ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСОРНОМАИ ИЛМИ ТОҶИКШИНОСӢ НЕСТ. ЧАРО?

ОСОРНОМАИ ИЛМИ ТОҶИКШИНОСӢ НЕСТ. ЧАРО?

29 декабр 2023, Ҷумъа
60
0


Ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду ба қадрашон нарасад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ифодаи «тоҷикшиносӣ», ки имрӯзҳо ҳамчун илми алоҳида шинохта мешавад, ҳанӯз 215 сол қабл тавассути мақолаи «Тоҷикон» (аз маҷмуаи “Гузориши салтанати Кобул”, соли 1808)-и дипломат ва сиёсатмадори Британияи Кабир Маунтстюарт Элфинстон  маълум гардид. То дарёфти он гумон мерафт, ки аввалин матлаби хориҷиён оид ба ин мавзуъ асари ҳамноми афсари рус Афанасий Гребёнкин (1872) аст. Аммо ин даъворо мақолаи мазкур ботил сохт.
Баъдтар, китоби А. Шишов “Таджики” (Тошканд, 1910), В. В. Бартолд “Таджики” (1925), Н. А. Кисляков “Таджики” (Маскав, 1960) ва ниҳоят соли 1972 асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна" рӯи чоп омад ва кохи бузурги тоҷикшиносӣ дари худро ба рӯи ҷаҳониён боз кард.
Бо вуҷуди чунин таърихи бошукӯҳу тулонӣ ва доштани осори бешуморе дар ин илм ҳанӯз ҳам осорномаи (библиография, китобнома, феҳристи адабиёт) тоҷикшиносӣ надорем, ки ҷои дареғ аст.
Тасаввур кунед, агар пажӯҳишгари таърих (ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар) барои пайдо намудани таҳқиқоту таълифот дар бораи номвожаҳои “тоҷ”, “тоҷик”, “тоҷикон”, “тоҷикӣ”, “забони тоҷикӣ”, “тоҷикона” ва “Тоҷикистон” кӯшиш кунад, мутаассифона, ҳеҷ сарчашмаи мукаммале нахоҳад ёфт, то ба дардаш бихурад. 
Дар ҳоле ки Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар доир ба таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ супориш доданд, барои довталабони ин ҷоиза ҳастии китобномаи “Тоҷикшиносӣ” айни муддаост.
Аҳли фазл медонанд, ки дар пажӯҳиши қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, на танҳо китобу асарҳои алоҳида, балки ҳазорон катиба, мақола, очерк ва амсоли инҳо дигар сарчашмаҳо мавҷуданд, ки дар як осорнома фароҳам сохтанашон, бешубҳа, мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Аз замоне ки илми шарқшиносӣ дар Русия ва Аврупо ташаккул ёфт, бостоншиносон, таърихнигорон, адибону дипломатҳо, гардишгарон ва рӯзноманигорони хориҷӣ асару мақолаҳои зиёде навиштаанд, ки он ҳамаро бидуни тарҷума танҳо ба як ҷо гирд овардан, кори аввалиндараҷа аст. Ҳол он ки тарҷума, тавзеҳ, тафсир ва нақди онҳо боз як кори азиму бепоёнест.
Вақте доир ба ин масъала аз директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насрулло Убайдулло Каримзода пурсидем, ӯ чунин иброз дошт: “Не, мутаассифона, ҳанӯз осорномаи илми тоҷикшиносӣ мураттаб нест”.
Бояд гуфт, ки ин олими варзида бо фароҳам овардани китоби “Андар шинохти тоҷикон” иқдоми шоистае дар тоҷикшиносӣ анҷом дод ва баъзе асару мақолаҳои алоҳидаро, ки таҳти унвони “Тоҷикон” ба забони русӣ чоп шудаанд, ба тоҷикӣ тарҷума намуд, аммо он ҳама оғози коранд.
Бо вуҷуди он ки, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳои хеш пайваста аз таъриху тамаддун мегӯянду бо чопу тақдими китоби безаволи “Тоҷикон”, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” роҳро барои корҳои дигари таҳқиқӣ дар ин самт равшан кардаанд, чаро то ҳанӯз осорномаи тоҷикшиносӣ вуҷуд надорад?
Ба суҳбати Манижа Убайдуллоева, сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ, шитофтем. Хушбахтона, аз ӯ паёми хуше шунидем: “Тибқи нақшаи кории Марказ, сохтани библиографияи махсуси “Тоҷикшиносӣ” чанде пеш оғоз гашт ва бахши аввали он “Феҳристи адабиёти давраи қадим” ном мегирад ва дар соли 2024 интишор меёбад”.
Ёдовар мешавем, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт ва фурӯзонтарин натиҷаи кораш чопи силсилаи “Тоҷнома” мебошад, ки китобҳои “Авесто”, “Бохтар”, “Таърихи Ғурар-ус-Сияр” ё “Шоҳнома”-и Саолабӣ, «Таърихи адабиёти порсӣ-тоҷикӣ»-и Евгений Бертелс, «Тоҷикон»-и Александр Шишов, «Таърихи Систон», “Таърихи Байҳақӣ”, “Зайн-ул-ахбор”-и Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ ва “Курушнома”-и Ксенафонтро  дар бар мегирад.
Чанде пеш аз номи доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод ба унвони рӯзномаи “Ҷумҳурият”  таълифоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода “Таърихи тоҷикон дар оинаи илм” ворид шуд, ки, аслан, феҳрист аст.  
Дар сарсухани он фароҳамсоз дуруст таъкид мекунад, ки “гирдоварӣ ва таҳияи китобнома ё феҳристи осору мақолоти вобаста ба таърихи тоҷикон аз сарчашмаҳои қадим то китобу рисолаҳои дар замони мо батабърасида, кори даҳсолаҳо буда, дар натиҷа силсилаи чандҷила рӯи кор хоҳад омад”.
Бояд зикр сохт, ки бо тартиби алифбо набудани рӯйхати сарчашмаҳо қурби корро коҳондааст, зеро он  барои омӯзиши пажӯҳишгарон мушкилӣ ба бор меорад. Аммо аз он ки ҳеҷ надорем, доштани чунин маҷмуа ба суди мост. Бар замми ин, ба забони русӣ овардани сарчашмаҳо сутуданист.
Бовар дорем, ки “Таърихи тоҷикон дар оинаи илм” оянда бознигарӣ ва комил мешавад. Барои фароҳам овардани чунин рӯйхати муфассалу фарогир ҷалби олимону китобдорони тамоми мамлакат зарур мебошад.
Ҳамчунин, вақти он расида, ки дар заминаи хониши ҳамагонии “Тоҷикон” дар доираи озмунҳои “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”, “Тоҷикон” дар оинаи таърихи миллат”, Маркази “Тоҷи кшиносӣ”-и КМТ ба Пажӯҳишгоҳи “Тоҷикшиносӣ” табдил дода шавад, то омӯзишу таҳқиқ дар самти таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон вусъати тоза ёбад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив