ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ИМКОНИЯТҲОИ НАВ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ШУКУФОӢ ФАРОҲАМ МЕОЯНД
![]()
Чанде пеш дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент вохӯрии ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрии навбатӣ аз ҳамоишҳои қаблӣ бакуллӣ фарқ дошт. Дар он сарварони кишварҳои узв созишномаҳои ҳамкориро дар бахшҳои гуногун ба имзо расонданд, ки рушди минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказиро дар оянда муайян мекунанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
ОЗАРБОЙҶОН ҲАМЧУН УЗВ БА ҶАЛАСАҲОИ МАШВАРАТӢ ҲАМРОҲ ШУД
Яке аз фарқиятҳои асосии вохӯрӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ ба ҷаласаҳои машваратӣ ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайвастани Озарбойҷонро ба ин вохӯрӣ қадами стратегӣ ба манфиати кишварҳои минтақа арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ин пайвастшавӣ уфуқҳои навро барои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мекушояд.
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар навбати худ, иброз дошт, ки мо байни Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ пули мустаҳкаме бунёд карда, роҳро барои ташаккули фазои ягонаи ҳамкорӣ ҳамвор хоҳем кард.
– Муносибатҳои байни Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле хубанд. Моро таърихи муштарак, мероси маънавию фарҳангӣ, бародарӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ муттаҳид мекунад. Мо на танҳо ин робитаҳоро нигоҳ доштем, балки ба онҳо муҳтавои нав, ки моҳияти шарикии стратегиро таҷассум мекунад, бахшидем, – гуфт Илҳом Алиев.
Таъкид гардид, ки Озарбойҷон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаҳои шарикии стратегӣ ва барои таъсиси фондҳои муштараки сармоягузорӣ ҳуҷҷатҳои заруриро имзо кардааст. Рӯзҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо мунтазам баргузор мешаванд, ки мардуми моро боз ҳам наздиктар мекунанд.
Ҳарчанд Озарбойҷон дар Қафқози Ҷанубӣ ҷойгир аст, ба шарофати ҳамкории фаъол Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон имрӯз минтақаи ягонаи геополитикӣ ва геоиқтисодиро ташкил медиҳанд, ки аҳамияти он дар минтақа мунтазам меафзояд.
Бояд гуфт, ки кишварҳои минтақа бо Озарбойҷон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд ва ташаббусҳои якдигарро дастгирӣ карда, роҳҳои муштаракро барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ таҳия менамоянд.
ШУКУФОИИ ОЯНДАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА ҲАМКОРИИ ЗИЧ ВОБАСТА АСТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҷонибҳоро ба рушди иқтисодӣ дар минтақа ҷалб сохта, густариши иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳоро зарур шумурданд.
Сарвари давлати мо таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехтаро барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ таъкид доштанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ – 2040”-ро заминаи мустаҳкам барои ба маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ табдил ёфтани минтақа арзёбӣ намуданд.
Тавре зикр шуд, қабули Консепсия барои таъмини амну субот, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронда шудаанд, имкониятҳои васеъро дар ин самтҳо фароҳам меорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Вазифаи он таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.
Сарвари мамлакат бо истифода аз фурсат барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” изҳори сипос намуданд. Ғайр аз ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо мундариҷаи нав рушд бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг таклиф карданд, ки дар Осиёи Марказӣ маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис ёбад.
Рушди иқтисоди рақамӣ, амнияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва экология аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон доир ба онҳо ибрози назар намуданд.
САРВАРОНИ КИШВАРҲО КАДОМ МАВЗУЪҲОРО БАРРАСӢ КАРДАНД?
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир ба пайдо гардидани роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими минтақа андешаи хешро иброз дошта, зикр намуд, ки ба шарофати муколамаи ошкоро ва талошҳои муштараки фаъол, мушкилоти ҳудудӣ ниҳоят ҳал гардида, гузаргоҳҳои марзӣ кушода шуданд. Дар ин замина, ҳамкорӣ дар бахшҳои об ва энергетика, нақлиёт барқарор гардид ва шароити мусоид барои тиҷорат ва сармоягузорӣ байни кишварҳои мо фароҳам омад.
Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, пешрафти назаррасро дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ таъкид сохт.
– Шумораи корхонаҳои муштарак афзуда, лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо амалӣ мешаванд. Монеаҳои тиҷоратӣ пайваста бартараф гашта, гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ кушода мешаванд, ки ба рушди тиҷорат аз тариқи роҳҳо замина гузоштанд. Дар натиҷа, соли гузашта ҳаҷми тиҷорати дохилиминтақавӣ ба 11,5 миллиард доллари ИМА расид. Бовар дорам, ки мо ин тамоюли мусбатро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард, – гуфт ӯ.
Президенти Қазоқистон ҷонибҳоро ба роҳандозии лоиҳаҳо даъват кард. Ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон барои ҳамкории мутақобилан судманд тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди ғалладонагиҳо, равған ва маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, рушди чорводорӣ ва истеҳсоли зироатҳои органикӣ омода аст. Инчунин, дурнамои сохтмони анборҳои муосир, марказҳои логистикӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ барои ниёзҳои дохилӣ ва содирот вуҷуд дорад.
Қосим Жомарт Токаев, инчунин, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан ва коркарди металлҳои нодир ҷалб кард. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, бо назардошти тағйироти пайваста дар ҷаҳон, кишварҳои Осиёи Марказӣ имконияти беназире доранд, ки минтақаро ба маркази асосии транзитии Авруосиё табдил диҳанд.
Дар навбати худ, тавре Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иброз дошт, дар замоне ки уфуқҳои нави имкониятҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ кушода мешавад, нигоҳ доштани эътимод ва ягонагӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст. Дар ин робита, ӯ пешниҳод кард, ки кишварҳои минтақа мавқеи худро ҳамоҳанг созанд ва дар формати "Осиёи Марказӣ +" мавқеи ягонаро пешниҳод кунанд, бахусус тавассути баргузории машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ пеш аз саммит бо дигар давлатҳо.
Дар заминаи тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, Президенти Қирғизистон таъкид кард, ки густариши равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҳадафи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои идоракунии об ва ҳалли масъалаҳои экологӣ даъват кард.
– Мо умедворем, ки минбаъд ҳамкориро дар соҳаи захираҳои об дар минтақа дар асоси баробарӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ тақвият медиҳем, – гуфт ӯ.
Ба таъкиди Сердар Бердимуҳаммадов, Ашқобод аз талошҳои муштарак дар масъалаҳои экологӣ, ба монанди наҷоти баҳри Арал ва биёбоншавӣ, пуштибонӣ мекунад.
АЗ ҚАБУЛИ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК ТО ҲУҶҶАТҲОИ ДИГАР
Бояд зикр намуд, ки пас аз ҷаласаи ҳафтуми машваратӣ аз ҷониби сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак қабул шуд.
Ғайр аз ин, роҳбарони давлатҳо ҳуҷҷатҳои дигар, аз ҷумла Муроҷиат ба кишварҳои узви СММ дар бораи номзадии Ҷумҳурии Қирғизистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шурои амнияти СММ барои солҳои 2027 – 2028, Қарор дар бораи иштироки пурраи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷаласаи машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Консепсияи амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Феҳрасти хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва чораҳои пешгирии онҳо барои солҳои 2026 – 2028-ро қабул намуданд.
ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР РАҚАМҲО Ё БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Дар ҳашт соли охир маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб дую ним маротиба афзуда, ба 520 миллиард доллари ИМА расид, дар ҳоле ки тиҷорати хориҷӣ беш аз ду баробар беш гардида, 253 миллиард долларро дар бар гирифт. Тиҷорати мутақобила байни кишварҳои минтақа ду баробар зиёд гашта, тақрибан 11 миллиард долларро ташкил дод ва сармоягузории мутақобила 5,6 маротиба афзуд. Соҳаи саноат дар Осиёи Марказӣ рушди устувор дошта, солона 6 дарсад меафзояд. Ин муваффақият бо ташаккули шаклҳои нави ҳамкории саноатӣ, таъсиси фондҳои муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи мошинсозӣ, муҳандисӣ, кишоварзӣ ва носсоҷӣ ба даст омад.
Мавриди зикр аст, ки Осиёи Марказӣ ба марҳалаи муҳими рушд ворид мешавад. Имрӯз дар минтақа фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила ба вуҷуд омада, заминаи пешрафти муштаракро фароҳам кардааст, ки ин раванд дар натиҷаи фаъолияти мақсаднок ва идораи дурусти сиёсии роҳбарони кишварҳо ба даст омадааст.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
