МЕЪМОРИ СУЛҲ
Муаррихону муҳаққиқони гузаштаву кунунӣ собит менамоянд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, давлатдорию давлатсозӣ ва созандагиву ободкорӣ мақоми махсусро касб намудаанд. Омӯзиши мероси бойю ғании таърихи гузашта ва пешравию дастовардҳои имрӯза барои насли наврасу ҷавонон зарур буда, муҳим аст, ки тавассути барномаҳои таълимӣ, курсҳою маҳфилҳои фаннию иловагӣ аз он огоҳ шаванд. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки зиракии сиёсӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию арҷгузорӣ ба мерос ва арзишҳои миллию фарҳангӣ дар тафаккуру замири насли худогоҳи миллат ташаккул дода шуда, аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор гарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид менамоянд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ расму оини ниёгон... огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари мардуми дигар лашкар накашида, заминҳои касеро ғасб накардааст ва, умуман, табиати тоҷик ҷангҷӯй набуд ва нест. Вале сарзамини сабзу хурраму кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои шифобахшу заминҳои ҳосилхези тоҷикон борҳо мавриди ҳуҷумҳои ғоратгаронаи аҷнабиён: қушунҳои Искандари Мақдунӣ, лашкаркашиҳои араб, тохтутози муғулҳо ва монанди инҳо гардида буд, аммо ин ҳама натавониста, ки урфу одат, забон ва фарҳанги бою ғании тоҷиконро аз байн барад.
Хусусан дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ намудан ба гузаштаи халқ ва таърихи ташаккули фарҳанги миллӣ аҳамияти махсусро молик гаштааст. Зеро маҳз омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллат заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Вобаста ба масъалаи мазкур академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтаанд: «Имрӯз мо, тоҷиконро зарур аст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳими иҷтимоӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад. Ёди фарҳангӣ бидуни донистани таърих ба касе даст намедиҳад». Бинобар ин, таъриху фарҳанги ниёгон дар ташаккулёбии инсонҳо, бахусус насли наврас, сарчашмаи бебаҳо ба ҳисоб меравад. Имрӯз мо, тоҷикон соҳибдавлат гаштем ва соҳибдавлат будан барои ҳар як халқ ва миллат неъмати бузургест ва ин неъмат дар назди фарзандон вазифаҳои масъулиятнокро мегузорад, то тавонанд Ватанро барои имрӯзиён обод намуда, барои ояндагон мероси хубе боқӣ монанд. Фарзандони баору номуси миллат тавонистанд, тули садсолаҳо забону фарҳанг, маданияту маънавиёти тоҷиконаро на танҳо нигоҳ доранд, балки онро мувофиқ ба арзишҳои замони худ такмил дода, то ба имрӯз расонанд.
Яке аз рукнҳои муҳими давлат ва пойдории ваҳдат инсонҳоро ба дӯстиву бародарӣ ва барои ягонагӣ даъват кардан аст, ки ҳамеша аз паи ободиву осоиштагӣ, якдиливу якмаромӣ инсонҳоро мебарад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини фаъолияти худ роҳи наҷоти инсониятро дар ҳамагуна ҷомеаҳо, хусусан дар замони муосир, ки ҷаҳонишвию бархӯрди тамаддунҳо баръало ба назар мерасад дар сулҳу ваҳдат мебинанд.
Ҳангоми як суханронии худ аз минбари СММ , Пешвои миллат таъкид намуданд, ки фарҳанги сулҳ дар асоси далелҳои зер метавонад инсониятро наҷот бидиҳад: "оқилона зиндагонӣ кардан; иродаи нек доштан ва роҳи ҳамагуна мушкилотро дар сари мизи гуфтушунид ҳал намудан; бидуни зӯроварӣ ва бе силоҳ ҳал намудани проблемаҳо; эҳтироми рақиб ва босабру таҳаммул шунидану омӯхтани андешаи ӯ; ба вуҷуд овардани муросову созиш дар асоси қонун ва билохира дар заминаи фарҳанги сулҳ ба вуҷуд овардани робитаи давлатҳову минтақаҳо".
Таъкид намудан бамаврид аст, ки устуворсозии фарҳанги сулҳ дар кишвари азизамон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мусолиҳаи миллӣ омада, роҳи нави тараққиёти ҷомеасозиро пеша намоем, ки ҳанӯз касе нарафтаву напаймудааст. Аз ин рӯ, хусумату навмедӣ аз байн рафта, байни гурӯҳҳои сиёсӣ бовариву эътимод ба миён омад, ки ин боиси ҳамдигарбахшӣ гардид. Ба сулҳи бебозгашт ноил шудани мардумони азизи кишварамон ҳадафи аввалини Президенти кишвар дар роҳи истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид. Дурнамои ин масъала нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба он буд. Маҳз ҳамин қисмат ба созандагиву эҳёи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Чуноне ки маълум аст, Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳон ба вуқуъ мепайванданд, бетараф набуда, ҳамеша назару мавқеи мусбии худро баён менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама муносибатҳои неки ҳамсоягиро ҳамеша пос дошта, сулҳу адолатхоҳӣ ва инсондӯстиро дастгирӣ намуда, бар зидди ҳамагуна зӯровариҳо мубориза мебарад.
Таърихи навин бори дигар собит намуд, ки дар ҳар давлате, ки сулҳу ваҳдат, оромию дӯстӣ ҳукумфармост, он ҷомеа дар рушд буда, иқтисодиёташ бо тадриҷ меафзояд ва сатҳи иҷтимоии мардумаш баланд меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат пояи сулҳу осоиштагиро қавӣ гардонда, ғояи навини давлатсозиро тавассути сулҳу ваҳдат асос гузошт, ки саҳифаи беназири таърихӣ барои имрӯзиёну ояндагон мебошад.
А. МИРАЛИЗОДА, профессор,
Л. НАЗИРӢ, дотсент
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)