ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛЕКСАНДР ЯКУБОВСКИЙ. ЯК УМР РОҲБАРИ ЭКСПЕДИТСИЯИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН

АЛЕКСАНДР ЯКУБОВСКИЙ. ЯК УМР РОҲБАРИ ЭКСПЕДИТСИЯИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН

23 сентябр 2024, Душанбе
11
0
На танҳо тамаддуни бошукӯҳи Хуросони бузург, ки бунёдгарони он тоҷиконанд, балки қаламрави имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ, қадам ба қадам ҷойгоҳи ёдгориҳои бузурги таърихӣ, зиёратгоҳҳо, мадрасаҳо, харобаҳои шаҳру кишварҳо ва шаҳраку кохҳои замонҳои пешин аст. Саразм, Тахти Сангин, Панҷакенти Қадим, Қалъаи Ҳисор дар ҳамин намунаҳои олии давлатдориву шаҳрнишинии мост. Чунин харобаҳо ва ёдгориҳоро дӯстони миллати мо, аз ҷумла Александр Якубовский, бо як гурӯҳ ҳампешагони хеш ба мо муаррифӣ кардаанд. Мавсуф шогирди босадоқати Василий Бартолд буд ва амалан ҷодаи устодашро идома дод. Ёд кардани ному осори онҳо ёд кардани бахше аз таъриху тамаддуни мост.
 
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Ховаршинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АИ шуравӣ, профессор Якубовский 1-уми феврали соли 1886 дар оилаи хидматгари маъмурии русҳо ба дунё омад. Дар масъалаи ҷои таваллуди пажӯҳишгар назарҳо гуногунанд. Дар баъзе сарчашмаҳо Тошканд, дар бештари манбаъҳои дигар Санкт-Петербург зикр мешавад. Таърихнигор Усмон Эшонзод муътақид аст, ки Якубовский зодаи шаҳри Самарқанд мебошад. Падари ӯ Юрий Осипович Якубовский (1857-1929) дар Тошканд мезист ва корманди молия буд. 
Якубовский  соли 1913  ба бахши таъриху забони Донишгоҳи Петербург дохил шуда, баъди хатми он таҳсилашро дар бахши шарқшиносӣ идома дод. Соли 1925 дар Пажӯҳишгоҳи таърихи бостоншиносӣ ба фаъолият пардохта, аз соли 1928 дар Эрмитаж низ корҳои илмиву таҳқиқиро идома дод. Роҳбари илмии ӯ шарқшиноси бузург В. Бартолд буд.
Азбаски барои таърихи тоҷикону ӯзбекон баробар хидмат кардааст, аз ҳукумати вақти ду кишвар унвони Ходими хидматнишондода дорад.
Сарфароз шудан бо ордени Ленин (1945), Ҷоизаи Сталин дараҷаи II (1952), Ҷоизаи давлатии СССР аз шуҳрату ҷойгоҳи волои Якубовский дарак медиҳанд. Ӯ соли 1953 дар шаҳри Ленинград аз ҷаҳон чашм пӯшид.
 
ТАЪРИХЧАИ ОМАДАН БА ТОҶИКИСТОН 
– Омӯзиши ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказиро дар нимаи дуюми асри XIX русҳо оғоз намуданд, вале таҳқиқоти васеъ пас аз инқилоб сар шуд. Муддате, бо сабабҳои мухталиф, дар қаламрави Тоҷикистон то анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ин ҷода корҳои пажӯҳишӣ бурда намешуд,– менависад Усмони Эшонзод, бостоншиноси номвари тоҷик.
Соли 1945 раёсати Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ  гурӯҳи бостоншиносии Тоҷикистонро барои омӯзиши ёдгориҳои даврони гузашта таъсис дод ва он “Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷикистон” ном гирифт (дертар ба Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон табдили ном кард). Александр Якубовский то вопасин нафас сарвари ин экспедитсия боқӣ монд.
Бо сарварии гурӯҳи бостоншиносии Тоҷикистон дар фаъолияти илмии Якубовский давраи нав сар шуд. Ӯ олимони ҷавону баистеъдод М. Дяконов, А. Белениский, О. Смирнова, Б. Ставиский, В. Воронина ва дигаронро ба гурӯҳ ҷалб намуда, соли 1946 ба омӯзиши ёдгориҳои бостонии кишвари мо пардохт.
Бино ба навиштаи Усмон Эшонзод, барои бурдани ҳафриёти бисёрсолаи бостонӣ, харобаҳои Панҷакенти Қадим интихоб шуд. Дастовардҳои илмии солҳои аввал нишон доданд, ки Якубовский дар ин масъала иштибоҳ накардааст. Бештар аз ҳафтод сол аст, ки дар ин шаҳр ҳафриёт идома дорад. Дар ин муддат бостоншиносон доир ба ҷанбаҳои гуногуни таърихи Панҷакенти Қадим силсилаи бузурги корҳои илмиро сомон бахшиданд ва нахустин мақолаву асарҳои илмӣ оид ба таърихи ин шаҳр ба қалами Якубовский тааллуқ доранд.
 
ХИДМАТИ ШОИСТА ДАР ТАЪСИСИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Якубовский яке аз саромадони илми академии Тоҷикистон аст. Соли 1934 дар назди Шурои Комиссарони халқии Тоҷикистон шуро оид ба илм созмон ёфт. Ба он А. Раҳимбоев (раис), Е. Павловский, А. Якубовский, А.Семёнов, М. Андреев ва дигар олимон шомил буданд. Ин шуро дар рушди илм, омӯзиши сарватҳои табиӣ, таърих, неруҳои истеҳсолкунандаи кишвар нақши муҳим бозид.
Бо қарори Шурои Вазирони ИҶШС аз 9-уми октябри соли 1950 ӯ узви комиссияи ташкилӣ баҳри таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Бо бунёди Академия (1951), Якубовский пайванди ҳақиқӣ ва академики он интихоб гардид.
Ин донишманд дар ташкили пойдевори илми Тоҷикистону омӯзиши таъриху тамаддуни куҳани миллати мо нақши неке дорад. Аз ҷумла, таъсиси мактаби бостоншиносии тоҷик ва тарбияти шогирдони зиёд, аз хидматҳои арзандаи ӯст.
Дар асарҳояш масъалаҳои таърихи маданияти моддии мардумони Осиёи Марказӣ (Варорӯд), этногенези тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва муборизаи синфӣ («Шурши Торобӣ дар с. 1238» (1935), «Исёни Муқаннаъ – ҳаракати сафедҷомагон» (1948) таҳқиқ шудаанд. 
Ҳамчунин, оид ба этимологияи вожаҳои Самарқанду Бухоро пажӯҳиш бурда, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти фарзанди бузурги тоҷикон – Ибни Сино ва саркардаҳои шӯришҳои калон – Муқаннаъ ва Маҳмуди Торобӣ мақолаҳои муҳим навишт.
Якубовский забонҳои тоҷикӣ ва арабиро хуб медонист ва омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ  барояш осон буд. Ба таъриху тамаддуни асримиёнагии Хуросони бузург,  Эрон,  Хилофати  Араб ва Қафқозу ҷануби Русия таваҷҷуҳи беш дошт. Корҳои илмияш ба воқеаҳои таърихи ин минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Самарқанд, бахшида шудаанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив