ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФРОТИШАВӢ. ТАҲДИДИ ОШКОРО БА РУШДИ ҶОМЕАИ ОЗОД АСТ

ИФРОТИШАВӢ. ТАҲДИДИ ОШКОРО БА РУШДИ ҶОМЕАИ ОЗОД АСТ

16 апрел 2024, Сешанбе
31
0

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, дар шароити печида ва ғайриодии замони муосир ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти нангин даъват менамоянд. Сарвари давлат зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) доир ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ибрози назар намуда, ба ин нукта ишора карданд, ки тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаҳои муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад.
Воқеан, ин раванд боиси густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки, мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудаанд, ба ҷомеа ва давлатҳои ҷаҳони мутамаддин таҳдидҳои бештар ба миён овардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти мавҷуда, дар солҳои охир беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифта, садҳо ҳазор шаҳрвандони осоишта террор, миллионҳо нафар аз макони зисти худ фирор кардаанд. Зараре, ки ба иқтисоди кишварҳо расидааст, садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқот даъват карданд: «Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем». Ин ва дигар суханҳои ҳикматбори Сарвари давлат моро водор менамоянд, ки сари ин масъала андеша намоем ва барои пешгирӣ аз амалҳои зиёдаравию мағзшӯӣ чораҳои таъсирнок андешем. Зеро ба таъкиди Президенти мамлакат барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа бояд алайҳи ин гуна зуҳуроти номатлуб ва хатарзо бархӯрди ҷиддитар зоҳир намоянд. Чунки новобаста, аз чораҳои то имрӯз бароҳмонда дар самти мубориза бо терроризму экстермизм ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба назар мерасанд, ки ба ин нукта ҳам дар суханронии Сарвари давлат ишораи возеҳ сурат гирифт.
Тавре маълум, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар ҳоли ҳозир бо истифода аз имкониятҳои технологии муосир фаъолияти худро густариш бахшида, тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳҳои мағзшӯӣ шаҳрвандони ноогоҳро ба доми хеш мекашанд. Аз ин рӯ, дар бастагӣ ба ин масъала набояд фаромӯш кард, ки интернет дар баробари имкониятҳои муфиду беандоза доштанаш метавонад зиёновар низ бошад. Дар сурате ки он дуруст ва ба манфиати кор истифода нашавад. Тавре гуфтем, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои тундрав, маҳз бо истифода аз интернет ба миён омада, ҳаёти ҳазорҳо нафарро сӯзонда ва доғдор ҳам кардааст. Дар фазои интернет паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, иртиботи ҷинояткорон ва барангехтани фитна осон аст. Ин аст, ки сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳои мубодилаи паёмакҳо аз ҷониби террористон барои ифротгароӣ ва ҷалби шахсони алоҳида, ҳамчунин банақшагирӣ, маблағгузорӣ ё содир намудани ҳамлаҳои  террористӣ васеъ истифода мегарданд. 
Дар робита ба ин масъала Шуҳрат Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм барномаҳо, стратегияи мубориза бо терроризм қабул шуда, солҳо боз корҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аммо, саволе ба миён меояд, ки чаро ҳоло ҳам шомилшавии ҷавонон ва даст задани онҳо ба амалҳои террористӣ ба назар мерасанд? Бояд дар назар дошт, ки бисёре аз ҳамлаҳои террористӣ дар ин ё он кишварҳои ҷаҳон бештар аз ҷониби  неруҳои гуногун ҳамчун воситаи амалӣ намудани  ҳадафҳои ғаразноки худ сурат мегиранд. Аммо ба ин кор бештар нафароне ҷалб мешаванд, ки аз назари донишу маърифат дар сатҳи паст қарор доранд. Аз ҷониби гурӯҳу созмонҳо бисёр вақт ҷавонон, махсусан қишри ноогоҳ, осебпазир аз сабаби паст будани маърифати сиёсӣ ва динӣ истифода мешаванд. Маблағ ҳам нақши муҳимро мебозад. Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки гурӯҳҳои террористӣ, мутаассифона, бо роҳи молиявӣ, яъне ваъда ва пешниҳоди маблағҳои муайян ҳам ҷангҷӯёнро ҷалб месозанд.
– Пас, имрӯз бояд роҳу усулҳои боз ҳам беҳтару муассири мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро ба роҳ монд. Дар ин самт яке аз корҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама, фаъолияти падару модарон аст, зеро онҳо масъули бевоситаи таълиму тарбияи фарзандон мебошанд. Ба таври воқеӣ амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии қабулшуда, яке аз роҳҳои муассири пешгирии шомилшавӣ ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бо ифротгароиву терроризм ба ҳисоб меравад, – мегӯяд Шуҳрат Саидзода. 
Ҳамсуҳбати мо баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавононро яке аз омилҳои таъсирбахши пешгирии терроризму ифротгароӣ донист ва таассуф аз он кард, ки баъзе ҷавонон ноогоҳона ба ҳизбу созмонҳо шомил мешаванд, ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо бовар мекунанд, дар ҳоле ки бо ин роҳ ҳам худ ва ҳам дигаронро қурбони ғаразу манфиатҳои неруҳои ғайр мекунанд. 
– Баъзан ҷавонон таълимоти нодурусти динӣ мегиранд, ки ин боиси вайрон шудани ақидаҳои динии онҳо гардида, ҳамчун як воситаи хуб аз ҷониби неруҳои гуногун истифода мешавад. Бинобар ин, ҷавонон бояд огоҳии баланди сиёсӣ ва ҳисси волои ватандӯстиро аз даст надиҳанд. Ҳамаи корҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд, пеш аз ҳама, бояд ба Ватан, пешрафту ободии Тоҷикистон, хизмат ба падару модар, наздикону пайвандон равона шуда бошад, – таъкид мекунад Шуҳрат Саидзода, номзади илмҳои сиёсӣ. 
Дар ин маврид, мо – аҳли ҷомеа, бояд, пеш аз ҳама, нигарониҳои Пешвои муаззами миллатро дарк намоем ва нахуст аз зиёдаравию пайравӣ ба арзишҳои бегона даст бардошта, дар тарбия ахлоқию маънавии ҷавонон саҳми хешро гузорем, то гурӯҳҳои тахрибкору манфиатҷӯ натавонанд мағзи солими онҳоро рахна сохта, дар пиёда намудани ҳадафҳои ғаразноки худ истифода кунанд.    

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив