МУҚОИСА ҲАМ КОРИ ХУБ АСТ Ё чаро ба озмоишгоҳҳои хусусӣ боварӣ меафзояд?

19 декабр 2025, Ҷумъа
13

МУҚОИСА ҲАМ КОРИ ХУБ АСТ Ё

чаро ба озмоишгоҳҳои хусусӣ боварӣ меафзояд?

Мо – шаҳрвандон, шодем, ки дар баробари тибби давлатӣ тибби хусусӣ низ пешрафт дорад ва дар муассисаҳо ва озмоишгоҳҳои хусусӣ мутахассисони ҳушманд, шароити хуб ва таҷҳизоти навтаринро ба ҳам овардаанд. Бо вуҷуди ин, кам-кам афзудани ҳисси нобоварии шаҳрвандон ба тибби давлатӣ моро ғамгин мекунад. Чаро табибони мо супурдани ташхисҳои вобаста ба хун ва биокимиёиро бештар дар ташхисгоҳҳои хусусӣ тавсия медиҳанд? Ин як навъ нобоварӣ ба ташхисгоҳҳои давлатӣ аст ё воқеан ҳам, дар ташхисгоҳҳои давлатӣ таҷҳизоти зарурӣ нест ё ин ҷо зери коса нимкоса ҳаст?

Чанде пеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маълумот дода буд, ки дар шаш моҳи соли 2025 бо мақсади таъмини муассисаҳои табобатии кишвар бо таҷҳизоти тиббии муосир Вазорат ба чанде аз муассисаҳои соҳавӣ ба маблағи 43 миллиону 188 ҳазору 929 сомонӣ таҷҳизот ва асбоби тиббӣ, дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, нафасдиҳии сунъӣ, СИПАП, ҷиҳоз ва молҳои тиббӣ, катҳои функсионалӣ бо матрас, мизи акушерӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонагӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ дастрас кардааст. Дар шаш моҳ 43 миллиону 188 ҳазору 929 сомонӣ пули кам нест, аммо чаро то ҳанӯз гапу гапчаҳои “Диамед” тоза нишон медиҳад”, “Диамед” хуб аст” вирди забони табибону беморон аст? Мо шоҳидем, ки “Диамед” дар Тоҷикистон кайҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ном баровардааст ва хидматрасонӣ, шароити пазириши корафтодагон ва дар раванди расондани иттилоъ пешсаф аст. Беморон ва корафтодагон метавонанд бидуни муроҷиати такрорӣ натиҷаҳоро тавассути вебсайти diamed.tj бо истифода аз коди махсус аз варақаи таҳлил бисанҷанд, чоп кунанд ва пеши пизишкони зарурӣ раванд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ташхисгоҳҳои давлатиро ба ҳамин сатҳ наорем?

Ҳафтаи гузашта барои муайян кардани кирми рӯда ба Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, 3 рӯз пай дар пай рафтам, то як ташхисиро такроран супорам. Рӯзи дуюм рафтам, масъули қабул нест. Занг задаму аз он сӯйи гӯшӣ шунидам: “Ташхисро ба фалон духтараки ҳамкорам диҳед, баъди як соат омада мегирам”. Ёбеду гиред, ки онҳо, дар ҳақиқат, ташхисро аз озмоишгоҳ мегузаронанд ё не? Хулосаи табиб ин шуд, ки якбора хунро ҳам супорам. Масъули Пажӯҳишгоҳ хост, то аз клиникаи ҷойи истиқомат хунро дар як шиша орам. Хунгиранда хоҳиш кард, ки шишачаро рост нигаҳ дорам, кофист. Хунро аз ноҳияи Сино гирифта, ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдам. Пурсидам, ки дар ин муддат ва фосила бо хун чизе намешавад? Гуфтанд: “Не!”. Ташхисҳо ҷамъ 370 сомонӣ шуданд. Ниҳоят рӯзи чорум варақаи ташхисро гирифта, дар ҳайрат мондам. На расиди маблағ, на варақаи босифат. Ташхисҳоро ҳанӯз ҳам бо даст навиштаанд ва маълум аст, ки ин варақаро агар ду-се моҳ нигаҳ доред, чанд ҳарфи ба зӯр ба он часпида мерезанд ва имкон намеёбед, ки оянда барои муқоиса онро истифода баред. Ростӣ, эҳсос намудам, ки дар ин се рӯз натиҷаи ташхиси моро дар ҷойе қайд накарданд, барои пажӯҳишу омӯзиш ва корҳои илмӣ истифода ҳам намебаранд...

Баъди равуои чоррӯза ба маркази шаҳр, тамбашавии нақлиёт аз дилам гузарондам: “Кори “Диамед” дигар аст”. Масъулони ин озмоишгоҳ навбатро қатъиян риоя мекунанд, баъди ба рӯйхатгирӣ дар толори интизорӣ менишинед ва аз баландгӯйи озмоишгоҳ номатон ё шумораи махсус садо медиҳад. Ба ин тарз на ғалоғула ҳаст, на барои вайрон кардани навбат гапҳои пасту баланд. Баъди супурдани ташхис варақаеро бо QR-код ва расиди маблағи супурдашуда ба дастатон медиҳанд. Дар дилатон шубҳае намемонад. Натиҷаи ташхис ҳам дар шабака ва ҳам дар даст дар коғази босифат чоп шуда, метавонад солҳо истад. Аз ҷумла, натиҷаи ташхисҳои қанди таркиби хуни модарам, инак 5 сол боз дар қуттии махсус аст ва ҳоло ҳам барои муқоиса ва давоми табобат истифода мебарем.

Акнун гӯё худ ба худ ба саволҳоям посух ёфтам. Донистам, ки чаро эътимоди табибону беморон ба ин озмоишгоҳи хусусӣ бештар аст. Вале ду савол ҳанӯз беҷавоб боқӣ мондааст: чаро дар ташхисгоҳу озмоишгоҳҳо натиҷаро муайян мекунанд, аммо намегӯянд, ки муаммо дар чист? Гапашон яктост: “Ба духтуратон муроҷиат кунед!”. Саволи дигар, ба озмоишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои давлатии мо чӣ бало задааст, ки ҳамин корҳои хурди камхарҷро роҳандозӣ намекунанд? Ҳанӯз ҳам бо даст менависанд, навбату хархашаи беморон зиёд, расид намедиҳанд ва мардумро аз худ мегурезонанд?

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.12.2025 №: 239-240