МУҲИТИ ЗИСТ. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО БАРНОМАИ СММ
Дар меҳмонхонаи «Hilton»-и пойтахт, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳифзи муҳити зист мизи мудаввар доир гардида, дар он намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Зимни мизи мудаввар масъалаҳои баланд бардоштани савияи дониши экологии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он баррасӣ гардиданд. Татбиқи барномаҳои солҳо инҷониб қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд. Гулрухсор Тиллоӣ, сардори маркази экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз масъалаи муҳими ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд барои ҳифзи он, ҳамчунин, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ масъул мебошад, зеро аксари ҳолатҳои номатлуби экологӣ аз таъсири ҳолатҳои антропогенӣ ва дахолати инсон ба табиат сар мезанад. Аз ин лиҳоз, ба татбиқи босамари барномаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, тавассути онҳо аксаран аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ фаъол гашта, бо дарки муҳимияти ин масъалаҳо дар баробари мақомоти давлатӣ ширкат меварзад. Махсусан, дар раванди таълими насли наврас дар сатҳҳои гуногун, аз боғча то мактаб ва макотиби олӣ барномаҳои экологӣ такмил дода шуда, фанҳои экологӣ омӯзонда мешаванд. Татбиқи барномаҳо дар ташаккул ва тарбияи маърифати экологии аҳолӣ саҳми амиқ мегузоранд.
Гуфта шуд, ки дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ дар бахши сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба дар татбиқи сиёсати миллӣ ва байналмилалии ҳифзи муҳити зист нақши созгор дорад.
Ҷамил Аҳмад, роҳбари департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP), дар навбати худ, чунин изҳор дошт:
– Баланд бароштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист яке аз ҳадафҳои ташкилоти мо ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт бо ҷомеаи Тоҷикистон, хусусан бахши ҷавонон бо фарогири донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусию молиявӣ, ҳамчунин, воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ниҳоди пешбарандаи ҳифзи муҳити зист дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад. Буҷети ниҳоди мазкур аз ҳисоби саҳми кишварҳои узви СММ буда, ба Ассамблеяи генералии СММ ҳисобот медиҳад. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор тавонист масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла ҳифзи манбаъҳои об – пиряхҳоро, ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад. UNEP дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви СММ барои татбиқи чунин ҳадафҳои экологӣ ёрӣ мерасонад, дар масъалаи танзими истифодаи маводҳои пластикӣ низ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва дар ин самт созишнома қабул гардидааст.
Зимни мизи мудаввар, ҳамчунин, маблағгузории соҳаи экология баррасӣ гардида, гуфта шуд, ки бо сабаби норасоии маблағ таҳия ва ташаккул додани ҳадафҳо ғайриимкон мешавад. Дар ин самт зарур аст, ки кишварҳои рушдкарда ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ёрӣ расонанд.
– Мо бояд барои дастрасӣ ба маблағҳо имконият фароҳам оварем ва сохтори ниҳодҳои маблағгузорро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти беҳтар ба роҳ монанд, – гуфт Ҷамил Аҳмад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)