ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧОР ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО: АЗ РАСТОХЕЗ ТО МОНДАГОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ЧОР ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО: АЗ РАСТОХЕЗ ТО МОНДАГОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

07 ноябр 2023, Сешанбе
233
0


(Ҳамандешӣ бо профессор С. Ятимов дар рисолаи 
“Эҳёи миллат - бақои давлат”. “Илм ва ҷомеа”, №3(33), 2023)
ДЕБОЧА
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Ҳаким Фирдавсӣ
Рисолаи донишманди дақиқназару санҷидагуфтор С. Ятимов “Эҳёи миллат - бақои давлат” ба таҳқиқу баррасии масъалаи хеле муҳимму сарнавиштсоз - эҳёи арзишҳои асолатсози миллӣ ва бақои давлати миллӣ бахшида шуда, ба сарчашмаҳои муътамади илмию дидактикӣ такя мекунад. Рисола натиҷаи омӯзиши амиқ, тадқиқоти тулонӣ, таҳлилу муқоисаи далелу воқеаҳои таърихӣ, сиёсӣ, сотсиологӣ ва фарҳангию ҳуқуқии муаллиф мебошад. Воқеан, баррасии масъалаҳои мазкур, тадбирандешӣ дар самти эҳёи миллӣ ва ҳифзи давлати миллӣ аз ҷониби бедордиле, ки хостори эҳёи асолати ориёии миллат мебошад, барои аҳли зиё мояи ифтихору сарфарозист. 
Зимнан, иқдомоти Пешвои муаззами миллат дар ростои эҳёи арзишҳои миллӣ сазовори таҳсину офарин аст. Мактаби давлатсозӣ, пайкори ҷонфидоёна дар хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, дастёбӣ ба сулҳ, эҳёи афкори миллӣ, таҳкими ваҳдат ва чандин вижагиҳои дигари ин абармарди таърих пажӯҳиши академикиро талаб мекунад. Дар ин замина, рисолаи “Эҳёи миллат - бақои давлат” аз ин гуна пажӯҳишҳои академикист, ки  дар марҳалаи ҳассостарини таърихӣ зангӯлаи бедориро бар гӯши аҳли зиё мезанад, то дар инқилоби фикрии ҷомеа ва эҳёи феномени ориёӣ қарзи илмию рисолати миллии хешро содиқона ба иҷро расонанд. Таъкиди оқилонаю дурандешонаи муаллифи рисола: “Агар ҳамасрони ҳушманди мо аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ (эҳёи фонемени ориёӣ - эҳёи миллат - А.З.) бароянд, ояндагон баъд аз ҳафтсад сол ҳам ному фидокории равандагони роҳи эҳёи миллатро дар ин шароити наздик ба хурофоти асримиёнагӣ фаромӯш нахоҳанд кард”. 
Муаллиф дақиқан масъалаи “манфиат”-ро чун категорияи сиёсию мафкуравӣ таҳқиқ карда, онро ба сифати  сарриштаи бозиҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ ва саҳнасозиҳои геополитикӣ матраҳ намудааст. Дар рисола, ҳамчунин, омилҳои таърихии зуҳури даврони Эҳёи Аврупо (асрҳои XIV-XVI) мавриди  таҳқиқ қарор дода шудааст. Дар ин замина, саҳми рӯшанфикрони асрҳои миёнаи Аврупо, ки тавонистанд  миллатҳоро аз зулми калисои католикии Рим раҳо намоянд, дақиқ нишон дода шудааст.  
Мо дар тақвияти рисолаи устод С. Ятимов “Эҳёи миллат-бақои давлат” кӯшиш менамоем чор даврони таърихии эҳёи ориёно ва сабабу омилҳои шикаст, инчунин, растохезу мондагории миллати шарифи тоҷикро бо такя ба сарчашмаҳои муътабари таърихӣ, мадракҳои бостонӣ, осори илмӣ-тадқиқотии дар ин самт таҳиягардида пешниҳоди  ҷомеа кунем. Вожаи “эҳё” ба маънои ренессанс – реформатсия – возрождение-и аврупоӣ омада, муродифи таркибҳои азнавтавлидшавӣ, азнавзиндашавӣ, растохез аст. Дар таърихи инсоният мафҳумҳои “Эҳёи Аврупо”, “Эҳёи Шарқ”, “Эҳёи арманӣ”, “Эҳёи чинӣ”, “Эҳёи Аҷам” ва чанде дигар мавҷуд аст, ки баёнгари даврони нави таърихии ин ва ё он қавму миллатҳост.

НАХУСТИН ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО
Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Зи  мушку зи анбар сиришта набуд.
Ба доду диҳиш ёфт он некӯӣ,
Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ. 
“Сарзамини поки ниёгон” (таъбири донишманди бузурги эронӣ Саид Нафисӣ) маъбади ихлосу имони мост, ки бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ дар он қад кашидаву нури хирадро ба инсоният нисор намудаанд. Ёдгориҳои даврони Моҳенҷо-Даро ва Хараппа, осори Ведоӣ (Ригведо, Яҷурведо, Самаведо), Авесто осори булуғи  хирад ва фарҳанги ориёӣ аст, ки фахри камолу нубуғ ва тобу дурахши фарри одамист.  Се кӯчиши тамаддунҳои бузурги ақвоми ориёӣ дар илми таърих ва бостоншиносӣ собит шудаву аз сарзаминҳои “Биҳишти гумшудаи ориёӣ” (Чамбули Мастон) соҳилҳои Вароруд ба шимолу ғарб, шарқу ҷануб сафар кардани ниёгонро шаҳодат медиҳад. Пажӯҳишгари муосири тоҷик Муҳтарам Ҳотам дар ганҷинаи ангоштаи хеш “Ориётоҷикон 1800 сол пеш...” дар асоси мадракҳои таърихию забоншиносӣ ва хулосаи илмии шарқшиносон, хешии забонӣ, пайванди фарҳангии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро илман исбот намуда, дар шарҳи топонимҳои ҷуғрофӣ зикр месозад, ки мо (тоҷикон) мардуми омада нестем, балки таҳҷоӣ ҳастем. Ниёгони бошарафи мо аз ин марзу  бум дар натиҷаи яхбандиҳои бузург ва бо сабаби ҳамлаҳои  қабоили кӯчӣ ба чор самти олам паҳн шудаанд. Тоҷикон меросбарони асили тамаддуни ориёӣ ҳастанд, ки дар пайкари онон хуни суғдиёну бохтариён, марғиёну хоразмиён, саккоиҳову модҳо, тотҳову тахориён ва даҳҳо ниёи хушному боиззати мо ҷорист. Азбаски гарди таърих рӯи авроқи рангини нигоштаи ниёро пӯшидаву қисмеро оташи рашку ҳасади аду сӯхтааст, танҳо аз ёдгории Ригведо ва Авесто, Бундаҳишну Ёдгори Зарирон, инчунин, Курушнома, Худойномаку Шоҳномаҳо, Махабхарата, Ромояна... пора-пора хотироти таърихро метавон дарёфт. Дар Авестои боқимонда (баъди сӯхтани Искандар) пиромуни аввалин давлатшаҳрҳои ориёӣ маълумот нокифоя аст, шояд дар “Гуштасп-наск”, “Спанд-наск” ё “Бағон-наск” ин маълумот фаровон будааст.  Пиромуни давлати Пешдодиён - аввалин “дод”-оварони таърих, ки дар сохтани пойдевори давлат, кишоварзӣ,  кашфи фулузот, шаҳрсозӣ, роҳу пул сохтан иқдом намуданд, далели қотеъ фаровон аст. Танҳо метавон таъкид кард, ки баъд аз шоҳии Каюмарсу Ҳушангу Таҳмурас даврони боландагию фараҳи ақвоми ориёӣ - даврони подшоҳии Ҷамшед буд. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ, Ҷамшед тули ҳафтсад соли шоҳӣ доду диҳиш ва осудагӣ овард. Кашфи фулузоту  дурру гуҳар, санъати киштӣ сохтану сайри манотиқи олам, дарёфти сари солу Наврӯзро ҷашн сохтани Ҷамшед дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бозтоб ёфтааст. Баъд аз Ҷамшеди хирадпарвар, ки замони донишмандӣ, хирадсолорӣ, гармӣ, тандурустӣ, бедардӣ, беранҷӣ ва бемаргӣ будааст, даврони ҷаҳолату нодонӣ ва зулмату торикии Заҳҳоки ҷоду (Беваросп) фаро мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” он ҳолати карахтию бохти моддию маънавиро чунин ба тасвир мекашад:
Ниҳон гашт ойини фарзонагон,
Пароканда шуд номи девонагон.
Ҳунар хор шуд ҷодуӣ арҷманд, 
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.     
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз.   
Бояд тазаккур дод, ки даврони эҳёи бузурги таърихӣ дар замони бостонӣ замоне фаро мерасад, ки аз насли Фаридуну Эраҷ ва Манучеҳр шоҳаншоҳи номваре ба исми Куруши Кабир ба майдони давлатдорӣ ворид мегардад. Куруши Кабир тавассути барномарезиҳои сиёсию давлатӣ тавонист дар таърихи насли башар табаддулоти бузурги фарҳангию сиёсӣ, иҷтимоию ҳуқуқиро роҳандозӣ намояд. Куруш бо Устувона (Маншур)-и худ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳияву амалӣ намуд, Шарқу Ғарбро ба ҳам овард, озодӣ дар эътиқод, ҷойи зист, баробарҳуқуқии ақвоми мухталифро таъмин сохт. Ибтикороту ташаббусоти шахсии Куруши Кабирро дар ростои давлатдорӣ ва рушди низоми сиёсию иҷтимоию маданӣ таърихнигори Юнони Қадим Ксенофонт дар рисолаи “Курушнома”-и худ таъкид кардааст: “Куруш бо роҳи адлу дод империяи аввалин дар ҷаҳонро ташкил намуд, ки ҳудудҳои он аз сарҳади Ҳинду Чин оғоз ёфта, то каронаҳои баҳри Миёназамин, шимоли Ҳабашистон (Африқо) доман густурда буд.  Империяи таъсисдодаи Куруши Кабир, мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони Қадим, чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан – Порсу  Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят (сатрапӣ) муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам - Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда будааст” (ниг.: Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. китоби 3. С.27). Шукӯҳу шаҳомати империяи Ҳахоманишиён даврони шоҳаншоҳии Дориюши Бузург буд, зеро ӯ на танҳо тамоми қавму қабилаҳои ориёиро муттаҳид сохт, балки дарғоти бузурге дар Африқо биканд (канали Суэтс) ва бо флоти ҷангияш, рақиби деринааш давлати Юнони Қадимро ба зону биншонд. Бадбахтона, дар натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ пояҳои давлат дар даврони охирин намояндагони ин хонадони бузург ноустувор гардид. Искандар давлати Ҳахоманиширо шикаст дод ва аз рашку ҳасад на танҳо китоби муқаддаси зардуштиён Авесторо сӯхт, балки мубадони зардуштиро бикушту оташкадаҳоро вайрон сохт. Таърих гувоҳ аст, ки мардони боғурури суғдиву бохтарӣ, марвиву саккоӣ мақдуниёни ғосибро бо зӯри бозуву шамшер ва ҳам бо зӯри хиради зотии хеш нотавон сохтанд. Искандар, ки бо ҳирсу тамаъ барои зарру зевари оташкадаи Навбаҳори Балх аз паси корвони мубадони зардуштӣ то ба Ҳинд рафт, бо сеҳри муғон (магия) нокому талхамарг шуд. Муҳаққиқи тамаддуни эллинӣ В.Тарн ҳақ аст, ки нигоштааст: “Шарқ фотеҳи худро асир намуд” (ниг.: “Тамаддуни эллинӣ”. С.309). Оташи ҷовидонаи хиради ориёӣ дар рушди тамаддуни юнону бохтарӣ, ки бо номи эллинӣ машҳур аст, хеле мондагору ифтихорист, зеро ниёгони хушноми мо тавонистанд бо парчами хираду ҳунари хеш пирӯзии маънавиро алайҳи ғосибон боло намоянд. Шуриши Аршак ва авлодони ӯ барои истиқлол хело бузург буд ва давлати Ашкониён заминагузор барои давраи нави растохези Ориёно гардид. 

ДУВУМИН ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО
“Пештар, замоне, ки Канишка (машҳуртарин шоҳи Кушониён) подшоҳӣ мекард, шуҳрати вай дар давлатҳои ҳамсоя паҳн шуд ва иқтидори ҳарбии ӯро ҳама эътироф менамуданд. Шоҳзодагоне, ки дар кишварҳои ғарбтари Хитой буданд, ба Канишка итоат доштанд ва ба ин подшоҳ гаравиҳои худро мефиристонданд”.
Сюан-Сзан, таърихнигори чинӣ 

Баъд аз парокандагию шикасти сиёсии дусадсола, ақвоми ориёӣ тавонистанд занҷири зулму истибдоди юнониёну мақдуниёнро бишкананд. Агар зангӯлаи бедориро давлати Ашкониён (Аршакиён) дар Бохтару Фарғонаву Марв навохта бошад, шоҳаншоҳони Кушониён, бахусус Канишкаи Бузург тавонист, вусъати давлаташро дар Вароруду Хуросон, шимоли Ҳинд, ғарби Чин густариш дода, то каронаҳои дарёи Хазар бибарад. Даврони дуюми эҳёи ориёно ба шоҳаншоҳону вазирони асилзодаи давлати Сосониён марбут аст, зеро Ардашери Бобакони Сосонӣ ва ворисони ӯ – Шопури I (242-272), Шопури II (309-379), Яздигурди I (399-420), Хусрави I Анушервон, Баҳроми Гӯр (420-437) ва чанд озодазодаи ориёии дигар тавонистанд қадами шуми мақдуниёнро аз ин сарзаминҳои биҳиштӣ бирӯбанд ва оташ дар оташкадаҳо афрӯзанду пора-пора Авасторо гирдоварӣ намоянд. Ташкили китобхонаи бузурги шоҳии “Гунди Шопургон” аз тарафи Шопури II-и Сосонӣ ва гирдоварии “Занд Авасто” бо ибтикороти мубад Атурпата Меҳраспандан, эҳёву зиндагардонии анъанаҳои ҷовидонаи оини Зардуштӣ иқдоми  бузурге дар омехташавии ақвоми ориёӣ буд. Даврони боландагиву рифоҳи зиёда аз 400-солаи давлати Сосониён (420 ё 424 - 651)  дар густариши фарҳанг, забон, санъат ва мусиқиву ҳунари наҷибзодагони ориёӣ ҳалқаи заррини таърихи ниёгони баномуси мост. Арзишмандтарин хидмати таърихии шоҳаншоҳонӣ Сосонӣ дар он аст, ки барои омезиши этникии ақвоми парокандаи ориёӣ талош намуда, бохтариён, порсҳо, суғдиён, гуннҳо (Кидориён), йуҷиҳо (Кушониён), хиёниёну авсанҳо, гелониҳо, хунҳо (Ҳайтолиён), тоту тахориҳо ва чандин қавму қабилаҳои ориёии дигарро муттаҳиду зери итоати як императорӣ оварданд. Ин марҳалаи муҳимтарини шаклгирӣ ва ташаккули феномени ориёӣ буд, ки асоси пайванду эҳё, зиндагардонии фарҳангу тамаддун, дину оин, расму русуми мардумӣ, иду ҷашн, урфу одат, анъанаву таомули наҷибзодагонро мукаммал, ҳамагонӣ ва мондагор сохт. Хидмати ҳакимону мубадон, муғон, коҳинону донишварони аҳди Сосониён дар маърифату санъати идоракунии давлат, ташкили сатрапиҳо, девондорӣ дар идоракунии давлат, назорати роҳҳои корвонгузар, савдову бозоргонии минтақавию ҷаҳонӣ, рушди санъати мусиқӣ, меъморӣ, омӯзиши илм, гирдоварии аҳли хирад ва ҳунар дар марказҳои маъмурӣ хело бузург аст. Ф. Энгелс санъати давлатсолории Шопури II, Баҳроми Гӯр, Хусрави Анушервон ва чанд шоҳаншаҳони Сосониёнро омӯхта, онро “Подшоҳии ботартиб” номида буд, ки бесабаб нест. Зеро, ба қавли шарқшиноси бузург Ричард Фрай,  Нӯшервони Одил тавонист бо румиён (Византия) қарордоди сулҳи 50-сола, бо шуайбиёни бадавӣ (арабҳо) аҳдномаи бехатарӣ дар роҳҳои корвонгузарро баста, дар ҳудуди Албурз (кӯҳҳои Кавказ) девори бузурги Дарбандро, то дарёи Хазар (баҳри Каспий) бисохт, баҳри пешгирии воридшавии туркони кӯчманчии яғмогар ва ҳифзи шарқии империяи Сосониён, то Ваҳрӯду (Окс-Амударё) Бохтар аз вуруди тибетиёну хоқони Чин тадбирҳои судманд андешид. 
“Шоҳроҳи бузурги абрешим”, агар дар замони империяи Ҳахоманишиён танҳо шакл гирифтаву дар масофаи байни шаҳрҳои бузург назорат мегашт, дар даврони салтанати Сосониён аз нав эҳё гардида, обод, бехатар, сершоха ва пайвандгари фарҳанги Чину Ҳинд, Суғду Бохтар, Хоразму Марв, Ҳариву Сор, Мадоину Нишопур бо Бобулу Ошӯр, Ҳалабу Миср, Руму Юнон шуд. Дину оини Зардушт аз нав эҳё гардид, такягоҳу пуштибони сиёсӣ ёфт ва чароғи илму ирфонро дар мағзҳои озодагон биафрӯхт. Зардуштия дини давлатии Сосониён буд ва Ардашери I ҳикмати: “Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт”- ро ба хотири дину оини миллӣ бигуфт, зеро бо таъсири дини насрония, буддоия, мазҳабу оини бегонагон ихтилофоти ақидатӣ метавонист, парокандагию вайронии мулкро ба миён оварад. Оқибат каждуми бегонагӣ заҳре бар пайкари ориён зад ва ин шикасти фоҷиабори ориён тули таърихи 1400 сол аст, ки то ҳанӯз мағзҳо хӯрдаву моро зи хеш бегона, душмани ҳамдигару бунёдсӯзи хештан сохтааст. Метавон 200 соли сукут (асрҳои VII-VIII), маҳрумӣ, ғуломӣ, мағзшусташавӣ ва маҳрумиятҳоро, ки хотироти миллатро аз сафҳаи ҳаёту таърих бо зӯрӣ пок намуданд, аз нав ба шарофати истиқлол бозомӯзӣ намуду эҳё сохт. 

СЕЮМИН ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО
“Дар таърихи ҳар халқ, хоҳ ӯ зодаи аҳди қадим бошад ва хоҳ аҳди ҷадид - ногузир рӯзе фаро мерасад, ки ағлаби рӯшанфикронаш хоҳанд пурсид: – мо кистем, кай ва дар куҷо ташаккул ёфтаем, чӣ роҳеро дар таърих тай кардаему минбаъд кадом ҷониб рафтанием”. 
(Табарӣ Муҳаммад Ҷарир. Таърихи Табарӣ. – Душанбе, 1992. С. 7)

Даврони сеюми эҳёи ориёно, пас аз шикасти давлати Сосониён, ки наздики 500 сол дар таърих ҷойгоҳи хосса дошт, оғоз мешавад. Чуноне зикр шуд, вуруди қавму қабоили аз замони ҷоҳилият бархостаи арабҳои бадавӣ, ба сарзаминҳои биҳиштии Эронзамин, Хуросону Вароруд чархи рушду камоли илму хирад, санъату ҳунарро боздошт. Тули зиёда аз 200 сол зери парчами дини ислом истилогарон ба куштору ғорат, вайрониву сӯхтан ва тороҷу яғмои мардумони мо машғул буданд. Охирин шоҳи Сосониён Яздигурди III баъди 10 соли фирору оворагӣ натавонист, лашкаре гирд оварад ва дар соли 651 дар  Марв кушта шуд. Пайравони ҷараёни  озодихоҳону ватандорон Шуубия аввалин такон ва ҷунбишҳои мардумӣ буданд. Агар оғози муборизаҳои мардумиро аз маликзодаи Хатлон Сабол ба ҳисоб гирем, эътирози ашрофзодагони Бухороӣ, Ғураки Самарқандӣ, Тархун, Деваштич, Яъқуби Лайси Саффор, Абумуслими Хуросонӣ, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин ва садҳо шермардони ориёӣ, заминаи пайдоиши давлатҳои миллии озодазодагон баъди истилои араб гардид. Давлати бо хуни дилу талоши озодихоҳона ташкилнамудаи ҳокими Фушанҷи вилояти Ҳирот Тоҳир ибни Ҳусайн бо номи Тоҳириён (821-873), давлати бо зӯри бозуву неруи бузурги ватандорӣ сохтаи Яқуб ва Амр ибни Лайси Саффор бо номи Саффориён (873-903) парчами аввалини даврони нави эҳёро афрӯхта буданд. 
Даврони сеюми эҳёи ориёно тулонитар аст. Хидмати ҳакимону донишмандони бузурги ориёӣ дар он аст, ки бо зӯри қалам ва заковати ирсии хеш тавонистанд, дар зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии миллат, тарҷума ва нигоҳдошти осори илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангию ҳунарии ориёӣ ба забони ғосибони бақудратрасида ҷоннисорӣ намоянд. “Манфиат”-и миллат ва аҷдоди хешро бо нӯги қалам ҳимояву ҳифз намоянд. Ҷонфидоии дабирони халифа Ҳорунаррашид, Холид ва Яҳёи Бармакии тоҷик ва аҳли хонадони онон дар нигоҳдошти Балхи ҳазоршаҳр аз қатли оми сартосарӣ бо нигоштани як хат ба волии Хуросон, фазилати адабию фарҳангии вазирону ҳоҷибони бузурги  хонадони Сомониён (875-999) чун авлодони Абулфазли Балъамӣ, Аҳмади Ҷайҳонӣ, Абулҳасани Утбӣ, Масъабӣ дар гирдоварии доиратулмаорифи порсизабонон сарсилсилаи ин эҳёгарист. Пуштибонии сиёсӣ ёфтани аҳли илму маориф, махсусан дар даврони салтанати асосгузори қонунии давлати мустақили тоҷиконаи Сомониён амир Исмоили Сомонӣ (874-907) шоҳроҳи афкори озодихоҳонаи ориёзодагонро боз намуд. Илм, адабиёт, санъат, ҳунармандӣ аз фишори афкори ҷоҳилияти арабӣ, ки ғайр аз Қуръон китобу таълимоти дигарро рад мекарду ба куфр фатво медод,  озод намуд. Истиқлол дар андеша инқилоби илмӣ-фарҳангиро падид овард. Исмоили Сомонӣ бо ғурури тоҷикона, мақоми забони порсӣ-дарӣ-тоҷикиро, ки хоси озодагон буд, чун забони расмии давлатдорӣ ба курсии давлатӣ расонд. 
 “Даврони заррин” ё “Асри тиллоӣ” ном ниҳодани замони салтанати Сомониён дар таърихи тамаддуни Шарқ беҳуда нест, зеро устод Рӯдакӣ бо ифтихор: “Имрӯз ба ҳар ҳол Бағдод Бухорост” гуфтаву Дақиқӣ: “Бархезу барафрӯз, ҳало, қиблаи Зардушт!” хитоб кардаву Ҳаким Фирдавсӣ “...Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” ва Носири Хусрав: “Ман онам, ки бар пойи хукон нарезам, Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро” бо ғурури ватандӯстдорӣ сурудаанд, ки зангӯлаи бедорӣ ва табли растагорӣ будӣ. Ташкили китобхонаи шоҳии “Савонеҳ-ул-ҳикматайн” (Ганҷи ҳикмат) дар пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухоро ва сохтани мадрасаву мактабҳо дар шаҳрҳои калонтарини Вароруду Хуросон бо ташаббуси вазирони донишманди Сомониён шуълаҳои илмро афрӯхта, инқилоби илмӣ- фарҳангиро дар тамоми Шарқ ба вуҷуд овард. Мутобиқи ахбори “Ятимат-уд-даҳр”-и Саолибӣ, замони Сомониён 119 нафар шоиру донишмандони тоҷик бо забони арабӣ шеър эҷод намудаву асарҳои илмӣ навиштаанд, то нуфузи озодагонро дар хилофати арабӣ чун ашрофзодагону озодагон нигоҳ доранд.  Хидмати Ибн ал-Муқаффаъ (Рӯзбеҳ 721-757), Ибни Хурдодбеҳ (820-912) дар тарҷумаи осори паҳлавӣ ба арабӣ, Ҷарири Табарӣ (вафот 923) дар баёни таърихи пешазисломии тоҷикон, Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар посдорӣ ва эҳёи таърихи шоҳаншоҳии Ориён ва иду ҷашн, солшуморию андешаву эътиқодоти ориёӣ, Ибни Сино (980-1037) дар баёни ҷаҳони андеша ва афкори даҳриёнаву ҳақиқатнигоронаи озодазодагон ва осору афкори садҳо ҳакимону донишмандони илму адаби тоҷик баҳри растохези озодию истиқлоли миллат мондагору бузург аст. 
Сиёсатшиноси варзида С. Ятимов дар баёни даврони Эҳёи Аврупо зикр менамояд: “Даврони Эҳёи Аврупо (асрҳои XIV-XVI) яке аз бузургтарин воқеаҳои таърихӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти инсоният буд”. Дарвоқеъ, даврони Эҳё Аврупоро аз чанголи калисои католикӣ берун кашид, аз фақру нодонӣ, ҷаҳлу ҷаҳолат, тарсу ваҳм раҳо кард ва ба рушду рифоҳ, озодию ободӣ овард. Яке аз сабабҳои чунин такони бузург, албатта,  ин кӯчиши фарҳангу тамаддуни шарқӣ-ориётоҷикона ба сӯи Рум (Византия), Андалусияи Испания, Фаронсаю Италия, сипас ба Англия ва Олмон буд. 

ЧОРУМИН ДАВРОНИ ЭҲЁИ ОРИЁНО
“Миллати тоҷик дар шароити навини таърихӣ, бо таҷрибаи шашҳазорсола, барои муваффақона паси сар кардани Даврони Эҳё, ки оғози он эълом гардид, тамоми шароит-решаҳои тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва генетикиро дорад. Фақат онро роҳандозии ҳарчи зудтар ва роҳнамоии тахассусмандона бояд”. 
С. Ятимов, профессор, 
“Эҳёи давлат - бақои миллат” 
Оғози садаи XX дар саргаҳи ҳаракати эҳёии даврони шуравӣ абармардоне чун устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳои дигар ҷон сари каф дар талошу пайкор буданд ва барои бедорӣ, худогоҳӣ, истиқлолу озодии миллат фидокорӣ намуданд. (Эмомалӣ Раҳмон: аз Эҳёи Миллат то Бақои Давлат).
Хушбахтона, баъд аз ҳазор соли маҳрумият, хуршеди адолат бар сари миллати шарифи тоҷик битофт. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд. Аммо, чи тавре ки солҳои 20-ум ва 30-юми асри XX дар даврони тақсимоту ҳалли масъалаи ҳаёту мамот душманони дохилию хориҷӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии тоҷиккушро ташкил ва тоҷикро бехонаву дар намуда буданд, дар оғози даврони истиқлол он қувваҳои манфури зиддитоҷикӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил ва хонаи тоҷикро оташ заданд. Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олӣ ва бар сари қудрати сиёсӣ омадани Пешвои миллат бар арши баланд расидани тоҷикон буд. 
Ин як имкони дигар, як шонси таърихӣ буд. Ба таъкиди ҳақиқатнигоронаи сиёсатшинос С.Ятимов, “Фаромӯш намекунем, ки дар мавриди амали нек таърих доимо фурсат, шонси кӯтоҳ мегузорад. Эҳёи миллатро Пешвои муаззами миллат ҳамчун Ҳаракати умумимиллӣ эълон кардааст”. Пайкори пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи зина ба зина ба самти худогоҳию хештаншиносӣ, шинохти таърих, дарёфти чеҳраҳои мондагору таърихсози миллат бурдану зиндасозии номҳои таърихии шаҳру деҳ, кӯҳу рӯд, бедорсозии ҳувият ва ғурури миллӣ эҳёгарист дар пайкарасозии миллат. Аз қабули Парчаму Нишони давлатӣ бо тарҳу рангу фалсафаи ориёӣ, то Суруди миллие чун ниёиши фуруҳарҳо ба маъбади Аҳуроӣ, сароғоз эҳёгарист. Хушбахтона, бо тадбири сиёсӣ, хиради меросӣ, заковату дурандешии ҳакимона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд  оташи ҷангро хомӯш намоянд. Ин тадбир дарси беназир ва бесобиқаест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он истифода менамояд.   
Бузургтарин сабки мафкурасозии миллӣ дар сиёсати давлатсозии Пешвои миллат ин эҳёи номҳои таърихии Суғд, Хатлон, Бохтар, Хуросон, Кӯшониён, Қубодиён, Истаравшан, Рашт, бо номи қаҳрамонон ва абармардони фарҳангу адаб Спитамен, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, устод Айнӣ,  Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода номгузории шаҳру ноҳия, шаҳраку маҳалла, хиёбону кӯчаҳо мебошад, ки таҳрикдиҳандаи шуури миллӣ ва дарку эҳсоси ҳувиятталабию шахсиятсозист. Ин дарси беназири сиёсӣ – тарбиявӣ дар сохтмони пайкараи шаҳрванди масъул ва дорои хостаҳои миллист, ки муҳимтарин рукни истиқлол ва таҳкимбахши ускунаи бақои давлати миллӣ мебошад. Ба ин тартиб, дар соли 2000-ум ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси  Авасто  ва шинохти аҳкоми умумиинсонии таълимоти Зардушти Спитамон қадамҳои нахустини шинохти асолати тамаддуни тоисломии миллати тоҷик ва рӯй овардан ба таърихи фарҳангу тамаддуни оламгири ориёӣ буд. 
Пешвои муаззами миллат рисолати бузурги эҳёгариро чун Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Исмоили Сомонӣ ва соири ниёкони давлатсолор дар ташкили ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоъ, рифоъ ва ризояти мардумон пайгирӣ намуда, дар ин замина иқдомоти наҷибонаро рӯйи кор гирифтанд. Сохт-мони шоҳроҳи автомобилгарди Мурғоб – Кулма – Қароқурум  (1998), сипас пайвастани он ба шоҳроҳи байналмилалии Хоруғ – Хатлон – Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ин масир сохтани нақбҳои “Истиқлол” (23.03.2006), “Озодӣ” (30.08.2009), “Шаҳристон” (10.12.2012) ва зиёда аз ҳафт шаҳпули пайвандгар аз рӯйи дарёи Панҷ ба Афғонистон, ибтикороти тарҳҳои сохтмони роҳи оҳани Чин, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон аз ин силсила иқдомоти пайвандгарона аст. Сазовору мутантан ҷашн гирифтани 2500-солагии шаҳрҳои бостонии Истаравшан (Киропол-Курушкада, соли 2002), 2700-солагии Ҳулбук (Кӯлоб, соли 2005), 3000-солагии Ҳисор (Шумон-Шодмон, соли 2015), 5500-солагии Саразм (Варғусар, соли 2020), 2500-солагии Тахти Сангин (Қубодиён, соли 2023) нишон ва тасдиқи шаҳрнишину дорои фарҳанги шаҳрофар будани тоҷик аст. Ин бузургтарин дарси хештаншиносист, ки миллатро ба сӯйи музаффариятҳо раҳнамун месозад. Ҷасорати сиёсӣ ва ифтихороти миллии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 эълон ва ҷашн гирифтани Соли байналмилалиии “Саҳми Тамаддуни Ориёӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ” гардиши куллӣ дар афкори сиёсӣ ва фарҳангии на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ва ҷаҳон гардид. 
Панҷ ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз номи Тоҷикистони азиз дар масъалаи ҳифзи об ва сарчашмаҳои обӣ, инчунин, пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ва қабул гардидани онҳо аз тарафи Маҷмаи умумии СММ фурӯғи фарри ориёист, ки аз фалсафаи Авасто ва олиҳаи зебоиву об, Адвисура-Анаҳито маншаъ мегирад. 
Эҳёи чаҳоруми тоҷик дар марҳалаи талоши “манфиат”-и абарқудратҳо масъалаи муҳим ва ҳаёту мамот аст. Таърих фурсати зиёд намедиҳад.  Ҳар нафас қимати пайкори асреро дорад дар ин даврони рушди босуръати илмӣ-технологӣ. Пас, тоҷикро зарур аст, то дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳушёру зирак, дар талошу дар такопӯй бошад, то бақои давлат ва марзу буми меросиро ҳифзу соҳибӣ карда тавонад. 

БА ҶОИ ОХИРСУХАН
Миллати шарифи тоҷик мушаххасоти ҳувиятӣ, ахлоқӣ ва инсонии ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз Ҳерододу Ксенофонти юнонӣ оғоз намуда, Табарию Мирхонд, Дидрову Жан Жак Руссо, Томас Ҷеферсону Бенҷомин Франклин, Монт Сюарт Элфинстон, А.П.Шишов, Ричард Фрай, Мери Бойс ва чандин пажӯҳандагони дигар бо ҳусни эҳтирому ихлос зикр намудаанд.  Эҳёи феномени ориёӣ - ягона василаи ин растагорист!  Зеро, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки дин дасти қудратҳои ҷаҳонӣ, доми манфиатҷӯён гардидааст, наметавонад, ягон давлату қудрати беҳувияти миллӣ дар амону пойдор бимонад.  Ин хатар бар сари давлати ормонии тоҷик зиёд аст, зеро бедонишӣ, огоҳ набудан аз таърихи миллат, бегонапарастӣ, бо мафкураи хурофотӣ зистан, догмаҳо - қолибҳои шахшудамондаи диниро аз арзишҳои фарҳанги миллӣ боло гузоштан, дар давлати дунявӣ бо мафкураи асримиёнагӣ ва замони ҷоҳилият зистан, ифротӣ гардидани иддае аз беҳувиятон боиси нигаронӣ ва растохези ақл, хирад, асолати ориёисту даъват бар муттаҳидӣ дар сафи  Пешвои  миллат мебошад, зеро таърих собит кардааст, ки 1400 сол инҷониб мулло, ки  ҷойгоҳи ӯ дар муҳити иҷтимоии тоҷик хело бузург будаву ҳаст, чун хидматгузори дин ба тақдири миллат бетафовут аст. Агар тоҷик ҳам мисли англис бо шиори “Худо ва ҳаққу ҳуқуқи англис” зиндагӣ мекард, чандин аср  мағзбохта бо афкори ғосибон намезист. Шинохти таърих, дарси ибрат гирифтан аст, ба он чоҳе, ки замоне афтодаем, дубора наафтодан аст! 
Эҳёи миллӣ бо ибрати шахсӣ ва дурбинии Пешвои муаззами миллат зарурати таърихиву тақозои миллист ва бояд ба ҳаракати умумимиллӣ  табдил биёбад. Шукронаи истиқлол, ки тоҷик зери парчами баланди миллӣ дар ҷаҳон соҳибному соҳибмақом аст, озод асту соҳибватан ва Тоҷикистони азиз хонаи умеду орзуи ориёзодагон, тоҷикону порсизабонони дунёст. Пас, рисолати аҳли зиёи ростин, рӯшанфикрони асилзода, тоҷикони боғурур, меросбарони Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Ардашери Бобакон, Исмоили Сомонӣ, Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Темурмалик, Восеъ, Фирдавсию Сино, Донишу Айнӣ  ва ҳазорон ниёи хушноми озодихоҳу озода он аст, ки машъалафрӯзи ҷаҳони хирад, дониш, заковати тоҷик бошад, эҳёи ҳувияти миллатро бинмуда, баҳри бақою пойдорӣ ва то ба ҷовидонагӣ расондани фарру шукӯҳи давлати тоҷикон ҷонфидо бошад. Ба қавли Иқбол:
Ҳар кӣ дар қаъри мазаллат мондааст,
Нотавониро қаноат хондааст.
Бо тавоноӣ садоқат ҳамдам аст,
Гар худ огоҳӣ, ҳамин ҷоми Ҷам аст.  
Бандаи озодро ояд гарон, 
Зистан андар ҷаҳони дигарон.

Аминҷон ЗАРИФӢ, устоди МДТ “Коллеҷи политехникӣ”-и ноҳияи Зафаробод

Санаи нашр: 07.11.2023 №: 218-219
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив