ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ВА ВАҲДАТИ СЕ МИЛЛАТ
Тантанаи идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарварони се давлати ҳамсоя – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки шоми 31-уми марти соли 2025 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар вилояти Суғд баргузор шуд, барои ҳар се кишвар рӯйдоди муҳими сиёсиву фарҳангӣ буд. Бешак, ин ҷашн рамзи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ваҳдати мардуми Осиёи Миёна гашт.
Дар чорабиниҳои муштарак, дар шаҳри Хуҷанд, ки чанд рӯз идома дошт, меҳмонони зиёд аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва шаҳру навоҳии кишвари азизамон иштирок доштанд. Хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз таассурот ва бардоштҳои идонаи меҳмонон пурсон гашт:
Сироҷиддин ИКРОМӢ,
нависанда, шаҳри Душанбе:
– Консерти идона бо барномаи бойи фарҳангӣ, рақсҳо ва сурудҳои миллии ҳар се миллат саршор буд. Ҳунармандон бо иҷрои намоишҳои рангоранг ва мусиқии анъанавӣ фазои ҷашнӣ ва ҳамдилӣ эҷод намуданд. Дар ин ҷашн руҳияи дӯстии комил эҳсос мешуд. Дар суханронии ҳар се роҳбари кишвар аҳамияти дӯстӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид шуд. Президенти Қирғизистон ба аҳамияти сулҳ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ишора намуда, нақши фарҳангро дар муттаҳидсозии халқҳо зикр карданд. Президенти Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар баробари робитаҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат, воқеан, сиёсатмадори беназири таърихӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон мебошанд.
Элёр ҚИЛЁНОВ,
ҳунарманд аз Қирғизистон:
– Шодам, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ иштирок дорам. Чанд рӯз аст, ки ҳунарҳои миллии хешро ба намоиш гузоштем. Дар Тоҷикистони офтобӣ моро хеле хуш истиқбол гирифтанд, мафтуни меҳмоннавозӣ, нонҳои бомаза ва хӯрокҳои миллии тоҷикон гаштем. Шаҳр бисёр тозаву озодаву зебост. Се миллат бо ҳам пайванди зиёд дорад. Тафовут танҳо дар забон аст, аммо дӯстиву ҳамдилӣ моро бо ҳам наздиктар месозанд. Ташаккур ба мардуми тоҷик, барои чунин Наврӯзи хотирмон!
Ёқутхон ҲАСАНОВА,
Ӯзбекистон:
– Наврӯз ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилӣ, боз ҳам бештар ба як ҷашни ҷаҳонии дӯстӣ табдил ёфт. Ман аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик миннатдорам, барномаи театрикунонидашудаи ҳар се кишвар бисёр олӣ буд. Тоҷикистон ҷашни бошукӯҳу бесобиқаеро барои мардуми ҳар се миллат муҳайё карда тавонист. Ман ифтихор дорам, ки имкони иштирок дар чунин тантанаро доштам.
Хушрӯз ҶАМОЛОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Деваштич:
– Дӯстии байни халқҳои тоҷику ӯзбеку қирғиз таърихи қадима ва решаҳои амиқ дорад. Ин се миллат бо ҳамсоягии дерина, фарҳанги муштарак, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои бародарона дар тули садсолаҳо зиндагӣ кардаанд. Дар замони муосир таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақавӣ аҳамияти бузург дорад. Суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ҷузъи муҳими барнома буданд, ки таҷассумгари ҳамбастагии ин халқҳо гардиданд. Намоиши урфу одат ва анъанаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла Корвони наврӯзӣ, боиси болидахотирии мардум гардид.
Назик,
ҳунарманд аз Қирғизистон:
– Тантана дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Мехоҳам миннатдории худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мардуми тоҷик расонам, ки чунин ҷашни бошукӯҳро баргузор карданд. Бовар дорам, ки дар оянда дӯстии мо густариш меёбад. Сулҳу дӯстиву ҳамкории миллатҳои Осиёи Миёна пойдор бод!
Улан ҶУМАҲМАДОВ,
роҳбари каскадёрони “Скайнома”, Қирғизистон:
– Барномаи консертии наврӯзӣ бо иштироки сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон нишон дод, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар сатҳи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ равнақ меёбанд. Ин чорабинӣ руҳияи ваҳдатро дар байни мардумони Осиёи Марказӣ таҳким бахшида, ояндаи равшани муносибатҳои байни ин се миллатро нишон дод. Хушҳолам, ки ҳайати сездаҳнафараи дастаи каскадёрони “Скайнома”, дар барномаи наврӯзӣ иштирок доштем. Умедворам, ки ҳунарнамоии мо ба мухлисону тамошобинон писанд омад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН