ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » Қ А Р О Р И КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р И КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

27 апрел 2023, Панҷшанбе
36
0

Дар бораи ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3
Мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3 дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3

Раиси Комиссия:
Маҳмадализода Шавкат – мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Муовини раиси комиссия:
Латиф Эраҷ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Котиби комиссия:
Саидзода Зиёдалӣ – сармутахассиси раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 
Аъзои комиссия: 
Зоирзода Дилшод – сардори бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант
Шукурова Малика – мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иловагӣ ва интернатии раёсати маорифи вилояти Хатлон 
Маҳмадализода Гулҷаҳон – муовини раиси ноҳияи Вахш 
Мусозода Шодӣ – сардори филиали Муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химиккунонӣ дар вилояти Хатлон
Мирова Рухшона – сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 
Ризозода Абдурозиқ – раиси Шурои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон 
Шамсов Шарифхон  – муовини сардори раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Қурбонзода Абдуҷаббор – раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён 
қароргоҳ – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев № 1.

Раиси Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Б. ХУДОЁРЗОДА 
            
Котиби Комиссияи марказии интихобот 
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Н. САМАДЗОДА   
ш. Душанбе, 25 апрели соли 2023, № 183

Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив