ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР»

28 март 2023, Сешанбе
203
0

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 25 декабри соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1115; с. 2017, №7-9, мод. 578; с. 2019, №6, мод. 326; с. 2020, №1, мод. 29) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Қисми 3 моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои назоратӣ (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷишӣ буда, дар моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани назорат (назорати давлатӣ, корҳои назоратӣ) ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ аст.».
2. Дар қисми 1 моддаи 10:
- дар сархати якуми банди 1) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- ба банди 1) сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.»;
- бандҳои 2), 21) ва 25) хориҷ карда шаванд;
- дар банди 8) калимаҳои «назорати иёргирӣ» ба калимаи «молия» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷуми банди 11) аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати шашуми банди 11) хориҷ карда шавад;
- банди 15) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
- риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.»; 
- банди 23) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«23) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин ва геодезия:
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;
- назорати давлатии геодезӣ.»;
- бандҳои 3) – 26) мувофиқан бандҳои 2) – 23) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1958
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2022, № 945


Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               Рустами   ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 367

Санаи нашр: 24.03.2023 №: 62
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив