ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ...

ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ...

19 март 2025, Чоршанбе
5
0


Боиси хушҳолист, ки пас аз чанд соли баста будани сарҳад ва маҳдуд гаштани робитаҳо бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон бо эҳтимому кӯшишҳои сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров муносиботи ҳасанаи ду халқи дӯст аз нав эҳё гаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон  ҳанӯз 14-уми январи соли 1993 барқарор шуданд. Инак, ин муносибот марҳалаи навро аз сар мегиранд. 12-13-уми март Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек қарор дошта, дар ҷараёни он бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дигар шахсони воломақоми ин кишвар мулоқот ва гуфтушунидҳо анҷом доданд. Ин гуфтушунидҳои сатҳи олӣ имкон доданд, ки 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад. Муҳимтарини он Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ буд. Чӣ тавре ки маълум аст, қаблан, бар асари баъзе нофаҳмиҳо, байни аҳолии нуқтаҳои сарҳадии ду кишвар хархашаву муноқишаҳо ба миён омада буданд. Имрӯз боиси ифтихор ва хурсандист, ки ин масъала ҳалли худро пайдо намуда, мардуми ду кишвар аз нав худро ба оғӯш гирифтанд ва бори дигар аён гардид, ки дар ин дунё неъмате беҳтар аз сулҳу дӯстӣ нест. Ин натиҷаи дипломатияи баланду касбӣ ва гуфтушунидҳои пайвастаи ҳар ду ҷониб буд, ки, хушбахтона, натиҷаҳои нек ба бор овард. Бешак, боз шудани сарҳадҳои давлатии байни ду кишвари ҳамсоя боиси на танҳо некуаҳволии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сайёҳии ин давлатҳо, балки тамоми  Осиёи Марказӣ хоҳад гашт. 
Шуруъ аз 14-уми март аз нав барқарор шудани хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек, ки аз ҷониби ширкати Somon Air роҳандозӣ шуд, қадами дигари ҷиддие дар ҷоннок намудани муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни баромади худ иброз намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд байни худ режими бидуни раводид дошта бошанд ва барои сайёҳони хориҷӣ низ раводиди ягонаро ҷорӣ намоянд. Чӣ тавре ки сайёҳон ба кишварҳои аврупоӣ бо раводиди ягонаи Шенген сафар менамоянд, чунин раводид имкон медиҳад, ки сайёҳон аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан намуда, бо имкониятҳои сайёҳии мо беҳтару бештар ошно гарданд. Воқеан ҳам, ин пешниҳод лоиқи дастгирӣ буда, он барои рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ ва тарғиби урфу одатҳои миллӣ мусоидат  менамояд.
Дар урфият мегӯянд: об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност... Воқеан, Тоҷикистон, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, бо кулли кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои неку сулҳхоҳона дорад. Ин боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо бо саъю ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён  тоҷиконро чун мардуми тамаддунофар ва сулҳҷӯву сулҳдӯст мешиносанд.

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА, 
устоди кафедраи таърих ва фалсафаи ДБССТ, 
номзади илмҳои фалсафа 

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив