«ЁДДОШТҲО»-И С. ЯТИМОВ ВА БОЗТОБИ СИМОИ НАСЛИ НАВИ ҶОМЕАИ ТОҶИК

29 апрел 2026, Чоршанбе
0


(АНДЕШАҲО ОИД БА «ЁДДОШТҲО»-И УЗВИ ВОБАСТАИ АМИТ, ПРОФЕССОР ЯТИМОВ С.– ҚИСМИ 1. ХУҶАНД: НОШИР, 2025.– 675 С.)
Адабиёт ҳамчун низоми мураккаби маърифат дорои шаклу жанрҳои гуногун аст, ки ҳар яке дар шинохт ва инъикоси воқеияти зиндагии инсон ва ҷомеа вазифаи мушаххасро иҷро менамояд. Дар ин миён насри хотиротӣ, бахусус жанри ёддошт, дар таърихи адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти тоҷику форс, ҷойгоҳи вижа дорад. Ёддошт ба воқеияти зиндагӣ, муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин ба шахсияти муаллиф робитаи мустақим барқарор намуда, таҷрибаи фардиро бо хотираи таърихиву иҷтимоӣ пайванд медиҳад ва ба ин восита як шакли махсуси дарки замонро пешниҳод мекунад.


Аз нигоҳи таърихӣ ёддоштнависӣ натиҷаи таҳаввулоти тадриҷии наср мебошад. Решаҳояш дар осори таърихӣ, ахлоқӣ, сафарномаҳо ва катибаҳои расмӣ ҷой дошта, тадриҷан ба сӯйи насри иҷтимоӣ ҳаракат кардааст. Ёддошт бо тағйири муносибат ба воқеият, таваҷҷуҳ ба тасвири рӯйдодҳои умумӣ ба бозтоби эҳсос, хотира ва таҷрибаи фардӣ интиқол ёфт ва ба оинаи ботини инсон мубаддал гардид.
Дар шароити нави таърихӣ низ ёддоштнависӣ аҳамияти худро аз даст надода, ҳамчун воситаи баёни таҷрибаи шахсӣ, таҳлили воқеият ва ҳифзи хотираи ҷамъиятӣ дар адабиёт ва ҷомеа мақоми устувор касб намудааст. Ятимов Саймумин – сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, арбоби давлатӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки фаъолияти амалии худро бо андешарониҳои илмӣ ва таҳлилӣ ба таври густурда пеш мебарад. Ӯ дар баробари иҷрои масъулиятҳои давлатӣ, натиҷаи таҷрибаву мушоҳида ва хулосаҳои ҳаётии худро пайваста дар шакли мақола ва навиштаҳои таҳлилӣ манзури ҷомеа менамояд. Нигоштаҳои С. Ятимов, ки дар рӯзномаҳо пайваста ба нашр мерасанд, асосан, ба масъалаҳои калидии ҳаёти иҷтимоӣ, аз қабили аҳамияти илму дониш, ҳувияти миллӣ, таълиму тарбияи насли ҷавон ва масъулияти шаҳрвандии ҳамватанон бахшида шуда, бо сабки мутавозин ва таҳлили мантиқӣ фарқ мекунанд.
Нашри китоби «Ёддоштҳо» (соли 2025) дар ду ҷилд марҳалаи тозае дар фаъолияти эҷодии Саймумин Ятимов ва ҳамзамон падидаи муҳим дар насри давраи нави тоҷик маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти фарохии мавзуъ ва васеъ будани мундариҷа ҳар ду ҷилди асар дорои истиқлоли маъноӣ мебошанд. Дар ин баррасии мо таваҷҷуҳ ба ҷилди якум равона гардидааст, ки он ҳамчун заминаи маънавӣ ва сохтории асар нақши муҳим дорад.
Хусусияти асосии жанрии «Ёддоштҳо»-и профессор Ятимов дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф аксаран воқеаҳоро аз мавқеи иштирокдор ва шоҳиди бевосита баён мекунад. Сабки баён фасеҳу равон буда, ба лаҳни баёни гуфтори диққатҷалбкунанда такя дорад. Муаллиф ҳангоми тасвири амалиёту муносибати ширкаткунандагон ва муҳити иҷтимоӣ ба арзёбии шахсӣ рӯ меорад ва таҷрибаи зиндагиро бо хулосабарориҳои маънавӣ пайванд медиҳад. Ин равиш робитаи муаллиф ва хонандаро табиӣ ва боварибахш гардонида, ба матн хусусияти таъсиргузорӣ ато мекунад.
Аз лиҳози мазмун «Ёддоштҳо» фарогири марҳалаҳои гуногуни зиндагии қаҳрамони асосӣ аст: аз хотираҳои кӯдакӣ то солҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти касбӣ. Ҳар як лавҳа бо диди таҳлилӣ ва бо таваҷҷуҳ ба паҳлуҳои иҷтимоию ахлоқии воқеаҳо пешниҳод мешавад. Нависанда воқеаҳои шахсиро ба таври мустақим нақл карда, аз онҳо хулосаҳои умумӣ мебарорад ва онҳоро ба таҷрибаи иҷтимоӣ табдил медиҳад.
Сохтор ва бандубасти асар низ мутаносиб ва пайдарҳам аст. Фаслҳои алоҳидаи «Ёддоштҳо» бо порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти классикони адабиёти форсу тоҷик оро ёфтаанд, ки аз ин матни асар боз ҳам ҷолибу ҳадафрас гардидааст. Муҳтавои фасли «Аз илм мурод ҷуз амал нест» аз ҳикматҳои Носири Хусрав, аз ҷумла, байти:
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад. –
тақвият меёбад. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимовро метавон намунаи муваффақи насри ёддоштӣ дар давраи истиқлолият донист.
Қисми якуми китоб аз 10 боб ва 140 фасл иборат буда, унвонгузориҳои бобу фаслҳо низ хусусияти рамзӣ ва андешабарангезӣ доранд. Ба ҷуз фаслҳое, ки бо номи шахсони воқеӣ ё ифодакунандаи касбият номгузорӣ шудаанд, аксари унвонҳо бо такя ба ишораҳои адабӣ ва маънавӣ интихоб гардидаанд ва хонандаро ба андешаи амиқ водор месозанд. Аз ҷумла, унвонҳое чун «Эй нури чашм, сухане ҳаст, гӯш кун», «Як нома буд аз гаҳи бостон», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Ошиён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор» пешакӣ фазои маънавии ҳар фаслро муайян менамоянд ва дар ҳама ҳолат арзишҳои иҷтимоии сухан дар мадди аввал меистад.
Дар ҳамин замина, профессор С. Ятимов донистани забон, адабиёт ва таърихи миллиро ҳамчун арзиши аввалиндараҷа ва пояи ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунад. Ин андеша дар фасли «Хирад афсари шаҳриёрон бувад» ба таври возеҳ баён шудааст. Муаллиф менависад: «Баъди хатми мактаб интихоби ягонаи ман факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ буд. Эътиқоди ман бар он асос меёфт, ки ҳувияти миллии тоҷик, муҳимтарин омиле, ки баъд аз ҳазор сол ӯро соҳибдавлат кард, забон, адабиёт, таърих, яъне решаҳои тамаддунии ӯст». Аз ин рӯ, ба чоп расидани «Ёддоштҳо»-и мазкур бо вижагиҳои хоси худ дар адабиёти давраи нави тоҷик аҳамияти калон касб намудааст. Ин асар дар баробари идомаи суннати ёддоштнависӣ, ҳамчун намунаи комили андешаҳои созандаи муаллиф дар шароити нави таърихӣ қимат дорад:
1. Асар аз лиҳози сохт, таркиб ва тарзи баёни мавзуъҳо пурра ба меъёрҳои жанри ёддоштнависӣ мувофиқ аст. Риояи пайдарпайии хронологӣ дар нақли воқеаҳо ба хонанда имкон медиҳад, ки марҳалаҳои ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи зиндагии муаллифро мунтазам пайгирӣ намояд. Ин тартиб асарро аз парокандагии маъноӣ ҳифз карда, ба он якпорчагии сохторӣ мебахшад.
2. Дар «Ёддоштҳо»-и мазкур пайванди равшан ба анъанаи ёддоштнависии адабиёти ғании тоҷику форс, бахусус ба «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ, мушоҳида мешавад. Ин пайванд на дар шакли тақлид, балки дар идомаи эҷодкоронаи равиш, диди иҷтимоӣ ва масъулияти маънавии нависанда зоҳир мегардад. Муаллиф бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва тафаккури таҳлилӣ суннати классикиро бо ниёзҳои замони муосир ҳамоҳанг месозад.
3. Ровӣ ва қаҳрамони марказӣ дар асар нақши фаъол дорад. Ин ҳолат ба асар самимият ва эътимод мебахшад. Қаҳрамони марказӣ ҳамчун наврасе ва баъдтар ҷавоне тасвир мешавад, ки бо ҷасорат, кӯшишу ғайрат ва талоши пайваста дар роҳи илмомӯзӣ ва маърифати ҳаёт ба зиндагӣ бо дили гарм ва андешаҳои созанда менигарад. Чунин образ метавонад барои насли ҷавони имрӯз намуна ва идеал гардад, зеро адабиёти давраи нав ба тасвири ҳамин гуна шахсиятҳои фаъол ва маърифатмеҳвар эҳтиёҷи калон дорад. Муаллиф аз давраи кӯдакӣ, таҳсил дар мактаби миёна ва муассисаи таҳсилоти олӣ бо ифтихор ёд мекунад ва ин эҳсоси эҳтиром ба омӯзгорон ва шахсони донишманд ҳамроҳ аст. Хусусан, дар баёни воқеаи озмуни ноҳиявӣ аз фанни таърих ин руҳия ба таври возеҳ инъикос меёбад. Дар маҷмуъ, фаъолияти қаҳрамони марказӣ симои ҷавонони фаъоли ҷомеаро таҷассум месозад.
4. Дар ташаккули шахсияти қаҳрамони асосӣ образи падар нақши калидӣ дорад. Ятимов Абдусаттор ҳамчун инсони таҳсилдида, омӯзгор, раҳнамои хонадон ва пешоҳанги аҳолӣ муаррифӣ мешавад, ки аз овони кӯдакӣ то давраи камолот ба фарзандон таъсири амиқ гузоштааст: «Он хислати падарам, ки бештар дар назари ман ҷило пайдо мекард, меҳнатқаринӣ, кордӯстӣ, мушкилнописандӣ, ростқавлӣ, адолатхоҳӣ, ҷавонмардӣ, ғаюриву далерӣ ва садоқати беандоза ба дӯстони покниҳод буд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, ӯ худро дар зиндагӣ мустақил, худкифо ва озод эҳсос мекард. Ҳама корро бо дасти худ анҷом медод. Бениёз будани худро ҳифз мекард». Нутқи падар саршор аз панду ҳикмат буда, далели баҳраварӣ аз таҷрибаи зиндагӣ, қонунмандиҳои мантиқӣ ва арзишҳои инсонист. Дар фасли «Сухан, к-он аз сари андеша ояд» ҳикматҳои баҷо ва бамавриди падар, чун «Ман мир, ту мир, хари моро кӣ об медиҳад?», «Вақти шодӣ ба майдону вақти ҷанг ба каҳдон», «Қассоб бачаи худро ҳам фиреб кардааст», басо нишонрас ва омӯзанда садо медиҳад.
5. Образи модар низ дар асар бо эҳсоси баланд ва самимияти хос тасвир шудааст. Раҳимова Зебуннисо ҳамчун зани оқила, заҳматкаш, босавод ва соҳиби андешаҳои созанда муаррифӣ мегардад. Муаллиф модарро шахси азиз, такягоҳи маънавӣ ва манбаи устувории зиндагӣ мешуморад. Аз ҷумла, дар фасли «Ҳастии ман зи ҳастии ӯст», ки ба ин модари мушфиқу меҳрубон ва заҳматкаш бахшида шудааст, муаллиф чунин менигорад: «Бо гузашти солҳо ман ҳайрон мешавам, ки чӣ тавр як духтари камбағали меҳнатӣ дар солҳои сиюми асри гузашта, дар шароити ниҳоят ногувор – кори саҳрову чордевори ба ном синфхонаи тираву тор соҳиби хатту савод гаштааст». Тасвироти марбут ба модар хусусияти иҷтимоӣ касб намуда, симои зан-модари тоҷикро ҳамчун сарчашмаи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа таҷассум месозад.


6. Дар ташаккул ва такомули симои қаҳрамони марказии асар дар айёми тифлӣ ва наврасӣ муҳити зисти ҳамдеҳагон (хонадони Абдусаттори муаллим соли 1953 аз деҳаи Кафлондараи ноҳияи ҳозираи Темурмалик ба деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор омадаанд) ва мавқеъву манзалати шахсони муътабаре чун бобои Бозормуҳаммад, бобои Қурбоналӣ, Карими Дадабой, кампири афсонагӯ, момаи Музайян… низ саҳм доранд. Қиссаи аз аввалин ободгарони деҳаи Ориён – Бозормуҳаммади 90-сола дар бораи аз тарафи бобову падараш ба ҳалокат расондани як шеру ду шербачаи ба деҳа ҳамлавар ба Саймумин зиёда таъсир карда, ӯ ба ақлу заковат, ҷасорат ва тадбирнокии ниёгон сано мехонад.
7. Хотироти муаллиф дар бораи фазилати илму дониш ва аҳамияти таҳсил дар мактаб басо ҷолиб ва омӯзанда мебошад. Професор С. Ятимов мактабро, пас аз падару модар, дуюмин омили асосии ташаккули шахсият шумурда, таъкид мекунад: «Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд, балки бо он ифтихор доранд, ки чӣ қадар шогирд тарбия намудаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш бошанд». Ин андешаҳо бо фаъолияти омӯзгорони воқеан сарсупурдаи касби хеш тақвият меёбанд. Ёдоварӣ аз устодоне чун Ғоибназар Забиров, Усмон Раҳмонов, Амонулло Саидов, Пасечникова Фаина Дмитриевна, Саид Шарифов, Бегмурод Гадоев ва дигарон далели равшани таъсири муҳити омӯзгорӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии муаллиф мебошад.
8. Нақш ва ҷойгоҳи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос бо эҳтиром ва қадршиносӣ баррасӣ мешавад. Бо ихлос ёдовар шудани профессор Ятимов аз устодони давраи донишҷӯйӣ ва изҳори сипос ба донишгоҳе, ки дар он таҳсил кардааст, арзиш ва манзалати илму донишро боз ҳам равшантар бозгӯ менамояд. Муаллиф менависад: «Масъалаи дохил шудан ба Донишгоҳи Кӯлоб дар тасаввури ман баробар ба дохил шудан ба бузургтарин ва пурнуфузтарин мактаби олии замони шуравӣ – Донишгоҳи ба номи Ломоносов буд». Ин баҳои баланд, пеш аз ҳама, ба сатҳи донишу фарҳанг ва масъулияти омӯзгории устодони ин боргоҳи маърифат такя дорад. Боварӣ ба шахсиятҳое чун Иззатулло Тамлихоев, Қадир Рустамов, Соат Чалишев, Низом Баротов, Раҳим Саидов, Рустам Ҷӯраев, Тунӣ Боқиров, Қаюм Сангов, Ёралӣ Содиқов, Маҳмадулло Ибодов, Шариф Достиев ва дигарон симои Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ҳамчун маркази муҳими таълиму тарбия муаррифӣ мекунад.
9. Бахшҳои вобаста ба интихоби касб, хизмати ҳарбӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва идомаи таҳсил дар самтҳои дигари илм низ бо самимият ва эҳтироми ба худ хос баён шудаанд. Муаллиф ин марҳалаҳоро бештар ҳамчун таҷрибаи ҳаётӣ ва мактаби ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ ва касбӣ ёдовар мешавад. Симоҳои нуронӣ, хирадмандӣ ва тинати поки собиқадори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ полковник Абдуҷаббор Суюнов, академики АМИТ Мусо Диноршоев, роҳбари муассисаи махсус генерал – майор А. С. Михайловский ва ҷавони накукору гармчеҳра Асомуддин хонандаро ба андешаи созанда водор мекунад. Садоқат ва сипосгузории муаллифи «Ёддоштҳо» ба устодаш – полковник Абдуҷаббор Суюнов ба дараҷаест, ки ҳикмати «Ҳаққи устод аз падар беш аст»-ро ба хотир меорад. Вақте ки устод аз дунё мегузарад, шогирд дар ҷустуҷӯйи байти мувофиқе барои ҳаккокӣ кардан дар санги мазори устод меафтад ва оқибат худаш, бо вуҷуди он ки ҳеҷ гоҳ дар фикри шеърнависӣ набудааст, чор мисраи ба дилаш наздик навишта, дар санг ҳаккокӣ мекунад. Ҳамчунин, шогирди муътақид пайвандони Абдуҷаббор Суюновро, ки дар деҳаи Андарсойи ноҳияи Спитамен зиндагӣ мекарданд, пайдо карда, бо онҳо гоҳ-гоҳ дидорбинӣ мекунад ва бо ҳамин арвоҳи устоди худро шод мегардонад.
10. Рӯйи чоп омадани китоби «Ёддоштҳо»-и профессор С. Ятимов, ҳамзамон, дар муаррифии муносибатҳои иҷтимоии аҳолии як минтақаи бонуфузи кишвар – минтақаи Кӯлоб, дастоварди арзишманд ба шумор меравад. Асар собит месозад, ки сарзамини аҷдодии мо дар ҳама давру замон зодгоҳи одамони донишманду бофарҳанг буда, ин анъана имрӯз низ идома дорад. Минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар баробари дигар гӯшаву канори кишвар бо шоирон, фозилон ва донишмандони худ шуҳратёр аст. Ноҳияи Фархор ҳамчун макони қадимаи ин минтақа ба шарофати заҳмат ва зиндагии аҳлонаи фарзандони содиқ ба муҳити обод, дилнишин ва фарҳангпарвар табдил ёфтааст.
11. Профессор С. Ятимов бо таълифи «Ёддоштҳо» симои донишҷӯёну омӯзгорони миллати тоҷикро дар як давраи таърихӣ пешкаши хонанда месозад. Дар асар тасвири руҳафтодагӣ ва беиродагӣ ё бетарафии мутахассисони соҳаи маориф ба назар намерасад. Баръакс, талабагон, донишҷӯён ва омӯзгороне, ки муаллиф онҳоро муаррифӣ мекунад, фаъол, меҳнатдӯст, масъулиятшинос ва арзандаи ситоиш мебошанд. Ин гуна тасвирҳо хонандагонро дар руҳияи илмомӯзӣ, заҳматқаринӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуда, ба онҳо неруи эътимод ба худ мебахшад. Ба назар мерасад, ки муаллиф ҳадафмандона бо андешаҳои созанда, эҳтиром ба волидон, садоқат ба касб ва меҳнати ҳалол роҳи намунаи ибрат буданро дар ҷомеа нишон медиҳад.
12. Дар баробари арзишҳои маърифатию тарбиявӣ, асар дорои аҳамияти баланди фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. «Ёддоштҳо» дар шинохти арзишҳои ҷаҳонишавӣ, равандҳои фикрӣ ва одатҳои иҷтимоии одамон нақши муҳим дорад. Муаллиф бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва диди таҳлилӣ паҳлуҳои гуногуни муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангиро бозтоб дода, робитаи байни фард, ҷомеа ва замонро равшан месозад.
Дар умум, дар таърихи ёддоштнависии адабӣ профессор Саймумин Ятимов бо эҷоди «Ёддоштҳо» ҳамчун идомадиҳанда ва такмилдиҳандаи ин жанр дар давраи нави адабиёти тоҷик нақши созанда дорад. Муаллиф ба паҳлуҳои иҷтимоии зиндагии инсон аҳамияти махсус медиҳад, ки ин равиш ба жанри ёддошт хусусияти инсонгароёна бахшида, онро ба асари зинда, таъсирбахш ва ҳунарӣ табдил додааст. Бо ин асос метавон гуфт, ки «Ёддштҳо»-и мазкур ҳамчун манбаи боэътимоди адабӣ ва иҷтимоӣ дар омӯзиш ва муаррифии як давраи басо муҳими таърихи миллати тоҷик саҳми босазо ва муносиб мегузорад.


Аламхон КӮЧАРЗОДА,
профессор, узви вобастаи АМИТ,
Шамшоди ҶАМШЕД,
номзади илмҳои филология,
дотсент

Санаи нашр: 28.04.2026 №: 78-79