ДУШАНБЕ ЧАРОҒИ ДИЛИ МОСТ!
Баҳор, махсусан моҳи гулрези он – апрелро бештар дӯст медорам. Инак, ду даҳсола мешавад, ки ҳамасола маҳз шанбеи сеюми ҳамин моҳи гулафшон Рӯзи пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бо шукӯҳ таҷлил мешавад.
Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ману мо аз сокини ин шаҳри афсонавӣ будан ифтихор мекунем.
Даҳ соли охир Душанбеи азиз аз як маркази расмии маъмурӣ, бо эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба маркази бузурги сулҳофарӣ ва маданиву сайёҳӣ табдил ёфтаву сафи иштиёқмандонаш аз ҳисоби меҳмонони хориҷӣ дар ҳоли афзудан аст. Агар чанд сол пеш фаъол шудани роҳҳои муосири сеқабата нуфузи пойтахти кишвари моро чанд зина боло бурда бошад, соли гузашта дар қатори даҳҳо бинои хуштарҳи осмонбӯс мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Парлумони кишвар Душанбе вирди забонҳо гашт.
Кӯчаҳои шаҳри мо шабу рӯзҳои наврӯзӣ қариб баробар сермеҳмон буданд. То поси шаб хандаи ҷавонони аз осоишу оромию таровати гулҳои баҳорӣ сархуш ба фалак мепечид. Сокинони солманд аз айвону тирезаҳои ошёнаҳои баландтар равуо ва ҷойе рақсу бозии сокинони хуштолеъро назора мекарданд. Дар шаҳр Наврӯзи ҷаҳонӣ тантана дошт. Чанд рӯз пайиҳам пешкаш гардидани барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ташкили намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои консертӣ завқи меҳмонони пойтахтро болову меҳру эътиқодашонро ба миллати фарҳангии мо, бешак, чандин баробар бештар афзуд. Хосса, сайри гули лола, чорабинии дӯстдоштаи ҷавондухтарони пойтахт, дили ҳазорон ҳамсолонашонро ба ваҷд овардаву барои ҷовидонӣ дар хотираҳояшон нақш хоҳад баст. Паҳлуи гулдухтарони тоҷик дар кӯчаҳои пойтахт гурӯҳ-гурӯҳ қадам задани занону бонувонро аз кишварҳои хориҷӣ дида, сарамон ба осмон мерасид. Тамошои боғҳои шаҳр ва хиёбонҳои гулпӯши он аз диди меҳмонон лаззати дигар дорад.
Хуллас, мехоҳам ҳамеша дар пойтахти азизи ман баҳор бошад. Хандаву хурсандии ҳар меҳмони аз дуру наздик омада иқболи баланди мо низ ҳаст. Душанбе танҳо як маркази маъмурӣ нест. Он чароғи дили миллат аст ва ин чароғ ҳамеша бояд тоза, фурӯзон ва нурафшон бошад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
