ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, БАР ҶОНИ МО ҶОНӢ

24 декабр 2025, Чоршанбе
14

ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, БАР ҶОНИ МО ҶОНӢ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин абармарди ҷаҳони сиёсат, чун фариштаи осмонӣ “аз само ба замин фуруд омада”, барои халқи ҷафодидаю азияткашидаи худ сулҳ овард, гурезаҳоро аз хориҷ ба Ватан баргардонд, рӯзи нек фароҳам сохт, давлат бунёд карду созандагию ободкориҳо намуд. Ба қавли шоир Низом Қосим:

Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

Достони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат.

Ин аст, ки халқи фархундатолеи Тоҷикистон ҳамасола бо як фараҳу нишот, ифтихору сарбаландии махсус рӯзи саиду босаодат, яъне, Рӯзи Президентро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил менамоянд. Охир, чӣ гуна метавон ин рӯзи неку фархундаро ҷашн нагирифт ва чӣ гуна метавон чунин шахсият ва абармардеро, ки дар як марҳалаи тақдирсоз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш сохт, вайронаю харобиҳоро бартараф ва иморату иншооти беназир, нақбу неругоҳҳои азим, шоҳроҳҳои паҳнбару муосири мошингард бунёд намуд, таҷлил накард?! Ва чӣ гуна метавон Сарвари мушфиқу муаззами давлатамонро, ки барои бақою пойдории Ватан ҷон ба каф доштанд, васф накард?!

Тули солҳои соҳибистиқлолӣ халқи сулҳдӯсту меҳанпарвари мо маҳз тавассути роҳбарии хирадмандонаю оқилонаи Сарвари муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид. Маҳз ба шарофати заҳмату кӯшишҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ мустаҳкам гузошта шуданд. Давлати тозабунёди моро ба узвияти ташкилоту созмонҳои бузургу бонуфузи байналмилалӣ пазируфтанд. Аз ин рӯ, баҳрашон бо ихлосу эътимоди хеле бузург мегӯем:

Чароғи рӯшани ин сарзаминӣ,

Ба ин миллат супурдӣ хатти милод,

Ба ин миллат туро аслан Худо дод,

Худододӣ, Худододӣ, Худодод.

Мавриди зикр аст, ки насли калонсол то ҳанӯз айёми сангину душвор, пур аз ҳаводиси нангину даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ-ро фаромӯш накардаанд ва он замони тираю фоҷиаангези ҷангу даҳшатро шоири зиндаёди ватандӯст, устод Мирзо Файзалӣ дар чанд мисраъ бо сӯзу гудози алим чунин тасвир намуда буд:

Намедонам, ки наҳсӣ аз замин ё ки зи кайвон буд,

Зи қисмат буд, туҳмат буд ё васвоси шайтон буд...

Забон ҷои сухан гуфтан фақат як пора нон мегуфт,

Чунон будӣ, ки гӯё ҷумлаи сайёра нон мегуфт...

Имрӯз Тоҷикистон дигар шудааст. Бале, ҳамаи ин дастоварду комёбиҳо, бешубҳа, натиҷаи заҳмати фидокоронаю шабонарӯзӣ, иқдомоти созандаю бунёдкоронаи Сарвари муаззами мост. Мардуми қадршиноси Тоҷикистон дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро таҳким бахшида, ба сӯйи ояндаи нек гомҳои умедбахшу устувор мегузорад. Ин аст, ки имрӯз мо ба Сарвари маҳбубу муаззами худ ифтихорангез нидо карда, мегӯем:

Асоси сулҳу истиқлолу ваҳдатро ту бинҳодӣ,

Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

Дар кишвари азизамон - Тоҷикистон, сулҳу оромӣ барқарор аст ва мо аз пойдории амну субот, шукрона дорем, шукр мекунем, ки ба рӯзҳои пурфайзу баракат расидем, барои корнамоию хидматҳои ҷасуронаю беназирашон ба Пешвои миллат ҷавонмардона арҷ гузорем.

Ҳар нафас озод мегӯям сухан,

Шукри Пешвои муҳаббатофарин.

Пешво бо Тоҷикистон зинда бод,

Пешво бо Тоҷикистон зинда бод!

Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА, рӯзноманигор

Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246