КАМОЛ НАСРУЛЛО – САРОЯНДАИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОН

24 декабр 2025, Чоршанбе
12

КАМОЛ НАСРУЛЛО – САРОЯНДАИ ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОН

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло бо рӯзномаи якасраи “Ҷумҳурият” сиву шаш сол боз робитаи эҷодиву фарҳангӣ дорад. Бавижа, дар даҳ соли охир номбурда муаллифи пуркор, тарғибгари аслӣ, ҳамсафари аҳли қалами ин ҷарида, ғолиби чандкаратаи озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалии он мебошад.

“ХИДМАТИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА МАН ЗИЁД АСТ...”

Устод дар суҳбате ба ифтихори 100-умин солгарди рӯзномаи “Ҷумҳурият” китоби хотираҳои асри рафтаро бозгардон намудаву гуфта буд: “Бо “Ҷумҳурият”, ки дар замони мо “Тоҷикистони советӣ” ном дошт, робитаи дерин ва маънавибунёд дорам. Хато нахоҳад шуд, агар гӯям, ки дар муаррифии густардаи мо ин рӯзнома нақш дорад. Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Соли 1989. Дар даст шеъри “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” омадам пеши сармуҳаррири вақти рӯзнома Мазҳабшо Муҳаббатшоев. Он бо ин мисраъҳо оғоз меёфт:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Бадахшону Зарафшон.

Модареро чун тавон қисмат намуд,

Пора-пора байни фарзандон...

Шеърро хонду ҳамоно супориш дод, то дар шумораи оянда ҷо намоянд. Ҳамин тавр, субҳи дигар шеър бо ҳарфҳои калон дар саҳифаи як ҷо ёфт ва даст ба даст мегашт. Ҳамон субҳ мо бо як гурӯҳ устодон, аз ҷумла устодон Муъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ба Маскав бояд парвоз мекардем. Он ҷо ҳама дасти маро мефишурданду барои чопи шеър табрик мекарданд. Бори аввал устод Лоиқ ҳам дасти маро дошта, “Офарин!” гуфтанд. Ин хидмати “Ҷумҳурият” буд. Маҳз тавассути саҳифаи зарҳалини он шеър ба дилу дидаи мардум роҳ ёфт ва рисолаташро иҷро намуд. Он замон дарк карда будам, ки “Ҷумҳурият” ойинаи ин миллат аст:

“Ҷумҳурият” оинаи оянданамо буд,

Ойинаи армони дил, ойинаи мо буд.

Ҳар сафҳаи он саҳфаи ихлосу садоқат,

Ҳар нусхаи он мактаби тадриси вафо буд”.

ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ ТОҶИК

Забони модарӣ, Меҳан ва модар аз вожаҳои калидии ашъори шоиранд. Бидуни ин вожаҳо ашъори гӯянда хеле камранг мемонд.

Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,

Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.

Ҷавшанаш буд ин забону меҳанаш буд ин забон,

Ин забонро чун тавоне дар равонаш зинда дошт.

Таронаи “Модар”-и шоир бо садои Афзалшоҳи Шодӣ кайҳо ба як модарномаи миллӣ табдил ёфта, ҳазорон ғарибону мусофиронро ба домани фариштаи хонаводаашон мехонад:

Аз ҳама ғам то ту мехоҳам гурезам, модарам,

Дар бари домони ту хобам, нахезам, модарам.

Ҷумла тан чашме шавам, як чашми саршори сиришк,

Қатра - қатра пеши пои ту бирезам, модарам.

Дар як назар, қариб ҳама ашъори ватандӯстонаи устод баландпояву нотакрор ва ба ёдмонданӣ ҳастанд. Бештари таронаҳои ҳувиятии замони истиқлол ба қалами ин шоири тавоно дахл дорад. Ба ёд биёред ин мисраъҳо ва байтҳои оташинро, ки бо оҳангҳои марғуб кайҳо ба ниҳонхонаи дилҳо маъво ёфта:

Тифлро новаки пистон Ватан аст,

Мардро қалъаи виҷдон Ватан аст.

Ташнаро косаи обе дами марг,

Гушнаро як лабаки нон Ватан аст.

Ё дар байни даҳ миллион аҳолии кишвар кам касе аст, ки ин сурудро надонад ва замзама накарда бошад:

Ватан, Ватан, сиришти ман,

Бақову сарнавишти ман.

Замини Зардуҳишти ман,

Биҳишти ман! Биҳишти ман!

Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, дар бораи ин вижагии осори устод Камол Насрулло навиштааст: “Ашъори ӯ ойинаи тобон аст бо тасвири азизи Тоҷикистон, бо симои фурӯғманди аҳли Ватан, бо чашмаву рӯдбору обшорони поктариқат, бо рифъати қуллаҳову шавкати саҳроҳои борвар, бо ҳузури сабзи мову шумо. Ҳуруфи ӯ самимонатарин муҳаббатнома аст ба унвони ҳар нафари некуназиру некупазиру некузамир”.

Ба ин пора назар афканед, ки кайҳо ба як шиори миллӣ табдил ёфта:

Гуфтам Ватан, чаман – чаман ин анҷуман шукуфт,

Гуфтам Ватан чу гул ба лабонам сухан шукуфт.

Гуфтам Ватан – Ватан ҳама дашту даман шукуфт,

Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.

Тарғибгари асливу садоқатманди сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз устод Камоланд. Чанде пеш нашриёти давлатии “Адиб” ба ифтихори Рӯзи Президент китоби ӯро дар силсилаи “Чеҳраи миллат” чоп намуд, ки саропо васфи Сарвари давлат аст. Дар масъалаҳои калидии сиёсати имрӯзаи кишвари мо, ибтикороти созандаи Президент ва симои маънавию адабии ин марди наҷиб на танҳо шеърҳои хубу шево ва саривақтӣ менависанд, балки мақолаву матлабҳои фарогир низ иншо менамоянд, ки дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият”, сомонаи АМИТ “Ховар” ва қариб дар ҳама нашрияҳо ба навбат чоп мешаванд.

УСТОДИ НАВРАҲОНИ ҶОДАИ АДАБ

Муҳимтарин падида ҷавҳари неку наҷиби устод аст, ки ба дастгириву мадади эҷодкорони ҷавон низ вақт меёбад. На танҳо барои таҳриру такмили осори навқаламон фурсат ҷудо мекунад, балки дар сари шеъри бештари ҷавонони фаъолу хушкалом мақолаҳои алоҳида менависад. Ба ибораи дигар, дар синну соли камол бо ҳазору як ташвиш ва бемориҳо боз ҳам набзи шеъри имрӯзи моро месанҷад ва дар тарозуи нақду хирад мегузорад, то сара аз носара шинохта шавад. Дар ин росто пайрави асили устод Мирзо Турсунзода ҳаст. Сабақҳо ва таҷрибаҳои устодон Турсунзодаву Лоиқро ба насли имрӯз мерасонад. Бешак, шоири озода худ низ ҳалқае дар занҷираи тиллоии фарҳанги дирӯзу имрӯзи мост.

Азбаски устод дар чиллаи зимистон дида ба олам кушудааст, бо як ҷаҳон орзуҳои сапеди зимистонӣ чунин паёми баҳорофарин дорад:

Дили худро зи дилсардӣ нигаҳ дор,

Русуми неки ҳамдардӣ нигаҳ дор,

Ҷавонӣ рафт, сад ҳайфи ҷавонӣ!

Биё, акнун ҷавонмардӣ нигаҳ дор!

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”