ИСТЕҲСОЛИ ГАЗИ МОЕЪ ДАР ТОҶИКИСТОН. ОЛИМОН БА ОН БОВАР ДОРАНД, МАСЪУЛОН ЧӢ?

02 декабр 2025, Сешанбе
30

Бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар мамлакат эҳтиёҷ низ ба гази моеъ сол ба сол афзун мегардад. Чанд ҳафтаи охир гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камчин ба назар мерасад. Азбаски ин моеъ бештар воридотист, вақте интиқоли он ба кишвар кам мешавад, якбора нархаш ҳам боло меравад.

Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи ин навъи сӯзишворӣ як ҳафтаи охир то 50 дарсад баланд шудааст. Тавре аз маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об бармеояд, камчинии гази моеъ дар кишвар ба сабаби маҳдуд шудани содироти он дар Қазоқистон ва, ҳамзамон, мушкилоти логистикӣ ба миён омадааст. Аз моҳи ноябр содироти гази моеъ аз Қазоқистон ба муҳлати 6 моҳ маҳдуд карда шудааст. Инчунин, дар зерсохтори роҳи оҳани кишвари номбурда таъмири иншоот ҷараён дошта, интиқоли бештар аз 30 вагон тавассути он дар як шабонарӯз манъ аст.
Чунончи маълум гардид, маҳдудият дар воридоти гази моеъ, ба камчинию гаронии он дар мамлакат сабаб шудааст. Оё дар Тоҷикистон роҳи ҳалли бурунрафт аз вобастагӣ ба гази моеи воридотӣ вуҷуд дорад?
Дар ин хусус фикру назарҳои олимону мутахассисон гуногун аст. Яке ба ҳалли масъала бовар дораду дигаре инро як назарияи исботношуда медонад.
Баҳодур Мирзоев, олими кимиёшинос ва собиқадори соҳаи саноати кишвар бовар дорад, ки бо коркарди гази ангишти “Фон Яғноб” дар Тоҷикистон нафту гази худӣ истеҳсол кардан имкон дорад.
– Тақрибан 20 сол пеш мо, як гурӯҳ олимон, барои коркарди ангишти кони номбурда лоиҳаи илмии ташкили корхонаи истеҳсоли коксро тартиб дода будем. Дар маҷмуъ, бо харҷи 170 миллион доллари ИМА корхонае кушодан мумкин буд, ки дар он аз ангишт кокс, бензол, толуол, амиак, нуриҳои азотӣ, газҳои кокс, метан, пропан, биогаз ва ғайра бояд гирифта мешуд. Дар ҳолати амалишавии ин тарҳ мо метавонем ба тавлиди маҳсулоти зиёди худӣ, аз ҷумла нафту гази моеъ (газҳои метану пропан барои воситаҳои нақлиёт) комёб гардем, – гуфт олими номбурда.
Умедҷон Раҳматҷонӣ, муовини директори ҶСК “Нафту газ”, изҳор дошт, ки айни замон дар кишвар танҳо истихроҷи нафт ба роҳ монда шудааст.
– Дар ҳудуди мамлакат то ҳол гази моеъ истихроҷ намегардад. Дар мавриди истеҳсоли газу нафт аз ангишт корхона ягон санҷиш нагузарондааст ва бо таҳқиқоти илмӣ ҳам дар ин самт сари кор нагирифтаем. Агар чунин имконияте барои фоидаи истеҳсолоти ватанӣ бошад, омодаем ҳамкорӣ кунем, – гуфт номбурда.
Ба гуфтаи олим Баҳодур Мирзоев, тарҳи ҳосил кардани газ аз ангишт, аллакай, то соли 2006 исботи илмию лаборатории худро ёфта буд ва ин нақшаро ӯ омода ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.
– Азбаски барои татбиқи лоиҳа сармоягузор дарёфт нашуд, онро амалӣ карда натавонистем. Ҳоло фақат ин ҷо машварати якҷояи се гурӯҳ – олимон, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ зарур аст.
Барои бунёди чунин корхонаи бузург аввал коргоҳҳои хурди илмии татбиқшавандаро дар назди кони ангишт ташкил намудан лозим мебошад, – бо умедворӣ гуфт Баҳодур Мирзоев.
Аз посухи идораҳои марбут ба соҳаи нафту газ ва энергетика бармеояд, ки онҳо пешниҳоди олимро на қабул доранду на рад. Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки барои рушди истеҳсолоти дохилӣ, аз ҷумла дар соҳаи нафту газ, чунин пешниҳоди олимон мавриди санҷиш ва такмил қарор гирифта шавад, то илму амал ҳамоҳанг бошанд на ба ҳам муқобил. Шояд тарҳи истеҳсоли дохилии гази моеъ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ имконпазир мегардаду Тоҷикистон ба сӯйи пешрафт як қадами дигар мегузорад.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230