ҚОНУНИ МИЛЛӢ. АЗ МАНФИАТИ ИҚТИСОДӢ ТО БАРАКАТ ДАР ҲАР ХОНАДОН
Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ибтидои солҳои 2000-ум дар саросари кишвар ҳангоми баргузории ҷашну маросими мардумӣ бенизомиҳои зиёде вуҷуд доштанд. Мардуми нав аз мушкилоти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳошуда ва дар сатҳи камбизоатӣ қарордошта ҷашну маросими ба ҳукми одат даромадаро бо душвориҳо баргузор намуда, рӯзгори худро боз ҳам сангинтар менамуданд. Чунин раванди носолим аз назари Сарвари давлат дур намонда, баҳри рафъи он бо хиради азалии хеш пешниҳодеро рӯи кор оварданд, ки ба беҳбудии вазъи рӯзгори мардум мусоидат намуд.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва 8-уми июни соли 2007 қабул гардид. Ҳоло 18 сол аст, ки бо василаи ин Қонуни воқеан миллӣ, ки зимни таҳияи лоиҳаи он ба таклифу пешниҳодоти мардум бартарӣ дода шуда буд, рӯзгори сокинон беҳбуду таровати тоза ёфтааст.
Бешак, Қонуни мазкур дар тули мавҷудияташ ҷашну маросими миллиро ба танзим даровард. Агарчи тибқи талаботи он ҳар шаҳрванди кишвар дар гузарондан ва ё нагузарондани маросими зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ соҳибихтиёр аст, вале дар баргузории онҳо бояд ба харҷи зиёдатӣ, исрофкорӣ роҳ надиҳад. Мутаассифона, то ҳанӯз баъзе аз сокинони кишвар зимни баргузории маъракаву маросими алоҳида ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ба аҳкоми динӣ ва талаботи Қонун мухолиф аст. Воқеан, дар дини мубини Ислом ҳам исрофкорӣ ҳаром ҳукм шуда, Худованд исрофкоронро дӯст намедорад. Чунончи, дар сураи Исро, ояти 27-и Қуръони маҷид таъкид гардидааст: «Ҳароина исрофкорон бародарони шайтонанд ва иблис нисбат ба Парвардигораш носипос буд».
Дар пайвастагӣ ба мавзуи мавриди назар як нуктаро бояд таъкид намуд, ки имрӯз аксари шаҳрвандон дар бораи садақаи шаръӣ маълумоти комил надошта, онро танҳо дар додани таом мефаҳманд. Ҳол он ки садақа дар шакли додани либос барои бенавоён, ятимон, бепарасторон ва бунёди мактабу бемористон, сохтани пулҳо, таъмири роҳҳо низ, буда метавонад.
Худованд дар сураи Бақара, ояти 215 мефармояд: «Эй Паёмбар аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигӯ: аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар, наздикон, ятимон мискинон ва ба мусофирону дар роҳ мондагон садақа кунед. Худованд аз ҳар некие, ки анҷом медиҳед, огоҳ аст».
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Ваҳдат якҷо бо ходимони дин дар байни мардум оид ба талаботи шариати исломӣ ва аҳодиси набавӣ, ҷавобгӯй набудани маросими сею ҳафту чилу сол, ки барои баргузории онҳо дар сарчашмаҳои асили шаръӣ ва фиқҳи ҳанафӣ ҳукму ҳуҷҷате қабул нашуда, мазҳаби Имом Абуҳанифа ҳукми ин гуна амалро бидъат (навоварӣ дар дин) ва макруҳ (нораво) эълон кардааст, пайваста корбарӣ менамояд.
Яке аз олимони машҳури ислом аллома Муҳаммад Кардарии Ҳанафӣ, Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ чунин таъкид намудааст: «Яке аз одатҳои пасту зишти мардуми мо исрофкорӣ дар маросимҳои севу чилу сол мебошад, ки ин гуна маросим дар ибтидои ислом вуҷуд надошт. Дар ин рӯзҳо, яъне рӯзи якум, дуюм, савум ва рӯзҳои хос макруҳ мебошад». Натиҷаи корбариҳост, ки маросими зикршуда тадриҷан коҳиш ёфта истодааст.
Фақеҳони бузурги ҳанафимазҳаб бар он ақидаанд, ки ҳангоми мусибат барои ба мусибатзада изҳори тасаллӣ намудан ва бозмондагонро ба сабр даъват кардан, ҷамъ шудан суннат ва мустаҳаб аст. Агар ҷамъшавӣ махсуси рӯзҳо бошад, он ҳаром ва бидъат маҳсуб мегардад. Ин худ далели он аст, ки баъзе амалҳои ба ном исломӣ, аслан ба дини мубини Ислом рабте надоранду танҳо хурофотанд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, ки, ҳамзамон, раисии комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳрро ба зимма дорад, пайваста таъкид менамояд, ки ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бояд мансабдорон ва ашхоси дар мақомоти давлатӣ фаъолияткунанда чун намунаи ибрат талаботи қонунро ҳатман риоя намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳарчанд корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ натиҷаҳои назаррас додаистодаанд, дар шаҳри Ваҳдат соли 2024-ум 59 ҳолати қонуншиканӣ дар самти танзими ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи 289 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд.
Дар шароити феълӣ, ҳамаи мо бояд дастурҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба беҳбудии рӯзгор ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар нигаронда шудаанд, сармашқи ҳамешагии кору фаъолияти хеш қарор диҳем ва талаботи Қонуни миллиро, ки манфиатҳои иқтисодии ҳар оиларо ҳимоят мекунанд бечунучаро риоя намоем.
Сулаймон НАҶМУДДИНОВ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Ваҳдат
Санаи нашр: 05.03.2025 №: 48