ИЛМУ ФАРҲАНГИ ОРИЁН ДАР АВРУПО
Таърихи шинохти тамаддуни яке аз сокинони куҳану ботамаддуни Ховар – ориёиаслҳо аз ҷониби аҳли Аврупо таърихи тулонӣ ва ҷолибе дорад. Ҳанӯз сад сол пеш ховаршинос Александр Семёнов – аввалин сарвари Пажӯҳишгоҳи таърихи АМИ Тоҷикистон гуфта буд: “Тоҷикон аксарияти бузурги сокинони Осиёи Миёна ва мардуми ҳиндуаврупоӣ мебошанд. Ба ин гурӯҳ мо – русҳо ва ҳама аҳли Аврупо – англисҳо, олмониҳо, фаронсавиҳо, инчунин, форсҳо ва ҳиндуҳо низ дохиланд”.
Яъне, форсизабонҳо бо аврупоиён умумиятҳои нажодӣ, хунӣ ва забониву фарҳангӣ доранд, аммо бо амри тақдир, дар аҳди басе куҳан ин мардум аз ҳам ҷудову бо гузашти замонҳо ба ҳамдигар бегона шуданд. Оғози пайванди аврупоиён бо ориёиаслҳо, пас аз ҷудоии тулонӣ, дуву ним ҳазор сол пеш ба шарофати Куруши Кабир – дар аҳди давлати Ҳахоманишиҳо ба амал омад. Чун ӯ аввалин империяи ҷаҳонро барпо кард, пас ҳазорон аҳли Аврупо – донишмандон, савдогарон, сипоҳиён, ҳунармандон омаданд ва дар қаламрави ин давлати бузург фаъолият карданд. Масалан, шахсиятҳои намоён – Ктесий, Ксенофонт ва даҳҳо табибон ва надимони дарбори Ҳахоманишиҳо буданд. Ин ҳар ду аз худ китобҳои ҷолиберо боқӣ гузоштаанд. Пифагор дар шаҳрҳои Эрону Ҳинд дониш андӯхта буд, муаррихи номӣ Ҳеродот низ кишварро давр зада, дидаҳои худро дар китобаш сабт кардааст.
Сиёсати нодурусти бархе аз намояндагони сулолаи Ҳахоманишиҳо нисбат ба хешони аврупоӣ, зиддиятҳо ва ҷангу харобиҳоро ба бор оварданд. Ин душманиҳо Искандарро ба саҳна бароварду бо ҳуҷуми ӯ ва шикасти давлати ориёиаслҳо анҷом ёфт ва Искандар Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваст. Пас мавҷҳои нави мардуми Аврупо – македониҳо, румиҳо, юнониён ба Эрону Хуросони бузург паҳн шуданд.
Дар натиҷа садҳо деҳу шаҳрҳои наву оилаҳои бешумори муштарак бунёд ёфтанд. Ориён, юнониён ва дигар мардумони омадаро “ёвон” меномиданд ва ин ном то ба ҳол дар ёдгориҳо ва ноҳияҳои чандин минтақаҳои Ориёнзамин мавҷуданд. Харобаҳои чандтои онҳо ҳоло омӯхта шудаанд, аз ҷумла ду шаҳраки бохтарӣ – юнонӣ: Тахти Сангин ва Ойхонум, ки дар ҳар ду соҳили рӯди Ому ҷойгиранд.
Аввалин созмондиҳандаи чунин оилаҳо худи Искандар аст. Ӯ се маротиба беҳтарину зеботарин духтарони Ховарро ба ҳамсарӣ интихоб карда буд ва басе ҷолиб аст, ки ҳар сеи онон бонувони нозанини ориёиасл – Барсина, Рухшона ва Статира буданд.
Баъдан, бо ташаккули давлатҳои тавоно: дар Ғарб Рум, дар Эрон – Порт ва Сосониён, байни онҳо ҷангҳои зиёде рух доданд. Орёиаслҳо ва аврупоиён боз аз ҳам ҷудо ва бегона шуданд, ки ин ҷудоӣ асрҳо идома кард. Дар садаҳои 8-9, ин мардумон боз ба ҳам таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Маҳз дар ин замон, шиносоӣ бо афкори илмиву фарҳангии ҳамдигар – дастовардҳои бузурги Юнону Руми бостон ва Ховари Наздику Миёна ба амал омад. Дар ин асрҳо форсизабонон гули сари сабади ҷомеаи даврон буданд.
Ба шарофати хидмати шоёни донишмандони садаҳои 8-11, бахусус орёиаслҳо, мероси Афлотун, Арасту, Евклид, Теон, Птоломей аз хатари пурра нестшавӣ наҷот дода шуданд. Чунончи, асари бузурги Птоломей – “Мегисте”, ки қомуси бузурги илми ситорашиносии аҳди бостон аст, дар садаи 9 аз юнонӣ ба арабӣ баргардону “Ал-Маҷастӣ” номида шуд. Дар садаи 15, замони Эҳёи Аврупо, ягон нусхаи аслӣ – юнонии китоб боқӣ намонда буд, ба ин сабаб, соли 1515 онро аввал аз арабӣ ба лотинӣ ва соли 1538 ба юнонӣ баргардонданд.
Мероси донишмандони орёиасл – Муҳаммад Хоразмӣ, Форобӣ, Берунӣ, Абуали Сино ва дигарон ҳанӯз дар садаҳои 9-10 ба Аврупо ворид шуданд ва “дарвоза”-и байни Ховару Аврупо, Испониё ва Итолиё буданд.
Дар раванди паҳншавии рақамҳои ҳиндӣ дар Аврупо ҳиссаи Ал-Хоразмӣ бузург аст. Ду асари ӯ – “Зиҷи Маъмунӣ” ва “Китоби ҳисоби ҳиндуҳо”, дар садаи 12 ба лотинӣ баргардон ва дастраси донишмандони Аврупо гардиданд. Риёзидони ҳолландӣ Д. Стройк дар китоби “Таърихи математика” навишта, ки Аврупо аз китоби Хоразмӣ бо рақамҳои ҳиндӣ шинос шуд. Дар садаҳои 11-13 онҳо бо номи “рақамҳои арабӣ” паҳну дар садаи 16 ба илми риёзӣ (математика) ворид шуданд. Тахаллуси “Ал-Хоразмӣ”, дар Аврупо ба “Алгоритм” ва асараш – “Ал-ҷабр вал муқобала” ба “Алгебра” табдил ёфтанд.
Муҳаққиқи олмонӣ Сония Брентес оварда, ки дар садаҳои 15-16, “Ал Қонун” – асари бузурги фарзанди дигари форсизабонон, Абуали Сино, дар донишгоҳҳои Лейптсик ва Виттенберги Олмон китоби дарсӣ буд.
Ситорашинос Абумаъшари Балхӣ (вафоташ 886) дар Аврупои асримиёна бо номи “Абумасар” машҳур буд. Ӯ яке аз пайвандгарони илмҳои ситорашиносии Юнони бостону Ховари асри миёна аст. Доир ба нуҷум (астрология) китоби “Мадхали илми ҳукми нуҷум”(ба арабӣ)-ро навишта, ки асрҳо беҳтарин ба шумор мерафт. Соли 1486 дар Аврупо чопи китоб оғоз ёфт ва онро дар радифи аввалин китобҳо дар Аугсбург нашр карданд.
Тоҷики дигар – Аҳмади Фарғонӣ (ваф. 861) – географ, риёзидон, ситорашинос ва донандаи хуби забони юнонии бостон, дар бунёди расадхонаҳои Бағдод ва Димишқ иштирок кардааст. Ӯ асарҳои ҷолибе навишта, ки ҳоло дар китобхонаҳои Берлин, Лондон, Порис мавҷуданд. Дар Аврупо ӯ бо номи “Алфраганус” машҳур буд.
Аслан, донишмандони Аврупои асри миёна ва замони нав бо офаридаҳои даҳҳо бузургони дигари илми форсизабонон шинос буданд ва ҳоло ному асарҳои чор нафари онҳоро мухтасар меорем: Абулаббоси Найрезӣ (садаҳои 9-10), риёзидон ва ситорашиноси шерозӣ, яке аз мунаҷҷимони машҳур буд. Берунӣ ба донишу асарҳои офаридаи ӯ баҳои баланд додааст. Ибни Надим гуфта: “Найрезӣ дар ситорашиносӣ ангуштнамои даврон буд”. Дар Аврупои садаи 12 шарҳи ба асарҳои Евклид ва Птоломей навиштаи ӯро ба лотинӣ баргардонданд ва нусхаи он дар китобхонаи Лейптсики Олмон маҳфуз аст; Абуабдуллоҳ Баттонӣ (858-929), риёзидон ва ситорашиноси эронӣ. Дар расадхонаи Раққа (Сурия) муайян кард, ки давомоти соли хуршедӣ 365 шабурӯзу 5 соату 46 дақиқаву 24 сония (ҳоло 365 шабурӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония) аст. Хато - 2 дақиқаю 22 сония, ки барои он замон ҳеҷ буд. Асари ӯ “Ислоҳи Маҷастӣ” ба рушди тригонометрияи замони нав мадад расонд. А. Панекук, муҳаққиқи таърихи ситорашиносӣ ӯро “Бузургтарин ситорашиноси даврон” номидааст; Абузайди Балхӣ (858-934), географ, забоншинос, риёзидон, ситорашинос ва яке аз шогирдони Исҳоқи Киндӣ буд. Ӯ наздик ба 60 асар, аз ҷумла – “Китоб оид ба аҳкоми нуҷум» (ба арабӣ), навиштааст. Доир ба география китоби пурарзише навишта ва географҳои номӣ – Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, муаллифи “Ҳудуд-ул-олам” ва дигарҳо аз он истифода кардаанд. Нусхаи он дар музейи Британияи Кабир маҳфуз аст. Хуб мешуд, ки дар Душанбе нусхаи аслро бо тарҷума ба тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ чоп мекардем; Абумаъшари Балхӣ (780-886), риёзидон ва ситорашиноси номӣ буд. Низомии Арӯзӣ дар “Чаҳор мақола”, ахбори ҷолиберо оид ба омадани ӯ аз Балх ба Бағдод ва шогирди файласуф Киндӣ шуданашро овардааст. Абумаъшар яке аз аввалин пайвандгарони афкори илмҳои ситорашиносии Юнони бостону Ховар буд. Беш аз 30 асар навиштааст, аз ҷумла “Зич ул-қиронот”, «Зич ул-ҳазорот». Китоби «Вуруд ба илми ҳукми нуҷум» дар Ховару Аврупо машҳур буд. Ибни Ҳалликон гуфта: “Абумаъшар дар илми ситорашиносӣ пешвои замони худ буд”.
Муҳаққиқ Г. Зутер рӯйхати ситорашиносон ва риёзидонҳои асримиёнаи Ховари Миёнаву Наздикро тартиб додааст, ки аксари онҳо ориёиаслҳо мебошанд. Ҷорҷ Сартон, донишманди дигари таърихи илм гуфта: “Хоҷа Насируддини Тӯсӣ аз бузургтарин риёзидонҳо буд ва эроди ӯ нисбат ба китоби “Маҷастӣ”-и Птоломей, аввалин гоме буд, ки сабаби ислоҳоти Коперникӣ гардид”.
Осори бузургони назми форсизабонон каме дертар, дар садаҳои 17-18 ба Аврупо паҳн шуд. Таърихи тарҷумаи осори шоирони мо дар Инглистон, Олмон ва Фаронса дар китоби А. Гейзер “Тоҷи заррин” (2011 ба русӣ) баррасӣ шудааст. Ӯ бар асоси далелҳои фаровону дақиқ исбот карда, ки осори шоирони машҳури форсизабон дар рушди адабиёти аҳли Аврупо ва Русия таъсир расондаанд. Ба шарофати “борони раҳмати Аҷам”, офаридаҳои бузургоне чун Волтер, Гелветсий, Гёте, Гейне, Гердер, Пушкин боз ҳам пухтаву ҷило ёфтаанд.
Дар Аврупо аввалин тарҷумаи “Гулистон”-и Саъдиро Андре Дю Руеи фаронсавӣ соли 1634 иҷро кардааст. Дар Инглистон якумин таблиғгари “Бӯстон” Томас Ҳайд буд, ки соли 1700 онро ба лотинӣ – забони байналмилалии Аврупо баргардонд. Ба ин сабаб, он ба зудӣ дастраси аҳли бисёр кишварҳо гардид ва маҳбубият пайдо кард. Осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бошад, каме дертар ба Аврупо паҳн шудааст. Сабабаш, шояд гум шудани китобҳои устод дар замони ҳуҷуми муғулҳост. Аллома Саид Нафисӣ (1896–1966), муҳаққиқи бузурги осори устод, ин мавзуъро дар солҳои 30-юми садаи ХХ омӯхта буд. А. Гейзер муайян карда, ки аввалин тарҷумаи шеъри Рӯдакӣ ба олмонӣ дар поёни садаи 18 аз ҷониби ховаршинос Бартоломи Дэрблю иҷрову дар асари “Қомуси Ховарӣ” нашр гардидааст. Дар миёнаи садаи 19 ховаршиноси номии Олмон – Ҳерман Эте як силсила сарчашмаҳоро омӯхта, аз онон доир ба ҳаёту фаъолият ва мероси устод Рӯдакӣ ахбор гирд оварда, дастраси хонандагон гардонд.
Дар маҷмуъ, мардуми ориёиасл – тоҷикону эрониён пас аз ҷудоиҳои тулонӣ ба воситаи илму фарҳанги волои худ, бо бародарони аврупоӣ аз нав пайвастанд ва ҳоло бояд таърихи комили ин равандро навишт ва ҳамкориҳоро вусъат дод.
Усмон ЭШОНЗОДА,
номзади илмҳои таърих, бостоншинос