарил, папирос ва маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда аз қуттиҳои кушодаи маҳсулоти тамоку ё донабайъ, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бе борпечи истеъмолӣ манъ аст. 
5. Фурӯши маҳсулоти тамоку бе тамғаи аксизии намунаи муқарраршуда, ба истиснои маҳсулоти тамоку, ки барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинӣ шудааст, манъ аст.
6. Фурӯши маҳсулоти тамоку бе дарҷ кардани огоҳӣ дар қуттии маҳсулоти тамоку дар бораи зарари истифодаи маҳсулоти тамоку, инчунин дар ҳолатҳои номутобиқатии он ба талаботи муқаррарнамудаи регламенти техникӣ манъ аст.
7. Фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
8. Истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки ба маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин монанд мебошад, манъ аст.
9. Паҳн кардани маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар байни аҳолӣ ба таври ройгон ё ба ивази ягон мол, хизматрасонӣ ва ё фурӯши он дар дохили маҷмуаи иборат аз маҳсулоти ғайритамоку манъ аст.
10. Бар ивази пардохти музди меҳнат додани тамоку, маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин манъ аст.
11. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он манъ аст. Маълумот дар бораи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин, ки барои фурӯши чакана пешкаш карда мешаванд, аз ҷониби фурӯшанда тариқи ҷой додани номгӯйи маҳсулот дар объекти тиҷоратӣ ба маълумоти харидор расонда мешавад. Матни номгӯйи маҳсулоти тамоку бо истифодаи ҳарфҳои андозаашон якхелаи ранги сиёҳ дар коғази сафед бо тартиби алифбо таҳия карда шуда, дар он бояд нархи маҳсулоти тамокуи ба фурӯш гузошташуда бе истифодаи тасвирҳои графикӣ ва аксҳо нишон дода шавад.».
4. Дар моддаи 6:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «1. Истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин манъ аст:
- дар дохили бино ва ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳангӣ,  варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ;
- дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- дар дохили бинои меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва  корхонаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бар ва ғайра), ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамоку кашидан ҷудокардашуда;
-  дар дохили ҳамаи намуди нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ;
- дар дохили бино ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамокукашӣ ҷудокардашуда;
- дар нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар онҳо кӯдакони то ҳаждаҳсола ё зани ҳомила ҳузур доранд;
- дар дохили бинои осоишгоҳҳо, ҳудуди майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ.»;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «5. Роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷойҳои махсусро барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин муайян менамоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1954


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 марти соли 2023, № 979

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами  ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 363

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив