ИСТИҚЛОЛИ ХИРАД ДАР «ШОҲНОМА». (ДАР ҲОШИЯИ ТАҚДИМИ “ШОҲНОМА”-И АРМУҒОНӢ)
Дар радифи ба руъёҳои худ ва тамоми тоҷикон ҳиммат гумоштану шодкориҳо кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чоп шудану ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гаштани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ фарорасии марҳалаи дигари муносибат ба ин шоҳкорӣ, омӯзишу фарогирии ҷиддӣ, бо нигоҳи ниҳонбин ба асли матлаб расидан, аз ин баъд бар пояи он ватандорӣ кардан ва расидан ба истиқлоли руҳист.
Далели собит шуда аст, ки асрҳо мегузаранд, аммо «Шоҳнома», чун сутуни пойбарҷои адабиёти ҷаҳон муқимтару муҳимтар мегардад. Шояд нахустин асари ҳамосие, ки нуфузи тамаддуни тоҷиконро дар имтидоди таърих нишон дод ва ба шакл гирифтану ба воқеият мубаддал шудани ормони миллии бузургони гузаштаи тоҷику форс таҳрик бахшид, «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ буд.
“Шоҳнома” рамзи тамоми умри худро ба эҷоди «Шоҳнома» сарф кардан аз садоқату ифтихор ба таъриху тамаддуни сарзамини худ, дақиқкорӣ, таҳаммулпазирӣ, огоҳиву растагорӣ ва дар маҷмуъ, дурусту ҳакимона нишон додани зулму рахнаҳои таърихии он ва роҳи наҷотро дар адолат хулоса кардан аст.
Дар давоми асар бо овардани номи кишварҳои бузург, номҳои ҷуғрофиёиву қадимии кишварҳо, корномаи шоҳони он давлатҳо, шакли зиндагии он қавмҳо, муборизаҳо, ҷангҳои дифоъ, ҷашнҳову шодкориҳо, зиндагиномаи қаҳрамонҳои он давлатҳо ва ташаккули тадриҷии онҳо намоёнтар мегардад.
Ҳар як руҷуи Фирдавсӣ ба ривояту афсонаҳо аз мавҷудияти дарки паҳлуи дигари зиндагӣ, ки марбут ба фалсафаи мобаъдуттабиа (метафизика) аст, дарак медиҳад. Дар таълимоти мазкур ашё ва тамоми ҳастӣ паҳлуи дигар, хусусияти дигари худро дорост. Яъне дар ин асари бузург дил ниҳодан, ба таҳқиқи руъёи худ ҳиммат гумоштан аст.
Ин асари ҳамосии ҳам дар вазн, ҳам дар маъно ва ҳам дар услуби баён мутантан, хеле пайгирона – бо дарку ҳазми сиёсати замон, бо гароише ба ҳаводису фарҳангу иҷтимову бовари башар ва бо дарки ҳақиқате, ки дунёро адолат нигоҳ медорад, шакл гирифтааст. Сухан аз андешаву имкону маҳорати адабист, ки бо фарогириву арҷгузории забон, дастрасӣ доштан ба илмҳои замон, фарогирии таърих ва тасаввури комили воқеаҳо, шоире бо маҳорати фавқулода асареро бо унвони «Шоҳнома» халқ кард, ки дар он асотир ва таърих ба адабиёт мубаддал гардид. Ин асаре шуд, ки дар сохту низоми давлатдории марзи бузурги Ориёно – Хуросони қадим ҷойгоҳи бузурге пайдо кард.
Инсонҳои огоҳ ҳанӯз дар аҳди хеле қадим ба ин шинохт расида буданд, ки истиқлоли руҳӣ, яъне хирад даричаи ягонае ба сӯйи саодат ва зиндагии шоиста аст.
Хирад, чун бунёди «Шоҳнома» дар пиндори Фирдавсӣ, неруи шахсиятсоз, шарти нахустини иртиботи дуруст бо ҷомеа, эҳсоси нодири ризоият, ҷавҳари ҷовидониву бақои зиндагонӣ ва чун василаи барҷастатарини офариниши осори бадеии ҷаҳоннигаҳдору зиндагисоз аст. «Худои ҷону хирад» гуфтани шоир дар оғози ин асари ҷаҳонгир, дар ибтидои кор рӯ овардану пайвастан бо ин отифаҳо, рози шоирист, бо шуруъ аз вожаи Офаридгор, ки калиди андешаҳои инсон аст ва умеди бунёди устувору сомони неки кор:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Дар идомаи ин андешаҳои отифӣ бо итминон мегӯяд, ки дар ин дунё шинохти нахуст бояд боз ҳам хирад бошад, чун хирад нигаҳбони руҳ аст:
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту они сипос.
Бо коҳиш ёфтани эҳсоси шодӣ, руҳи инсон низ мекоҳад ва ин рахна бунёди хирадро нотавон мекунад, чун хирад сармояи руҳи инсон аст. Яъне хирад, ба қавли шоир «беҳтарин додаи эзадӣ» бар асосӣ шодист ва шодиро бибояд ҳамеша нигоҳ дошт дар худ, вагарна чун шодӣ бикоҳад, равон низ коҳиш ёбад ва хирад, ки бархостае аз равони инсонист, дар ин миён коста гардад. Шодӣ, чун эҳсоси ризоият аз зиндагӣ, аслан дар зоҳир пайдотар намояд ҳам, дар ниҳод нодир асту кампайдо:
Чу шодӣ бикоҳад, бикоҳад равон,
Хирад гардад андар миён нотавон.
Хираде, ки ҳаким Фирдавсӣ дар асари бузурги «Шоҳнома» меситояд, дилнавардиву инсонпарварӣ, дар маҷмуъ эҳёи зебоиҳост.
Дунёро ҳамеша зебоӣ идора мекунад ва амале зеботар аз ҳимояти инсон нест, ки он дар нек будану гароидан ба некӣ зуҳур меёбад. Меҳнат кардан низ дар бовари Фирдавсии бузург ҳам хирад аст ва ҳам ҷузъе аз одоби дин. Дар байти сонӣ хирад ба унвони азамати як шахсият ё афсари шаҳриёрист:
Хирад зевари номдорон бувад,
Хирад афсари шаҳриёрон бувад.
Бо дарки ин ҳақиқате, ки як лаҳзаи ғафлат метавонад инсонро аз ҷомеаи мутамаддин бар канор кунад, бояд хирадро пазируфт, чун ғафлат айни бехирадист. Истиқлоли руҳӣ-хирад ҳамон неруест, ки аслу ҷавҳари инсониро муаррифӣ мекунад. Чизе бартар аз хирад нест ва авҷи ҳама некиҳои олам низ хирад аст:
Мадон чиз, к-он аз хирад бартар аст,
Хирад бар ҳама некуиҳо сар аст.
Фирдавсии бузург асари гаронмояеро бо такя бар эҳсоси ҳувият ва шинохти паҳлуҳои пайдову пинҳони олам халқ кард, ки дар кунҳи онҳо бахше аз зиндагии мо, пораи аз тақдири мо ва ламъае аз рӯшаниву бовари насли он рӯзу насли имрӯзу насли баъд ошкор аст. «Шоҳнома» барои тасаввур ва тасвири мукаммали дунё, барои таҳкими ваҳати башар, барои муқаддамтару волотар донистани инсон аз ҳама офаридаҳо, паёми некест. Ба таъбири Маликушшуаро Баҳор:
«Шоҳнома» ҳаст беиғроқ Қуръони Аҷам,
Рутбаи донои Тӯсӣ, рутбаи пайғамбарист.
Гулноз ТОҲИРИЁН,
шоир, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
