ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ Ё АЗ ОРЗУ ТО АМАЛ

ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ Ё АЗ ОРЗУ ТО АМАЛ

23 октябр 2024, Чоршанбе
6
0
Мо – ҷавонон, ҳамчун насли хуштолеи замон шукрона аз он мекунем, ки дар фазои амну осуда ба воя расида, барои таҳсил ва камолоти шахсии худ беҳтарин шароитҳоро дар ихтиёр дорем. Вале ин ба маънои он нест, ки аз таърихи давлатдории навин ва воқеоти ҷонсӯзи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бехабар бошем. Албатта, ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро бо чашми сар надидаем, вале аз нақли калонсолону шоҳидони замони ҷанг, матолиби ВАО ва таърихнавиштаҳо вазъи ногувори ибтидои истиқлоли давлатиро дар зеҳни худ маърифат карда метавонем.
Ҳоло, чизе ки дар доираи фаҳмиши як донишҷӯ вобаста ба омилҳои эътидоли вазъи нобасомони он солҳо ва гузаштан ба марҳалаи нави созандагӣ дарк мешавад, ҳамонест, ки таърих дар хотираи худ сабт кардаву далели бебаҳс аст. Яъне, ба оғози саодати миллӣ Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ замина гузошта, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшид ва зиндагии шоистаро танзиму таъмин намуд, ки мо дар остонаи Ҷашни 30-солагии ин санади тақдирсоз қарор дорем.
Бо ифтихор аз имрӯзи дурахшон ва зиндагӣ дар Ватани ободу осуда, мо –ҷавонони саодатманди кишвар, бояд ба хидматҳои беназиру мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузор бошем, ки баъд аз интихоб шуданашон ба ҳайси Сарвари давлат барномаҳои муҳими давлатсозии миллиро рӯи даст гирифтанд, ки раванди таҳияи матн ва омода намудани лоиҳаи Конститутсия бо фарогирии меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ буд. Дарвоқеъ, ин яке аз масъалаҳои калидие маҳсуб меёфт, ки маҷрои зиндагии мардуми парешонро ба танзим даровард ва марҳала ба марҳала рушд бахшид.
Акнун мо дар масири тараққиёт қарор дорем ва зиндагиамон аз ҳар ҷиҳат рангину пурҷило аст. Дар ҳамин ҳол, вазъи замони гузаштаро бо шароити имрӯза аз чанд дидгоҳ метавон дар муқоиса гузошт ва рӯи он андеша кард. Дар ин миён, танҳо агар масъалаи рафтуомади шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигарро ба риштаи таҳлил кашем, шояд насли ҷавон ба ранҷу машаққати дар гузашта мавҷудаи он бовар накунанд.
Ба нақли падарам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сафар кардан ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвар бо сабаби ниҳоят кам будани нақлиёти мусофиркашонӣ мушкил буд. Мардум, тавассути автомашинаи боркашу трактор ба манзил расиданро орзу менамуданд. Дар пойтахти кишвар ҳам вазъи мусофиркашонӣ чандон хуб набуд. Барои ба дарс ва ё ҷойи кор рафтан дар автобусу троллейбус ҷой намерасид. Мардум илоҷе карда, худро ба автобус ҷой мекарданд, қисме дар дохили нақлиёт ва баъзеҳо худро пушти дару зинапояи автобусу троллейбусҳо ҷой карда, ба манзил мерасиданд. Аксар вақт бо сабаби қатъ гардидани неруи барқ, троллейбусҳо соатҳо дар хатсайрҳо аз ҳаракат бозмемонданд. Мардум сарсон шуда, ба кор дер мекарданд. Барои напардохтани роҳкиро ҳар рӯз байни ронандаву мусофирон моҷаро буд. Яке бо зӯрӣ, дигаре бо зориву надоштани маблағ ҳаққи роҳро пардохт намекард.
Чун сухан оид ба камбуди нақлиёти мусофиркашонӣ дар солҳои мавриди назар мерафт, падари як дӯстам бо номи Норас воқеае, ки бо ӯ рух дода буд, чунин нақл кард:
– Ҳамроҳи модарам ба аёдати тағоям рафтем. Баъд аз дидорбинӣ модарам гуфт, ки сари қадам тағои дигарамро, ки хонааш 12 км дуртар буд, бояд хабар гирем. Ба роҳ баромадем, бо умеди он, ки шояд, нақлиёте ояду моро то ҷойи таъиншуда расонад, вале хато кардем. Ними роҳро тай намуда, ба борхалтаам назар кардам, ки дар он ангур гузоштаанд. Бо сабаби он ки бор вазнинӣ мекард, аз ночорӣ ними ангурро ба замин рехтам, чунки дигар мадори бардоштанашро надоштам. Хулоса, баъд аз ду шабонарӯз масофаи 40 км роҳро бо машаққат тай карда, ба хона баргаштем.
Тағоям мегӯяд, ки вақте апаат таваллуд шуд, ба ноҳия омада, барои ӯ гаҳвора харидам. Чун хостам ба хона баргардам, соатҳо интизори нақлиёт шудам, вале бенатиҷа. Дар ниҳоят, масофаи зиёда аз 20 километрро дар пушт гаҳвора пиёда тай кардам. Ба ин монанд метавон чандин мисолҳо овард.
Хушбахтона, имрӯз бо барқарории сулҳу субот, сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият, махсусан дар самти нақлиёти мусофиркашонӣ, дигаргуна аст. Автобусу троллейбус, электробусу элкектромобил ва дигар нақлиёти мусофиркашонии замонавӣ бемамониат равуо доранд. Вазъият то ҷое тағйир хӯрда, ки баъзе мусофирон, хусусан ҷавонон, барои сафар ба дигар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ҳатто дар автомошинаи тамғаи «Opel» ва ё дигар воситаҳои нақлиёти ба қавле одиву камарзиш савор намешаванд. Онҳо дар бисёр маврид ҷипҳоро интихоб мекунанд.
Сатҳи зиндагии мардум дар ин давра боло рафтааст. Алҳол дар баъзе хонаҳо то ду-се автомашинаи сабукрав ва аз ин ҳам зиёд дида мешавад, дар ҳоле ки пештар дар баъзе деҳаҳои хурд ин миқдор мошин набуд. Бубинед, ки дар 33 соли соҳибистиқлолӣ тафовут аз куҷо то ба куҷост. Барои дидану баҳо додани ин ва дигар пешравиҳо чашми ҳақбин лозим аст. Пас моро зарур аст, ки аз ҳамин дидгоҳ ба имрӯзу дирӯзи хеш бингарем, нагузорем, ки андешаҳои носолиме, ки аз ҷониби бадхоҳони давлату миллати тоҷик таблиғ мешаванд, ба зеҳну шуурамон роҳ ёбанд. Балки бо неруи ҷавонӣ ва дидгоҳи маърифатпарвар ба ҳар гуна ҷараёнҳо баҳо диҳем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳм гузорем ва нақшаву ҳадафҳои нопоки душманони хешро нақше дар об созем. Ватанро сидқан дӯст дорем ва нагузорем, ки ба кишвари азизамон газанде бирасад.
Иброҳими САЙФУЛЛО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив