САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери сиёсати устувори фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои фарҳанги миллии мо эҳё гардида истодаанд. Яке аз онҳо ҳунари гулпарварӣ мебошад ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” шаҳодати ин гуфтаҳост.
Гулпарварӣ санъати қадимаи мардуми тоҷик аст. Дар замонҳои хеле қадим гузаштагони мо дар қасру кӯшкҳои худ ва мардуми одӣ дар боғҳои худ ҳамеша гул мекоштанд ва гулпарварӣ мекарданд. Ин анъанаи гузаштагонро ҳоло Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, барои рушди он ҳамеша кӯшиш менамоянд. Бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси банди 5 ҳамин Амр баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо ва маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ ба аҳолӣ Кумитаи рушди маҳал дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо Фестивали «Сайри гули лола»-ро роҳандозӣ намуд. Ҳадафи асосии баргузории фестивал вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо, инчунин, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини миллӣ ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки Фестивал-озмуни мазкур дар се давр баргузор мегардад. Даври якум маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак, даври дуюм ноҳия, шаҳр, вилоят ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон мукофотонида мешаванд. Ғолибони аз рӯи номинатсияҳои гулпарвари беҳтарин, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоят муайян мешаванд.
Боиси зикр аст, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Ба гуфтаи таърихшиносон, дар гузашта ин оин дар сарзамини Суғди бостон, Бохтари Қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” хеле шукуҳманду хотирмон баргузор мегардид. Дар асоси маълумоти бадаст-омада дар даҳаи сеюми фарвардин мувофиқи анъана бо фарорасии шароити мусоид сарварони деҳу шаҳрҳо машварат ороста, рӯзи баргузории ҷашнро муайян мекарданд. Субҳи барвақт ҷавонон ба лолачинӣ мерафтанд, гурӯҳи дигар шохаҳои муносиби дарахти сафедорро мебуриданд, нисфирӯзӣ ҷавонон бо бастаҳои калони гули лола баргашта, гулҳоро ба шохаҳои бурида мебастанд. Дар натиҷа дастагулҳои азим ба вуҷуд меомад. Пас, ҷавонон дар ҳавои мусиқӣ шохаҳои дарахтони пургулро ба базмгоҳ мебурданд. Дар базмгоҳ мардум ба пешвози лоладарахтон аз ҷой бархоста, то ғуруби Офтоб суруду таронахонӣ менамуданд. Қабл аз ғуруби Офтоб иштирокдорон химчаҳои сабз дар дасту лолаҳои арғувонӣ бар сар ба хонаҳои худ бармегаштанд. Бо фарорасии шаб мардум боз ба базмгоҳ рафта, машъал меафрӯхтанд ва дар атрофи шохаҳои дарахтони бо гули лола ороёфта базми бошукӯҳе барпо мекарданд.
Дар санадҳои таърихӣ омадааст, ки ҷашни "Гули лола" се рӯз давом мекард. Ҷавонон барои чидани лола рафта, рӯзи дигар занҳо яке аз сафедорҳои сершоху сербаргро интихоб мекарданд ва тамоми лолаи овардашударо бар он сафедор оро медоданд ва баъдан рӯзи сеюм тамоми мардум бо ҳам ҷамъ меомаданд, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ намуда, шодӣ мекарданд.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, мардумро ба корҳои ободонию сабзкорӣ ҳидоят мекунад.
Лола зиёда аз 140 намуд дошта, дар мамлакатҳои назди Баҳри Миёназамин, Осиёи хурд, қисми ҷанубиву аврупоии Федератсияи Россия, як қисми камашон дар Олтой ва Япония паҳн шудаанд. Дар Осиёи Миёна 63 намуди лола парвариш меёбад, ки аз 48 намудаш дар ягон ҷойи дигар вонамехӯрад. Дар Тоҷикистон 24 намуди лола ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад, ки 19 намуди он дар рӯйхати рустаниҳои нобудшуда истода, ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил шуда. Аз ин миқдор 25 намудаш дар водиҳо ва кӯҳҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои типи набототи биёбонӣ, ҷангалзорҳои мезофилӣ ва ксеорофилӣ, арчазорҳо ва даштҳои баландкӯҳ дар баландиҳои аз 400 то 3000 метр аз сатҳи баҳр мерӯянд. Ҳафт намуди онҳо ба гурӯҳи рустаниҳои эндемикӣ мансуб буда, танҳо дар қаламрави Тоҷикистон мерӯянд. Яъне, кишвари моро ба маънои томаш кишвари лолаҳо гуфтан мумкин аст.
Имрӯз сокинони Тоҷикистон бо эҳёи боз як анъанаи гузаштагони худ ба ҷаҳониён паём фиристода мегӯянд. “Тоҷикистон кишвари сулҳ, кишвари лолаҳо, кишвари ҳамаи гулҳост”. “Сайри гули лола” ҷашнест, пур аз ифтихори миллӣ. Гузашта аз ин, баргузор намудани он дар баробари бедор намудани ҳофизаи таърихӣ, боз моро водор менамояд, ки нисбат ба сарсабзу шукуфон намудани ҳар ваҷаб хоки Ватан саъю талош варзем. Гули лола рамзи саодат аст ва сайри гули лола эҳсоси фараҳу сурурро ба кас арзонӣ медорад. Шукуфон намудани кӯчаю хиёбонҳо бо гулҳои зебои лола барои ҷалби сайёҳон низ ба домони Тоҷикистони азиз мусоидат менамояд.
Ҷаъфар МИРЗОЗОДА,
сардори раёсати ҳамоҳангсозии
фаъолияти мақомоти идоракунии
маҳаллии Кумитаи рушди маҳал
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)