МЕҲРИ МОДАР. МУЪҶИЗАЕ, КИ ҚАЛАМ ДАР ТАСВИРАШ ОҶИЗ АСТ
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарфи зебо чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ ниҳон аст. Дар олами фонӣ муқаддастар аз модар касе нест.
Модар! Сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт дар рӯи Замин. Калимаи модар дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел бо оҳанги навозишкорона садо медиҳад. Синну соли мо чанде ки бошад, хоҳ тифл бошему хоҳ калонсол, ба навозишу меҳрубонии модар ниёз дорему канораш будан макони оромишамон маҳсуб меёбад. Домони модар давлатест, ки дар он танҳо ишқ асту муҳаббат, меҳр асту рафоқат, сидқ асту садоқат. Дар мавриди бузургии модар Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи мулоқотҳояшон бо ҳисси эҳтироми хос ҳарф мезананду модарро бузургтарин муъҷиза мехонанд. Дар васфи модар дар яке аз суханрониашон чунин зикр намуданд: "Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом (с), аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд…».
Бале, модар барои ҳар инсон азизтарин кас маҳсуб мешавад. Бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Беҳуда намегӯянд, дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Саодати зиндагӣ дар зан нуҳуфтааст. Бешак, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар касе ҳидоят карда наметавонад. Модар муаллимест, ки дар зиндагӣ ҳамагон ниёз ба ҳар як каломи ширину муҳаббатбори ӯ доранд. Модар равшангарест дар шоми тор, оромбахшест дар рӯзгор. Насиҳатҳои модар чунон фараҳбахшу дилпазиранд, ки ба ҷуз ӯ касе қудрати гуфтани чунин ҳарфҳоро надорад. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмонаш, аз тамоми ҳастиаш нур меборад ва маҳз ҳамин нур моро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ карда, ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Воқеан, агар зан-модар намебуд, дунё рангин намегашту зиндагӣ гуворову дилпазир. Шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ хуш гуфтааст:
Ман тавонам сурати модар кашам,
Сурати модар ба хатти зар кашам.
Ман тавонам чашму рӯву мӯи ӯ,
Бо ҳазорон ранг зеботар кашам.
Лек ҳайронам, ки меҳри модарӣ,
Ман чӣ сон бар саҳфаи дафтар кашам?
Арабгул МАҲБАТШОЗОДА,
директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон