МТС. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

08 апрел 2025, Сешанбе
22
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба низоми иқтисодии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону коршиносони соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва васоити ахбори омма мизи гирд доир шуд.
Ҳадафи ҳамоиш муайян намудани ҳадафҳои асосии муваффақияти табдили рақамӣ, тамоюлҳо ва дурнамои рушд, арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта арзёбӣ гашт.
Ҳамоишро Ораз Муртазозода, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки рақамигардонӣ яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз давлатҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар самти иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои муайян гузоштааст. Эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт аст. Рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон имконияти зиёд фароҳам меорад, яъне новобаста аз ҷойи қарордошта аз тамоми иттилоот бохабар мегардем. Соҳибкорон дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон фаъолияти тиҷоратию соҳибкориро ба анҷом мерасонанд.
Гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рақобатпазир будани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб меравад. Бо татбиқи иқтисодиёти рақамӣ кишвари мо метавонад дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат аз имкониятҳои иқтисодиёти рақамӣ пурсамар истифода бурда, рушди иқтисоди худро таҳким бахшад. Тоҷикистон дар ҳошияи раванди рақамигардонии ҷаҳонӣ қарор дошта, барои пешрафти ин самт талошҳои зиёде анҷом медиҳад. Бо вуҷуди баъзе мушкилот, кишвар дорои имкониятҳои зиёд барои ҳамгироӣ бо иқтисодиёти рақамии ҷаҳонӣ мебошад. Агар тадбирҳои зарурӣ амалӣ шаванд, Тоҷикистон метавонад бо суръати баландтар ба ҷаҳони рақамӣ мутобиқ гардад ва дар соҳаҳои гуногун пешрафт намояд.
Бино ба гуфтаи сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Рустамҷони Сайдулло рушди технологияҳои рақамӣ дар давраи гузариш ба “иқтисоди сабз” бо беҳтаргардии захираҳо, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва беҳбуди сифати зиндагии мардум бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ зич алоқаманд мебошад. Ҳамзамон, тамоми технологияҳое, ки барои истеҳсоли “неруи сабз” истифода мешаванд, хусусияти инновастионӣ дошта, бештари онҳо тавассути технологияи информатсионӣ ва ё рақамикунонӣ идора мешавад. Пас, ин се мафҳум баҳри тақвияти якдигар дар як занҷира қарор дошта, яке бе дигаре боиси рушди босубот гардида наметавонад. Технологияҳоеро, ки барои гирифтани неруи барқароршаванда истифода мегарданд, “технологияҳои сабз” меноманд ва он пурра хусусияти инноватсиониро доро мебошад. Истифодаи технологияи рақамӣ барои истеҳсоли неруи барқароршаванда самаранокиро дучанд гардонда масрафоти неруро дар вақти воқеӣ назорат менамояд.
Ба гуфтаи маърузачиёни ҳамоиш, рақамикунонӣ дар шароити гузариш ба “иқтисоди сабз” на танҳо ҷорӣ намудани технологияҳои нав, балки интегратсияи хусусиятҳои устувор ба фаъолияти тамоми бахшҳои иқтисодиёт мебошад, ки ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар раванди гузариш ба “иқтисодиёти сабз” аст. Аммо на ба воситаи истеҳсоли “технологияҳои сабз”, балки тавассути истифодаи “технологияи сабз” ва манбаъҳои барқароршавандаи табиат мебошад. Дар ин раванд кишварҳои пешсаф Ҷумҳурии Корея, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар гузариш ба “иқтисоди сабз” тавассути истифодаю истеҳсоли “технологияи сабз” ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ афзоиши пешбинишудаи бозори ҷаҳонии “технологияҳои сабз”-ро 6,9 дарсад медонанд, ки аз суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ тақрибан ду маротиба зиёд аст ва мувофиқи пешгӯиҳои онҳо то охири соли 2025 метавонад ба 5,9 триллион евро баробар гардад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67