ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. ОҒОЗИ РАЁСАТИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ДУРНАМОИ ИҚДОМОТИ АМАЛИШАВАНДА

ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. ОҒОЗИ РАЁСАТИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ДУРНАМОИ ИҚДОМОТИ АМАЛИШАВАНДА

14 март 2024, Панҷшанбе
55
0


Дар воқеияти ҷаҳони муосир, бо афзоиши густурдаи аҳолӣ, пешрафти босуръати рушди иқтисодиёти давлатҳо ва талабот ба об сарборӣ ба муҳити табиӣ пайваста меафзояд. Ин шиддатёбии таъсири антропогенӣ равандҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлимро ба вуҷуд оварда, суръат мебахшад. Дар Осиёи Марказӣ ҳамаи ин равандҳо назар ба суръати миёнаи сайёра нисбатан тезтар ба амал меоянд. Буҳрони экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал бо норасоии прогрессивӣ ва ифлосшавии захираҳои об, таназзули замин ва биёбоншавии минтақаҳои васеъ, аз байн рафтани ҷангалҳо, ландшафтҳои экологӣ ва гуногунии биологӣ ҳамроҳ мешавад. Дар майдони бузурги қаъри хушкидаи баҳри Арал биёбони нав – Аралқум ба вуҷуд омад, ки масоҳати он зиёда аз 54 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад (барои муқоиса: ин бо ҳудуди Хорватия баробар ва аз Эстония, Дания, Нидерландия ва Швейтсария хеле калонтар аст).

Дар чунин шароити муташанниҷ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳияи механизмҳои нави рушди ҳамкориҳо дар минтақа хеле муҳим аст. Ҳадафи асосии раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) таҳкими минбаъдаи сатҳи ҳамкориҳо дар масъалаҳои истифодаи маҷмуӣ ва ҳифзи захираҳои об, ҳалли мушкилоти экологӣ, ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани унсурҳои иқтисоди «сабз» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар давраи раёсати Қазоқистон амалигардонии ду барномаи асосӣ: Барномаи амал дар бобати расондани ёрӣ ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (КҲБА-4) ва мониторинги мунтазами он, Барномаи минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист барои рушди устувори Осиёи Марказӣ (БМҲМЗБР ОМ), ки аз ҷониби раёсати ХБНА тасдиқ гардидааст, идома хоҳанд ёфт. Давраи амалигардонии ҳарду барнома то соли 2030 аст.
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти экологии баҳри Арал дар солҳои 1960-1970 ба вуҷуд омада, ниҳоят ба ҳадде расид, ки аз чорумин кӯли калонтарин дар сайёраи мо амалан чизе боқӣ намонд. Дар оғоз Арал ба ду обанбор, баъд ба 3 ва ғайра тақсим шуд. Дар солҳои истиқлол Қазоқистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ корҳои маҷмуиро баргузор карда, тавонист як қисми он – Арали хурд ва ё баҳри Арали шимолиро барқарор созад, аммо ин танҳо 8 дарсади арзиши аслии онро ташкил медиҳад. Шаҳри бандарии Аралск то ҳол аз об дур ҷойгир аст, ки дар аввал 100 километр дур гардида, баъд аз тадбирҳои андешидашуда ба таври назаррас наздик шуд.
Зарраҳо ва чангу ғубори намаку заҳрҳои кимиёвӣ, ки дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал боқӣ мондаанд, на танҳо дар кӯҳҳои Тиёншону Помир, балки дуртар аз марзҳои минтақаи мо низ ёфт мешаванд. Бо мақсади коҳиши барориши моддаҳои зарарнок кишварҳои назди Арал фаъолона тадбирҳои фитомелиоративӣ гузаронида, саксавул ва дигар рустаниҳоро мешинонанд.
Аммо шинондани рустаниҳо дар қаъри обанбори пешина оё самаранок аст? Имрӯз экосистемаҳо дар кадом ҳолат қарор доранд? Таври маълум, бо сабаби хушксолии чандинсола ҳаҷми оби Сирдарё кам шуд ва ҳаҷми об дар баҳри Арали шимолӣ аз ҳадди аксари 27 кубокилометр ба ҳадди 20 кубокилометр  коҳиш ёфт. Сайди моҳӣ кам шуд ва ин ҳолат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бемории аҳолӣ аз ҳисоби биёбоншавӣ ва бад шудани сифати об меафзояд.
Оё фоҷиа боз такрор намешавад? Кайфият ва нақшаҳои сокинони маҳаллӣ чӣ гуна аст? Суолҳо хеле зиёданд ва ҳамаи онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Ман чунин мешуморам, ки мо, бояд тамоми маҷмуи мушкилот ва корҳои роҳандозишавандаро омӯзем, онҳоро баррасӣ кунем ва бикӯшем, ки роҳи ҳалашонро зудтар ва самараноктар пайдо кунем.
Дар Барномаи чоруми амал оид ба расондани ёрӣ ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал (КҲБА-4), ки ман пештар зикр кардам, самти экологӣ ҳамчун як самти алоҳидаи асосӣ, ки аз 12 пешниҳоди лоиҳавӣ иборат аст, таъкид шудааст. Мехоҳам зикр намоям, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, тадбирҳои мутобиқсозии бахшҳои бештар осебпазир: об ва кишоварзӣ, оби нӯшиданӣ, энергетика, гуногунии биологӣ, ҷангал, чарогоҳ ва экосистемаҳои кӯҳӣ амалҳои муштарак пешбинӣ шудаанд. Таҳияи нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шуда, ба шарофати дастгирии Барномаи «Осиёи Марказии сабз»-и Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) панҷ кишвари минтақа Стратегияи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказиро таҳия ва қабул карданд. 
Паҳн намудани таҷрибаи беҳтарини ба иқлим мутобиқи кишоварзӣ низ пешбинӣ шудааст. Мо, бояд Барномаи минтақавии ҳифзи захираҳои биологии Осиёи Марказиро таҳия намуда, тадбирҳои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии экосистемаи ҳавзаҳои дарёҳои асосӣ - Амударё ва Сирро ба амал оварем, дар минтақаи назди Арал ва дар қаъри хушкидаи баҳри Арал шинондани рустаниҳои ҷангалиро мунтазам идома диҳем. Лоиҳаҳои навбатии экологӣ таҳияи системаи мониторинги ҳолати муҳити зист ва захираҳои оби назди Арал ва қаъри хушкидаи баҳр, рушди инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар атрофи баҳри Аралро дар бар мегиранд.
Лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати оби дарёҳо ва обанборҳо бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ, рафъ ва пешгирии ифлосшавӣ, аз ҷумла партовҳои саноатӣ»-ро хеле муҳим мешуморам. Қазоқистон ва кишварҳои дигар саъй доранд, ки ба Протоколи об ва саломатӣ ба Конвенсия дар бораи ҳифз ва истифода аз маҷрои обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шаванд ва ба наздикӣ Ӯзбекистон ба он пайваст.
Паст кардани хатари офатҳои табиии марбут ба обхезӣ, сел ва хушксолӣ дар ҳавзаи баҳри Арал, омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар болооби дарёҳои фаромарзӣ, рушди долонҳои экологии фаромарзӣ, шабакаҳои минтақавии минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои ҳифзи гуногунии биологӣ - ин номгӯи нопурраи он лоиҳаҳое мебошанд, ки мо дар давраи раёсати худ дар ХБНА бояд пеш барем.
Агар дар бораи ташаббусҳои наве, ки дар чаҳорчӯби раёсати Қазоқистон дар ХБНА амалӣ хоҳанд шуд, сухан ронем, ин таъсиси механизми ҳамкории дарозмуддат ва устувори минтақавӣ оид ба истифодаи самараноки захираҳои обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа дар соҳаи обёрӣ, гидроэнергетика ва экологияро дарбар мегирад. Дар бобати ҷорӣ намудани сохтори ягонаи худкори баҳисобгирӣ, назорат, идора ва тақсими захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал низ мунтазам корҳои нақшавӣ гузарондан лозим аст. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳо-муассисони ХБНА 15-уми сентябри соли 2023 дар Душанбе ҷонибҳоро даъват кард, ки ба татбиқи ин ташаббусҳо шуруъ кунанд.
Таҳкими ҳамкории минтақавӣ бо шарикони байналмилалии рушд, воҳидҳои сохтории СММ, ниҳодҳои молиявӣ ва ҷомеаи донорӣ нақши муҳим мебозад. Инчунин, ба мақсад мувофиқ аст, ки фаъолият дар доираи конвенсияҳои аз тарафи умум эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба муҳити зист, нақшаҳои чорабиниҳо, эъломияҳо ва изҳороти муштарак вусъат дода шавад.
Қазоқистон дар давраи раёсати худ (солҳои 2024-2026) ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки зимни баргузории ҷаласаи сарони давлатҳо 15-уми сентябри соли 2023 дар Душанбе қабул шуданд, инчунин, қарордодҳо ва уҳдадориҳои қаблан басташуда, чораҳо хоҳад андешид, ки муназзамии иқдомоти Осиёи Марказиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҷаҳонии рушд ва мавқеъгирии он ҳамчун як минтақаи ягона таъмин хоҳад кард.

Асхат ОРАЗБАЙ, раиси Кумитаи иҷроияи ХБНА

Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив