ТАРБИЯИ ДУРУСТИ КӮДАК АСОСИ РУШДИ ӮСТ
Тарбияи инсон аз рӯзи нахустини ба дунё омаданаш оғоз ва давоми умр идома меёбад. Ҷомеае, ки ба неруи инсонӣ такя мекунад, пеш аз ҳама, раванди тарбияро бояд дуруст ва самаранок ба роҳ монад, зеро ҳар қадар инсон ҳушёру боахлоқ, меҳнатдӯст ва созанда тарбия шавад, ҳамон қадар ҷомеа устувор ва пешрафт мегардад.
Педагогҳо бар онанд, ки тарбия танҳо омӯзондани дониш набуда, балки ба камол расондани инсон аст. Дар ин раванд муносибати омӯзгор, волидон ва муҳити иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бе ҳамоҳангии ин се қувва тарбияи комил қариб номумкин аст. Волидон меъёрҳои ибтидоиро мегузоранд, муҳит таҷрибаи амалӣ ба ҷомеа медиҳад, омӯзгор бошад, тарзи дурусти фикрронӣ, таҳлил ва ахлоқи иҷтимоиро шакл медиҳад. Агар яке аз ин ҳалқаҳо суст бошад ё канда шавад, тарбия камбуд меорад.
Вазифаи асосии тарбияи ахлоқӣ, ки пояи ҳамаи намудҳои тарбия ба ҳисоб меравад, касро ба инсондӯстӣ, некпиндорӣ, накукорӣ, одобу муомилаи дуруст, эҳтироми калонсолон водор сохтан аст. Дар давраи муосир, ки ҷаҳони иттилоотӣ пур аз таҳрифҳо, таҳмили идеологияҳои бегона аст, тарбияи ахлоқӣ на танҳо як самти педагогӣ, балки ниёзи амнияти маънавии миллат гардидааст. Дар чунин шароит омӯзгор ва волидон ҳамеша бояд фарзандро ба он водор созанд, ки арзишҳои миллӣ ва инсониро аз арзишҳои зоҳирии муваққатӣ фарқ кунад, ба зиндагии дигарон бо эҳтиром назар андозад ва аз ҳама муҳим, худшиносӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро аз даст надиҳад.
Дар ин миён, дар замири кӯдак тарбия намудани меҳнатдӯстӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷомеае, ки ҷавононаш меҳнатқарин нестанд, наметавонад пеш равад. Дар ин раванд, ба кӯдак, пеш аз ҳама, корҳои барояш муфид, аз ҷумла нигоҳубини китоб, тозаву озода нигоҳ доштан ҳуҷраҳо, кумак ба волидон, зоеъ накардани вақт ва амсоли инҳоро омӯзонд. Агар ин ҳама дар кас аз хурдӣ ташаккул ёбанд, дар калонсолӣ ӯ шахси боинтизом, боодоб, масъулиятшинос ва қавиирода мегардад. Меҳнатдӯстӣ, ҳамчунин, инсонро ба таҳаммул, қаноат ва аз худкунии ҳунарҳои гуногун раҳнамун месозад. Ҳунарманд бошад, ҳаргиз дар зиндагӣ хор намегардад.
Дар раванди тарбия аз тарбияи эстетикӣ низ набояд канора ҷуст. Он ба инсон зебоипарастӣ, завқи баланд, ҳисси масъулият дар назди фарҳангу табиатро меомӯзад. Кӯдаконе, ки аз хурдӣ бо санъат, адабиёт, мусиқӣ ва табиат ошно мешаванд, одамони некбину некандеш, зираку доно ба камол мерасанд. Чунин одамон ҳамеша ба бунёдкорӣ майл хоҳанд дошт.
Умеда БАРОТОВА,
мураббияи Мактаб-интернати
миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии
ба номи Миратулло Атоев
