ДУШАНБЕ. ХОНАИ МАНУ МОСТ!

24 апрел 2025, Панҷшанбе
11
Барои ман, ки зодаи истиқлолам, намои тозаву замонавӣ ва шукуфтанҳои рӯзафзуни пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, воқеан, ифтихорангез аст. Эътирофи он ҳамчун маркази фарҳангию сайёҳӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ифтихори маро дучанду эҳтиромамро ба ин Ватани аҷдодӣ ҳар лаҳза меафзояд. Хоса, наздики даҳ соли охир, ташаббусҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки ба такмили инфрасохтори пойтахт равона шудаанд, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамоянд. Майдонҳои барҳаво, хиёбонҳои зебо, боғу гулгаштҳои фараҳафзо, биноҳои баландошёна ва марказҳои хидматрасонии муосир, ки рӯз то рӯз афзоиш меёбанд, гувоҳи ободиву пешрафти пойтахти азизамон мебошанд.

Вале аз чи бошад, ки саҳми худи мардуми шаҳр, хоса онҳое, ки имкону дасти расо доранд, ҳанӯз ҳам дар ободонии кӯчаву паскӯчаҳои Душанбеи азиз чандон ибратомӯз нест. Баръакс, бо вуҷуди ҳамарӯза баланд шудани хонаҳои монанд ба кушку қасрҳо баъзе аз тангкӯчаҳо ҳамоно нозебу гоҳе дилгиркунанда боқӣ мемонанд...
Махсусан, дар кӯчаҳои Шевченко 42 ва Академик Раҳимовҳо 16/1 ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки табъи ҳар бинандаро хира месозанд. Дар ҳоле ки аксар хонаҳои атроф, ки ғолибан шахсианд, сар ба осмон доранду мошинҳои пурарзиши хориҷӣ қариб пушти тамоми дарвозаҳоро “оро” медиҳанд.
Яқинан, бошандагони дастдарози атрофи маҳалла аз пушти мошинҳои сиёҳшиша камбудиҳоро намебинанд ва ё ба онҳо одат кардаанд. Роҳравҳои фарсуда, деворҳои осебдида ва партовҳои пароканда на танҳо манзараи ҳамин як маҳалла, балки зебоии умумии шаҳри гулпӯши Душанбеи азизро коста мегардонанд.
Аз ҷониби дигар, ҳолати кӯчаҳои мавриди назар барои пиёдагардон низ хушоянду бехатар нест. Хусусан, пирону кӯдакон ҳангоми гаштугузор ба таври ҳатмӣ бояд аз эҳтиёт кор бигиранд, то ҷое пешпо хӯрда захм набардоранд.
Тозагии кӯча масъалаи дигарест, ки акнун на танҳо ба оилаҳои сармоядор, балки ба ҳамаи бошандагони ин маҳалла дахл дорад. Кас ҳайрон мешавад, наход бо вуҷуди будубоши ин қадар оилаҳо, ки аксаран даҳсолаҳо муқими шаҳранд, то ин ҳад кӯча ифлосу нопок бошад?!
Шояд, касе ҳам аз миёни хонандагон пурсад, ки ҳадаф аз навиштани чунин як матлаб дар чист? Ҳадаф, албатта, на ба хотири танқид ва ҳам на барои ба иззати нафси касе расидан аст. Хадаф даъват аст, даъват аз ману мо барои саҳмгузорӣ дар шукуфтанҳои Душанбе, ки хонаи умедамон маҳсуб ёфтаву чароғи дили миллат мебошад. Одат намудаем, ки аз дур истода, чун меҳмони даргузар ва дониставу надониста луқмапартоӣ мекунем. Баъзан як камбуди кӯчакро бузург намоиш дода, менолем. Хаёлан даст аз гиребони касе маҳкам медорему гунаҳгораш меҳисобем. Аммо чаро ҳамагӣ як бор аз худ намепурсем, ки чӣ коре ҳадди ақал барои тозагии пушти дарвозаамон анҷом додем? Оё дарахте сабзондаву ташаббускори ободоние будем ё хайр? Чӣ гуна виҷдони як нафари соҳибсарват мебардорад, ки пушти дарвозаи тиллоияш кӯча гӯр барин торик асту паскӯча ноҳамвору нопок ва роҳгузаре бе чароғ пешпо хӯрдан дорад?!
Аслан, Душанбе бе ин ҳам дар роҳи пешрафту шукуфоист. Касе расман аз ману мо тақозо накардааст, ки пушти хонаҳоро таъмиру навсозӣ намоед. Ашхоси баномус ҳам кам нестанд, ки дар паҳлуи шаҳрдори ҷавони мо бо сарфи миллионҳо сомонӣ аз ҷайбашон ва ҳам аз барои Худо мактабу беморхонаву кӯдакистон месозанд...
Вале ману ту чӣ? Бояд интизор нишинем, ки масъули шаҳр омада дару даҳлези моро тоза кунад. Паскӯчаҳои моро чароғону деворҳоямонро ранг занад?! Пас куҷост хештаншиносии мо? Миллатдӯстиву ватанпарастии мо?! Ифтихори мо куҷост? Кай ва чӣ гуна собит бояд бисозем, ки мардуми аз қадим шаҳрнишину шаҳрсозем?
Охир, ин шаҳр фақат маркази маъмурӣ нест, он хонаи умумии мост. Ободӣ ва тозагии пойтахт танҳо бо зебоии гулгаштҳову кӯчаю хиёбонҳои марказӣ маҳдуд намегардад. Паскӯчаҳо низ маҳали зисти ҳазорҳо нафар шаҳрвандонанд. Макони камолоти кӯдакони ояндаи ин миллатанд. Пас, агар мехоҳем, ки масъулияти шаҳрнишинии мо барои ояндагонамон собит гардад, бояд созандагиро аз ҳавливу девори худ оғоз созем. Ҳамсояҳоро тарғиб ба ободӣ намоем. Аз чанд камбуди кӯчаке, ки ёд овардем, аксарияташ имкони бе маблағ ва ё бо харҷи ночизе бартараф шудан дорад. Танҳо ташаббускор буданамон лозим меояд. Албатта, қадами аввал дар ин самт чун аввалин погузориҳои тифл чандон осон нест, вале мебинем, ки баъди як муддат чӣ қадар нафарони зиёди дигар ҳамқадами ману мо ба сӯи ободонии паскӯчаҳои хонаи орзуҳоямон равона хоҳанд шуд!
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81