НАЗАРЕ БА ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ТИББИ ҶАҲОНӢ
Садсолаҳост, ки мероси илмию фалсафӣ ва адабии ҳакими тоҷик, табиби барҷаста, олим, файласуф, донишманди машҳури олам Абуалӣ ибни Сино диққати муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ ҷалб кардааст. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес “Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тули ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд”. Оид ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Шарқу Ғарб садҳо таҳқиқот, рисолаю китоб таълиф шуда, саҳми ин шахсияти барҷаста дар ташаккул ва рушди маданияти инсонӣ ва ҷаҳонӣ то андозае ба баррасӣ кашида шудааст. Бо вуҷуди ба миён омадани ин ҳама таҳқиқоти арзишманд, ҳанӯз ҳамаи паҳлуҳои осори ин фарзанди машҳури тоҷик пурра таҳқиқу баррасӣ нашудаант. Имрӯзҳо дар саросари олам, хусусан, ба асарҳои илмии ӯ бо диди тоза менигаранд ва ин меросро аз забони илм ба баррасӣ кашида, аҳамияти онро барҷастатар маънидод мекунанд. Аз ҳамин нигоҳ, руҷуъ намудан ба асарҳои Абуалӣ ибни Сино дар пешрафти илми тибби дунё ҳамеша созгор дониста мешавад, ки онро олимони машҳури соҳа пайваста таъкид мекунанд ва ба бузургии ӯ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
Абуалӣ ибни Сино чун нобиғаи нотакрор, ки ҳамзамонони худро дар дарёфти илму маърифати даврони хеш чанд қарн пеш гузашта буд, дар таҳкиму устувор сохтан ва пешбурди илмҳои замони худ хидмати босазо карда, барои пешрафти ояндаи онҳо заминаҳои созгор боз кард. Дар офаридаҳои ҷовидонаи ӯ дар илми тиб назарияҳои бунёдиеро рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳанӯз бо гузашти садсолаҳо аҳамияти худро гум накарда, дар илм ҳамчун обу ҳаво зарур шуморида мешаванд.
Ӯ бо унвонҳои Шайх-ур-раис, Шараф-ул-мулк, Имом ал-Ҳикма, Амири табибон, Ҳаҷҷа-л-ҳақ ва маъмултар аз ҳама Абуалӣ ва дар Аврупо “Авитсенна”ном бурда шудааст. Ибни Сино дар асрҳои миёна бо китоби “Ал-Қонун” ва “Шифо”-и худ машҳур буд. Вай дар ду ришта, яке фалсафа ва дигаре тиб таъсири муҳим дошт ва, дар воқеъ, дар ин ду соҳаи тахассусӣ муҳимтарин ҷойгоҳро касб кардааст. Асари Ибни Сино «Ал-Қонун фи-т-тиб», «Қонуни тиб», «Қонун дар тиб» яке аз донишномаҳои бузургтарин дар илми тиб мебошад. Бузуртарин донишномаи ҷаҳон, китоби “Ал-Қонун” Ибни Сино дар соҳаи тиб дар тули чанд аср, то асри ХХ дар Аврупо таълим дода мешуд ва аз ин китоб олами тибби дунё таъсири зиёде гирифтааст. Аз ин рӯ, Ибни Синоро “Шоҳи табибон” ном мебаранд. “Ал-Қонун” мазмунҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин китоб анатомияи бадани инсон, таснифи бемориҳо, ташхису табобат ва сабабу пешгирии бемориҳо, хосиятҳо ва сифати доруҳо ва ҷарроҳиҳою муолиҷаи ҷароҳатҳои баъди ҷарроҳиро дар бар мегирад. Ибни Сино дар бораи баъзе бемориҳои тиб мушоҳидаҳои клиникии хоси худро доштааст. Ҷолиб он аст, ки дар ҳоле ки тибби анъанавӣ ҳоло аз ҷониби Ассотсиатсияи тиббии ҷаҳон эътироф шудааст, баъзе олимони дунё имрӯз ба тибби анъанавӣ аҳамият намедиҳанд.
Муаррихи машҳури аврупоӣ Ҷорҷ Сартон дар бораи китоби “Ал-Қонун” чунин менависад: “Ал-Қонун” энсиклопедияи бузурги тиб аст. Ин китоб дорои баъзе аз мавзуъҳои мунаввартарини тиббист, ки ин илмро беназир мегардонад. Мавзуъҳо, аз қабили илтиҳоби бадан, манбаи бемории сил, ҷудо кардани бемориҳо дар асоси омилҳои обу хок, тавсифи муфассали мушкилоти пӯст, бемориҳои ҷинсӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо, инчунин, бемориҳои асаб дар бадан дар ин китоб хуб омӯхта шудаанд”. Ҳамчунин, дар дигар асарҳои тиббии Абуалӣ ибни Сино илми ташреҳ, бунияшиносӣ, ҷарроҳия, дорушиносӣ, равонпизишкӣ ва дигар илмҳо ба таври васеъ зикр гардидаанд.
Осори тиббии Абуалӣ ибни Синоро муҳаққиқон беш аз 60 адад медонанд, ки 9-тои он бо каломи манзум навишта шудааст. Асосан, асари “Ал-Қонун-фит-тиб" сабаби шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардани Сино гаштааст. Ӯ онро тахминан соли 1020 таълиф намудааст. Аз лиҳози шаклу мазмун “Ал-Қонун” дар таърихи тиб ҳамто надорад. Ин асари фарҳангии нодир гӯё пулест, ки тибби муосир ва антиқаро бо ҳам мепайвандад. “Ал-Қонун” дар асоси омӯзиш ва ҷамъбасти тибби Юнони Қадим, Рими Қадим ва Ҳинду Форс дар асоси таҳқиқу таҷриба ва хулосаҳои худи ӯ навишта шудааст. Дар асри XII Герард Креманский “Ал-Қонун”-ро ба забони лотинӣ тарҷума кардааст. Асари мазкур яке аз китобҳои аввалине ба ҳисоб меравад, ки ба забони лотинӣ чоп шудааст. Ҳамин гуна, асари мазкур ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шуда, оҳиста-оҳиста машҳури чаҳон гаштааст. «Ал-Қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, асри XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, асри XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.
“Ал-Қонун” ба тараққии илми тиб дар ҳама кишварҳои ҷаҳон таъсири бузург расондааст. Сабаби асосии дар давоми солҳо “Ал-Қонун”-ро ҳамчун дастур истифода бурдани донишҷӯён ва табибон он буд, ки дар ин асар донишҳои тиббӣ хеле возеҳу батартиб шарҳ ёфтаанд. Ҳангоми омӯхтани “Ал-Қонун” донишҷӯён ва табибон на фақат ба тибби назариявӣ, алалхусус, бо тибби амалӣ, аз ҷумла бо роҳҳои ташхис, табобат ва пешгирии беморӣ, ошно мегарданд ва дар натиҷа асрори тиб барои онҳо кушода мешавад. Аз рӯи назари худи Сино “Ал-Қонун” китоби пизишкиест, ки қонунияти куллу чузъро дар бар мегирад ва дар он шарҳу эзоҳҳо хеле дақиқу ба тафсил баён ёфтаанд. Муҳаррири нашри “Ал-Қонун” академик В.Н. Терковский дар мавриди ин асари машҳур чунин гуфтааст: "Он аз рӯйи қадру қиммат ва мазмуну мундариҷа осори бузургтарини илму фарҳанги инсоният мебошад. Ин маҷмуаи бузурги илми тиб дар роҳи ривоҷ ва ғояҳои ҳақиқии башардӯстӣ сарчашмаест, ки ба ҳифзи сиҳатӣ ва равнақи инсон равона шудааст”.
“Ал-Қонун” аз доираи васеи ҷаҳонбинӣ доштан ва мутаффакири мумтоз будани Абуалӣ ибни Сино дарак медиҳад. Пешгӯйӣ ва афкори амиқи ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Сино, қабл аз ҳама, пешгирии бемориро вазифаи асосии тиб ҳисоб карда, саломатии инсонро ба таъсири муҳит вобаста медонист. “Ал-Қонун” фарҳанги тиббии нодир буда, панҷ қисм ва қариб 200 ҷузъи чопист.
Саҳми беназири Абуалӣ ибни Сино ба илми ҷаҳонӣ дар тамоми олам эътироф шудааст ва то имрӯз дастоварди маънавии кулли инсоният боқӣ мемонад. Бесабаб нест, ки медали байналхалқии тиллоии ЮНЕСКО номи ӯро дорад. Абуалӣ ибни Сино барҳақ яке аз табибон, файласуфон ва олимони ҳамадони машҳур ва шинохта ба шумор меравад. Номи ӯ дар сафи номҳои Ҳиппократ ва Гален қарор дорад, ситорае, ки дар асри гузашта кашф шудааст, такура (кратер) дар Моҳ, пойгоҳи умумиҷаҳонии маълумот дар бораи илми тиб, ҳамчунин, шабакаи аз ҳама бузургу мустақили дорухонаҳои Британия номи ӯро доранд. ЮНЕСКО солҳои 1952 ва 1980-умро солҳои Авитсенна эълон карда буд. Мероси илмии Абуалӣ ибни Сино самти асосии рушди илми тибро барои садсолаҳо мушаххас карданд ва пойдевори роҳу усулҳои асосии тибби амалӣ ва дорусозиро гузоштанд, ки имрӯз ҳам рӯзмарра мебошанд.
Моро зарур аст, ки бар асарҳои Абуалӣ ибни Сино пайваста руҷуъ кунем, бо диди тоза бингарем, таҳқиқ намоем ва дар кору фаъолияти худ аз истифодаи он манфиат барем. Абуалӣ ибни Сино ҳамчун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик номи худро дар таърихи тамаддун ва илми дунё сабт кард ва дар натиҷа ба миллати худ ифтихороти бузурге овард.
М. Қ. ГУЛЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)