ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲОМИИ СУЛҲИ БАШАР
Мусаллам аст, ки баробари ба эътидол омадани вазъи дохилӣ дар кишвари соҳибистиқлол, оғоз аз солҳои 2000-уми қарни навин сиёсатҳои сулҳхоҳона ва ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима наёфта, балки дар сатҳи минтақавӣ ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷаҳонӣ идома пайдо карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии кишвар бо пеша намудани усули сиёсати “дарҳои кушода” ва ба роҳ мондани муносибати дӯстона бо тамоми кишварҳо, созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ татбиқи роҳкори сулҳ ва ваҳдатро дар сатҳи байналмилалӣ идома бахшиданд.
Аз ҷумлаи аввалин иқдомоти байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон буд. Пешвои миллати тоҷикон ба тақдири халқ ва мардуми ин кишвари ба мо ҳамсоя, ки тули даҳсолаҳо дар вазъи ноороми сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар тамоми симпозиум ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ барои даст ёфтани мардуми Афғонистон ба сулҳ ва ваҳдати пойдор, ташкили давлати ҳамашумул бо риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ таъкидҳо ба амал оварда, дар ин хусус пешниҳодҳои судмандро ироа месозанд. Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ду даҳсола қабл аз ин аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.
Дар сиёсати давлатдорӣ муносибати нек ва ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсамту гуногунсоҳа омили тақвияти низоми сохтории давлат маҳсуб меёбад. Чунин рӯйкардро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдорӣ амиқан риоя намуда, ҳамеша бар одисозии равобит бо ҳимсоякишварҳо ва ҳамкориҳои судманд пайваста иқдом намудаанд. Метавон гуфт, ки иқдоми дигари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатгузориҳои сулҳҷӯёнаву сулҳхоҳонаи хориҷӣ – ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба шумор меравад. Ҳалли ихтилофи назарҳо дар масъалаи марз бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ниҳоятан, Ҷумҳурии Қирғизистон бо коргирӣ аз дипломатия ва бо дарназардошти ҳусни тафоҳум ва манфиатҳои муштарак гувоҳи густариши фарҳанги сулҳи тоҷикон берун аз марзи кишвар ва татбиқи амалии он дар минтақа мебошад.
Дар ин самт масъалаи аз ҳама асосӣ – муайян ва аломатгузории марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки бо сохтори мураккаб тайи даҳсолаҳо ба маҳали зиддиятҳои ду тараф ва ҳатто муноқишаҳои мусаллаҳона мубаддал гардида буд. Аммо бо азми қатъӣ ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қазияи муҳим низ бо роҳи мусолиҳа, гуфтугӯ ва тавофуқ ҳалли мусбати худро ёфт. 13-уми марти соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз ҷониби сарварони ду давлат “Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ” ва “Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” имзо гардид, ки ин санадҳои муҳим дар тақвияти сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву иттиҳоди ду миллат, вазъи амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бениҳоят мусбат боқӣ гузошт.
Илова бар ин, иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳи пойдор ва ҳамбастагии башар дар ҳама самтҳо доиман, дар ҳамоишҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ масъалагузорӣ мегарданд. Аз ҷумла, фаъолият ва талошҳои назарраси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳалли мушкилоти муҳими сайёра, аз қабили масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ мавриди пазириш ва эътироф қарор гирифта, иқдомҳои назаррасу натиҷаовар амалӣ гардиданд, ки ҳамагӣ бар наҷоти башар, ҳифзи ҳаёт дар сайёра ва ҳамбастагии инсоният нигаронда шудаанд.
Сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, иттиҳод ва ваҳдати комил миёни инсонҳо ормону орзуи азалии насли башар маҳсуб меёбад. Аммо ҷаҳони имрӯз дар як давраи хеле пуртазод ва мураккаб қарор дорад, ки дар он равандҳои геосиёсии зиддиятнок, ҷаҳонишавӣ, қудратталабӣ, мусаллаҳшавии беш аз ҳад, шиддат гирифтани “ҷанги сард” ва низоъҳои мусаллаҳона бо ҳам пайваст шуда, вазъиятро хеле муташанниҷ сохтааст. Дар чунин шароити ноороми геосиёсӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, мувоҷеҳ аст. Ҳоло ҷаҳон ба макони рақобатҳо табдил ёфтааст ва дар чандин нуқтаҳои дунё низоъҳои мусаллаҳонаи миёни давлатҳо, рақобатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ ҷараён доранд.
Пешниҳоди навбатии байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз ҷониби СММ қабули Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гашт, дубора ба оламиён собит намуд, ки Роҳбари давлати тоҷикон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҷонибдори сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамгироӣ ва барқарории адолату саодати насли башар ҳастанд. Қатъномаи пешниҳодшуда даъват ба амал меоварад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ як даҳсолаи навро ба таҳкими сулҳ, субот, таҳаммулгароӣ ва пешгирии низоъҳо бахшад.
Ба ибораи дигар, ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки собиқаи таърихии он ба давраи ба даст овардани сулҳи тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта бармегардад. Ин иқдоми ҷаҳонӣ на танҳо бар асоси таҷрибаи мушаххаси сулҳофаринии худи Тоҷикистон асос ёфтааст, балки нишонаи эҳсоси масъулияти баланди Роҳбари кишвар нисбат ба ояндаи инсоният низ мебошад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ба сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ва таҳкими он ҳамчун шарти ногузири рушди устувори тамаддун арҷ гузоранд.
Рудобаи МУКАРРАМ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология
