ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЙНӢ ВА ЛОҲУТӢ. САЙРЕ ДАР ОЛАМИ РАФОҚАТИ ДУ УСТОДИ ЗАБАРДАСТ

АЙНӢ ВА ЛОҲУТӢ. САЙРЕ ДАР ОЛАМИ РАФОҚАТИ ДУ УСТОДИ ЗАБАРДАСТ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
21
0


Доир ба ҳамкориҳои эҷодӣ, илмию адабӣ ва дӯстию рафоқати ду устоди забардасти адабиёту фарҳанги форсу тоҷик устодон Айнию Лоҳутӣ адабиётшиносон, муаррихон, рӯзноманигорону санъатшиносон дӯстону шогирдонашон фаровон қаламфарсоӣ кардаанд. Зоҳиран, гумон меравад, ки перомуни муносибатҳои ин ду абармарди адабу фарҳанги нимаи аввали садаи XX тоҷику форс ҳарфи ногуфтае намондааст, вале дар асл чунин нест. Хусусан, баъди он ки, Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо дар шакли нисбатан пурра номаҳои  устодони зиндаёдро дар як маҷмуаи мукаммал бо номи умумии "Садриддин Айнӣ "Мактубҳо""  (Душанбе: “Меҳроҷ граф”, 2023. 664 с.) мураттаб ва манзури хонандагон намуд.
Аз рӯйи феҳристи мураттабгардидаи “Мактубҳо” устод Айнӣ аз 20-уми июни соли 1933 (номаи аввалин) то 17-уми октябри соли 1946 (номаи охирин) ба шоири шаҳиру шӯридадил Абулқосим Лоҳутӣ 30 мактуб навиштааст. Дар навбати худ, устод Лоҳутӣ аз соли 1933 то соли 1940 (номаи охирин 7-уми ноябри соли 1940) ба устод Айнӣ 20 нома ирсол намудааст. Албатта, номаҳои ин ду чеҳраи тобноки адабу фарҳанги тоҷику форс баёнкунандаи ҷузъиёти воқеии рӯзгори онҳо ва масъалаҳои муҳими адабӣ-эҷодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Аз масоилу мавзуоти гуногуни фарогири мукотиботи ин ду чеҳраи мондагори адабу фарҳанг таваҷҷуҳи моро андешаву муҳокимарониҳои онҳо перомуни каломи бадеъ ва мухтассоти шаклию муҳтавоии он, асолати ҳунари эҷоди осори адабӣ, дарунмоясозӣ, мазмунофарӣ, суннат ва тозакорӣ, коргирии алфозу вожасозӣ, маънишикофӣ ва ғайра дар шеър бештар ба худ ҷалб намуд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки дар атрофи ҳамкориҳои самимонаю содиқона ва устодонаи ин ду адиби нотакрор, ки аз мукотиботашон бармеояд, баъзе фикру мулоҳизаҳои хешро иброз дошта бошем.
Номаҳои  доир ба каломи бадеъ иншонамудаи ин ду устоди шеъру сухани воло саршори муҳаббату самимият мебошанд. Онҳо аз ҳар як бозёфти нави якдигар бо камоли самимият ва хушнудӣ истиқбол намуда, аз ҳусну қубҳ, мазмуну муҳтаво, истифодаи ин ё он калимаву ибора баҳсҳо ба миён оварда, дар ҳақиқат истеъдоду ҳунари эҷодии  фавқулодаи ҳамдигарро сайқал додаю пурраю комил гардондаанд.
Дар аввалин номаи худ устод Айнӣ, ки 20-уми июни соли 1933 ба Абулқосим Лоҳутӣ навиштааст, ӯро “рафиқи шафиқ, шоири ҷаҳоншумули инқилобӣ” хонда, ба муносибати ҷашни 30-солагии фаъолияти адабияш табрик намуда, таъкид мекунад: “Шуморо танҳо шоири ҷаҳоншумули инқилобчӣ гуфтан кам аст. Шумо он устоди адабу санъаткори пурбаракат ҳастед, ки бо шеърҳои инқилобии оташбори худ дар димоғи ҷавонони меҳнаткаш шамъи адабиро афрӯхтед ва ҳисси шоириро бедор кардед.” Ва, ҳатто  устод Айнӣ хоксорона худро тарбиятдидаи мактаби эҷодии А. Лоҳутӣ дониста мегӯяд: “Ман мисли як нависандаи  пири тоҷик ба қатори ин ҷавонони тарбиятдидаатон худро миннатдори шумо мешуморам...”.
Дере нагузашта, соли 1935, ҷашни 30-солагии фаъолияти адабии устод Айнӣ фаро мерасад ва ба ин муносибат, Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун котиб аз номи раёсати Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ Садриддин Айниро табрик намуда, ӯро “нависандаи бузургтарини Осиёи Миёна” ном бурда, иброз доштааст: “Меҳнаткашони Осиёи Миёна дар симои Айнӣ ибтидокори насри шуроиро доранд. Аз асарҳои Айнӣ ҳазорон нависандагони ҷавони Осиёи Миёна таълим мегиранд”.
Ибтидои моҳи феврали соли 1939 бо фармони Президиуми Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ адибони ҷавони тоҷик Мирзо Турсунзода бо ордени  “Байрақи Сурхи Меҳнат”, Абдусалом  Деҳотӣ ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ бо ордени “Нишони фахрӣ” сарфароз гаштанд. Аз ин рӯйдоди фараҳбахш Абулқосим Лоҳутӣ хурсанд шуда, дар мактубаш баъди як рӯз ба устод Айнӣ чунин навиштааст: “Аз шодӣ дар пӯст намеғунҷам. Ҷавонони шоири тоҷик бо нишонҳои давлатии шуроӣ сарфароз шудаанд. Дирӯз як телегром  фиристодам ба номи худи онҳо. Имрӯз дилам ҳукм дод, ки боз ҳам онҳоро табрик кунам. Фармони дилро (мисли ҳамеша) итоат кардам. Ин шараф барои ҳамаи адибон ва адабиёти Тоҷикистон аст. Ростӣ, ки ба шодии онҳо бисёр шод ҳастам. Як нусхаи нав аз ғазали навро мефиристам”. Ин ғазал чунин аст, ки ихтисоран меорем:
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад,
Ё дил ҳунари дигар надорад?
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
Ё бар рухи ман намешавад боз,
Ё қалъаи бахт дар надорад.  

Баъдан, 1-уми марти соли 1939 Абулқосим Лоҳутӣ аз истироҳатгоҳи Иттифоқи нависандагони  Иттиҳоди  Шуравӣ –  шаҳрчаи Звенигород (наздикии Москва) ба устод Айнӣ мактуб ва ғазали навашро фиристода, дар он чунин нигоштааст: “Имрӯз барои озмоиши табъ ғазале гуфтам. Онро бо ҳамин хат ба хидмати шумо мефиристонам, назария ва танқиди шумо барои ман пурқиматанд ва мунтазири он ҳастам.” 
Он ғазале буд, ки матлааш чунин аст:
Кораш ҳама ноз аст, чунин ёр кӣ дидаст?
Нозаш ҳама бо мост, чунин кор кӣ 
дидаст?
Устод Айнӣ ба мактубҳои 18-уми феврал ва 1-уми марти соли 1939 ирсолнамудаи Абулқосим Лоҳутӣ 12-уми март як номаи ҷавобӣ (ба ибораи С. Айнӣ “як ба ду”) навишта, ба дархости муаллиф андешаю мулоҳизаҳояшро дар атрофи шеърҳои “Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад” ва “Кораш ҳама ноз аст, чунин ёр кӣ дидаст?" баён намудааст. Устод Айнӣ шеъри аввалро “шоҳғазал” ном бурда, дар бораи ғазали дуюм бошад, чунин менависад: “Ин ғазал, ки ман мислашро аз ин пеш надидаам, маро девона кард:
Ин шеъри тару тоза зад оташ ба ниҳодам,
Дар даҳр чунин оби шарарбор кӣ дидаст,
-ки ман дида бошам. Хусусан, байти севум:
Ғайр аз дили ман шери ситамкаш кӣ шунидаст,
Ҷуз чашми вай оҳуи ситамкор кӣ дидаст?
-тамоман як эъҷоз аст, ситамкашии шеърона ва ситамгарии оҳувона, ки ҳар дуи инҳо ҳам дида нашудаанд... Ин як қиёматест, ки пеш аз ин воқеъ нашудааст ва баъд аз ин воқеъ шуданаш ҳам (мисли қиёмати динӣ) мумкин нест”.
Устод Айнӣ, ки санъати шеърӣ, вазну қафияро хуб медонист мулоҳизаҳои хешро идома дода, вобаста ба байти зерин:
Чашмаш ба нигоҳи ғазаб аз ҳар тарафам тир,
Бар дил занад, ин гуна тарафдор кӣ дидаст?
мегӯяд: “Ин як мазмуни бикр аст, ки то ҳол касе тасарруф накардааст ва натавонистааст, ки тасарруф кунад. Акнун меоем бар сари матлаи:
Кораш ҳама ноз аст, чунин ёр кӣ дидаст, 
Нозаш ҳама бо мост, чунин кор кӣ дидаст.

Ин ҳам чунон тоза, чунон мазмуни нав ва чунон равон аст, ки сазовори болонишинӣ аст ва тамоман ҳақ дорад, ки дар ин ғазал матлаъ шавад”.
Баъдтар, 6-уми март Абулқосим Лоҳутӣ ба устодаш Садриддин Айнӣ мактуби кӯтоҳе навишта, хоҳиш мекунад, ки “... дар ғазали “Кораш ҳама ноз аст...” мисраи “Ҷон медиҳамаш дар ивази бӯсаву гӯяд”-ро тамоман битарошед ё сиёҳ кунед, ба ҷояш бинависед: “Ҷон дар ивази як нигаҳаш додаму гӯяд”.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки вақти навиштани ҳамин нома Абулқосим Лоҳутӣ бемор аст ва ба устод Айнӣ як ғазали тозаашро мефиристад, ки мисраъҳояш бозгӯи ҳолати зору бемориаш мебошанд:
“Беморию бедорию танҳоиву зулмат,
Куштанд маро, эй шаби ҳиҷрон, саҳарат ку?
Чи дарди сахтею оташфишон буте дорам,
Саҳар намешавад асло, аҷаб шабе дорам”.

Дар мактуби ҷавобии хеш устод Айнӣ дар васфи шеъри охирии Лоҳутӣ менависад: “Ман ҳоло дар таҳлили ғазалҳои охирӣ ва таассуроти аз инҳо гирифтаам, чизе намегӯям, фақат ҳаминро мегӯям, ки ғазали охирӣ: “Парвоз кун, эй мурғи вафо, болу парат ку?” вирди забон ва дилхоликуни ман гардид.”
Дар мактуби ҷавобӣ аз 2-юми апрели соли 1939 Абулқосим Лоҳутӣ ба устод Айнӣ ҷиҳати сутуданаш аз ду ғазали боло миннатдорӣ намудааст: “Шумо ғазали маро дар байти ширини худатон “оби шарарбор” номидаед ва бо ҳамин байт ба он “оби шарарбор” намак задаед. Ташаккур!”. 
Бамаврид аст, таъкид шавад, ки солҳои пурдаҳшати таъқиботи сиёсӣ маҳз бо ибтикору давутозҳои  бевоситаи дӯсти боэътимоду  рафиқи шафиқаш – Абулқосим Лоҳутӣ назди роҳбарияти сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ ва ниҳодҳои амниятии он ва роҳбарияти Иттифоқи нависандагон аз обрӯ ва қадру манзалати вижае бархӯрдор буд, устод Айнӣ аз туҳмату буҳтонҳои ноҳақ раҳо ёфт.
Ҳамин тавр, аз таҳлили маводи болозикр хулоса кардан мумкин аст, ки номаҳои ин ду устоди соҳибназари назм, парвардаи адабиёти навини тоҷику форс барои адибону соҳибқаламони ҷавон намунаи ибрат ва мактаби бузурги омӯзиш ва баланд бардоштани маҳорати суханофаринии онҳо шуда метавонад. Ҳамзамон, қобили зикр мебошад, ки мукотибаи ин ду чеҳраи маъруфи адабию эҷодӣ як шакли ифодаи афкори  адабию эстетикӣ буда, бешубҳа ба эҷоди адабии замони худ ва минбаъда таъсири амиқу самарабахш расондааст.

А. РОЗИҚЗОДА, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон, 
доктори илмҳои таърих

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив