«ПАДАР». АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ РОМАНИ НАВИСАНДА АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ
Абдулқодири Раҳим аз ҷумлаи адибони серталош ва хушзавқи адабиёти муосири тоҷик рӯзноманигор, шоир ва нависандае мебошад, ки бо таълифоти ҷолиби хеш кайҳо боз диққати аҳли илму адаб, хосса мунаққидону муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардааст. Романи тозаэҷоди ӯ зери унвони «Падар», ки соли 2024 нашр гардидааст, аз лиҳози мавзуъ ва мундариҷа боиси таваҷҷуҳ мебошад. Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад «Падар» то ҷое таҳқиқи мантиқии бадеӣ- эстетикии мавзуъҳои маърифатии силсилаи асарҳои «Дарди сар» ва «Рангҳо»-ву «Марг» ба назар мерасад». Воқеан ҳам, бо мутолааи асарҳои нависанда Абдулқодири Раҳим эҳсос мешавад, ки як асар идомаи мантиқии асарҳои қаблан эҷодкардаи вай мебошад, чун тарзи ифодаи фикр ва ҷаҳони андешаи муаллиф басо рангин ва асроромез аст. Таровидаҳои чакомаи ин адиби хушзавқ барои на ҳар хонанда фаҳмост.
Зеро, аз рӯи унвони асар, ки «Падар» номгузорӣ шудааст, ба назари хонанда, пеш аз ҳама, симои шахсияти барои адабиёт маъмул – падар, сутуни хонадон, тарбиятгар ва сарпаноҳи ҳамсару фарзандон намудор мегардад. Бале, хонанда низ ҳақ дорад, зеро то имрӯз мо асарҳои ба ин ном наздик, ба монанди «Дар орзуи падар» аз устод Кароматуллоҳи Мирзо ва «Баъд аз сари падар» аз устод Абдулҳамид Самадро медонем ва мутолаа кардаем. Мувофиқи сужаи романи «Дар орзуи падар» фарзанди дилбанди Нозимии майзада – Меҳрубони хурдсол дар орзуи доштани падаре буд, ки ӯро падарӣ карда тавонад ва дар қиссаи «Баъд аз сари падар» бошад, Хусрав баъди вафоти падараш ба гирдоби яъсу ноумедӣ фитода, бесарпаноҳ мемонад. Дар фарқ аз маънии боло «Падар»-и офаридаи устод Абдулқодири Раҳим дар адабиёти бадеии муосири тоҷик мазмун ва моҳияти тамоман мутафовитро доро мебошад. Симои падар аз ҷониби нависанда маҷозӣ офарида шудааст. Ҳузураш дар сужаи бисёрҷабҳаи асар рамзист. Мавқеаш мушаххас – ҳидоятгари роҳи рост, парастандаи дину оин, нигоҳдорандаи тамоми урфу одатҳои накуи аҷдодӣ, талқингари хислатҳои наҷиби инсонӣ.
Тавре қайд шуд, роман бисёрсужа мебошад, аниқтараш хатти муайяни сужаи асар пайгиринашаванда аст. Адиб кӯшиш кардааст, ки ҷаҳони ботинии на танҳо як фард, ё як гурӯҳи муайяни инсонҳоро ифшо намояд, балки ба назар чунин мерасад, ки ҷаҳони ботинии ҷомеаи имрӯзаро аз тамоми табақаҳои синнусолӣ бозкушоӣ кардааст. Ин аст хусусияти хоси романи «Падар». Дар асар намояндагони тамоми табақаҳои иҷтимоиву синнусолӣ ба таври рамзӣ ҷаҳони ботинии хешро ифшо мезозанд ва аз ҳузури худ дар ҷомеа ва мақсаду ният ва орзую ҳасрати хеш ба ҳар тариқ изҳори ақида менамоянд.
Аз ибтидои роман сухан аз таъкидҳои шоистаи падар рафта, тадриҷан ин симо ба руҳи абадзиндаи наҷотбахшу раҳнамунсози башар, хосса, насли имрӯзаи мо мубаддал мегардад ва то интиҳои он рамзан ширкат меварзад. Аз нигоҳ ва бардошти аввал образи падар то андозае реалӣ ва бадеӣ ба назар мерасад, чун ба умқи мазмуни асар андешамандона ворид мешавӣ, дармеёбӣ, ки ин образ сирф рамзист. Мақсад ва муҳтавои андешаи нависанда аз интихоби номи асар ва офаридани образи рамзии падар дигар аст. Падар – руҳи бузургу поки аҷдодони нексиришту хирадманд, поктиннату ростқавл, хайрхоҳу саховатпеша, ботадбиру порсо, хуллас, намунаи барҷаста ва гувоҳи ҳастии пешоҳангони соҳибмаърифату соҳибтариқат ва пешвоёни давлатсозу зиндагиофар мебошад.
Аз паҳлуи дигари масъала бо диққат ва диди бадеӣ назар андозем, ишораи муаллиф аз падари солор, ин ақида рӯи кор меояд, ки дар ҷомеаи муосир дар аксар давлатҳои ғарбӣ ва баъзан оилаҳои суннатии шарқӣ низ мақом ва манзалати падар ҳамчун шоҳсутуни хона, посдорандаи расму оини наку, ҷавонмардиву шуҷоат ва солору роҳнамунсоз коста гардида, дар баъзан ҳолат тамоман аз байн рафтааст. Бар хилофи ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзои ҷомеаи навин нависанда Абдулқодири Раҳим дар тамоми хатти сужаи асар, ки бевосита иштирокчии тамоми ҳодисаву воқеа гӯянда – худи муаллиф аст, аз падари бузургвор ба накуӣ ёд меорад ва ба қавли маъруф аз «хатти кашида»- и падар, ки кайҳо боз дунёро тарк намудааст, намебарояд. Гаштаю баргашта аз гуфтаҳои ҳикматомези падар ба сифати руҳи муқаддаси аҷдод бо накуиву эҳтиром на танҳо ёдоварӣ менамояд, балки бо як эҳсоси махсус эҳтиром қоил мешавад. Аз нуқтаи назари нависанда Абдулҳамид Самад «Гирумон, динамика ва силсилабандии андеша, баҳсу талошҳои ровӣ, муаллиф ва мухотаб (Иблис, шайтони раҷим ё роҳзан) дар пояи сарчашмаҳои динӣ: Қуръон, ҳадисҳо, ҳикмату гуфтаҳои классикони адабиёт пуршиддат сурат мегирад». Аз ин ақида хулосае бар меояд, ки мунозираи муаллиф бо Иблис, гуфтугӯи қувваи хайр бо шар сурат гирифтааст.
Оре, Иблис дар замони муосир, бо рангу хислати нав. Яъне, ҷаҳони пуртазоди имрӯза бо он ҳама найрангҳову паёмадҳои пешгӯинашавандааш, ки фарҳангҳо, суннатҳо, расму оин, урфу одатҳои накуву шоиста, маданияту одоби ҳамидаи инсони муосирро кӯшиши фурӯ бурдану ҷои он сангдиливу бесуннатӣ ва бефарҳангиро кӯшиши талқин кардан дорад, ба мазҳари андеша кашида шудааст. Ба гумони ғолиб, ҳадафи нависанда шояд аз ҳамин иборат бошад, ки фарди худогоҳи имрӯз бояд бо дарки баланди масъулияти худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори бузург аз аҷдоду ниёгони хеш ва аз бар кардани дастовардҳои наҷибу судбахши ҷомеаи муосир дар баробари ҳама нобасомониву андешаҳои муғризонаи иблиссифатон қавию устувор ва намуна бошад, то тавонад, ки дар марҳалаи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ҳамчун фард, ҳамчун халқ ва ҳамчун миллат боқӣ монад. Дар асар бармало эҳсос мешавад, ки нависанда бо ҳар тарзу усул ва шеваи хоси нигориши хеш ба хонанда арзишҳои фаромӯшшударо ёдрас кардан мехоҳад. Арзишҳои ба назар кӯчаку ба моҳият хеле бузурге чун гиромӣ доштани дабистон, эҳтироми омӯзгору ҳамсабақ, ҳифзи дӯстиву ҳамраъйӣ, эҳтироми арзишҳои волои диниву ахлоқӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, хосса, либоспӯшӣ, маърифати рӯзгордорӣ ва ҳифзи асолати азалии як инсони комил аз мазуъҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад.
Ба лавҳаи муассир аз роман таваҷҷуҳ менамоем: «Падарам ба хотирам мерасад, ки дар миёни оташу дуд ба сӯи ман меояд. Падар, падарҷон – мегӯям ва худро дар миёни оташу дуд мезанам. Оташу дуд ба чаману ҳавои беғубори баъди борон табдил меёбанд». Пас, гуфтан ҷоиз аст, ки инсон бо ҳидоят ва доштани ризояти падар, қиблагоҳ, роҳнамо ва тарбиятгари руҳу ҷисм мумкин аст, ки ҳар харобаеро ба чаман ва ҳар дуду оташеро ба ҳавои софу беғубор мубаддал намояд.
Аз ибтидо то интиҳо симои падар бо он ҳама рисолату бузургӣ, бо руҳи созандаи худ ровии сужаро ҳамроҳу мададрасон аст. Дар ҳар лаҳзаи душвору мураккаб аз пандҳои падар ба маврид ёд оварда, худро тасаллӣ мебахшад. Аммо, дар фарҷом раванди мазмуни асар ба куллӣ тағйир меёбад. Ва ниҳоят масъалагузорӣ ба шакле ҷараён мегирад, ки бозгӯи вазъи ҷаҳони имрӯза аст. Яку якбора пайдо шудани «силоҳбадастони сабзпӯш», бо ақидаи «Мурдаҳо бояд ба мо – зиндаҳо ҳукмрон набошанд», «Гӯри падаронро ва ҳам дигаронро баъд ҳамвор мекунед. Ба ҷои онҳо хона месозем, кафтархона» гуфтани адиб маънои ниҳоят муассир дорад. Хонандаи огоҳ ба хубӣ дарк менамояд, ки имрӯз дар фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаҳои тезутунд миёни абарқудратҳои манфиатхоҳ бошиддат ҷараён дорад. Мақсади асосии ин муборизаҳо дар навбати аввал, дур кардани ҳар халқу миллати соҳибфазл аз аслу насаби хеш буда, дуюм, ба ҳар василаву найрангҳои диниву сиёсӣ ва истифодаи иқтидори ҳарбиву идеологӣ барангехтани кинаву адовати афроди камсаводу гумроҳ ба арзишҳову суннатҳои аҷдодии хеш мебошад. Дар қадами баъдӣ ин «сарбозони сабзпӯш» афроди асолатбохтаро осон мавриди истифодаи манфиатҳои сиёсии хеш қарор дода, боиси аз байн бурдани халқиятҳову миллатҳои соҳибтамаддун мешаванд. Нобуд сохтану ба хок яксон кардани гӯри падарон маънои рӯй гардондан аз он ҳама арзишҳои накуи ахлоқиву маърифатии ба ёдгор гузоштаи аҷдодонамонро дорад, ки доираҳои манфиатдор мехоҳанд бо канда намудани занҷири эҳтироми насли имрӯз аз фарҳангу суннати дирӯз бесарусомониро дар миёни насли нав рӯи кор биёранд.
Ин масъалаи муҳиму рӯзмарраро адиб бо масъулияти тамом дарк намуда, моро ҳушдор медиҳад, ки бо дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза бо чашми хирад назар намуда, дар ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии аҷдодони хеш, ки тули қарнҳои зиёд бо баҳои ҷон ба мо ба мерос мондаанд ва имрӯз боиси сарафрозиямон дар арсаи байналмилалӣ гаштаанд, ҳушёру эҳтиёткор бошем.
Забон ва услуби асар ба тариқи хос навишта шудааст ва боз ҳам ба ақидаи нависанда Абдулҳамид Самад «Муаллиф гӯё асарро дар як нишаст ва нафас навиштааст». Забони асар аз таъбирҳои халқӣ, панду андарзи ниёгон ва порчаҳои шеърии шевову равон хеле бой аст. Ин нуктаро таъкид бояд кард, ки истифодаи зиёди таъбиру гӯишҳои халқӣ на ҳамеша дар таркиби асари бадеӣ мувофиқи мақсад меояд, вале ин маънӣ ба романи «Падар»-и Абдулқодири Раҳим бегонааст. Адиб тавонистааст, ки ҳар кадоми онро дар ҷои мувофиқ ва муносиб корбаст намояд, ки ин қимати бадеии асарро афзудааст.
Гадомад ЗУЛФИЕВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 август 2023, Чоршанбе
КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ. НИГОҲЕ БА КИТОБИ ХОТИРОТИ АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА “ҲАВОДИСИ РӮЗГОРИ МАН”
Шарҳҳо (0)