НУБУҒИ ИСТЕЪДОД

25 декабр 2025, Панҷшанбе
23

НУБУҒИ ИСТЕЪДОД

Тавре аз осору эҷоди Зариф Ғулом бармеояд, мавсуф бо андешаҳои нозук, қалами пуртаъсир ва диққати хосса ба сарнавишти мардумони заҳматқарин ё худ инсонҳои комилу наҷиб эҷод мекунад. Асари тозаэҷодаш “Карими Шиш” низ ба зиндагию рӯзгор ва сарнавишти яке аз чеҳраҳои нодири мусиқии суннатии тоҷик – Карими Шиш бахшида шудааст. Карим, ки яке аз сарояндаҳои барҷастаи сурудҳои фалакӣ шинохта мешавад, бо вуҷуди ҳунари фавқулодаи овозхонӣ доштанаш, дар гирдоби зиндагӣ ва тағйироти сиёсию давлатии давраҳои сипаришуда то андозае аз ёдҳо дур монд. Вале ҳунари ҳақиқӣ, садои беназир ва маҳбубияти ӯ ҳамеша дар қалбҳо буду мемонад.

Пӯшида нест, ки ҳунари нотакрор ва чеҳраи асили ҳунармандон ҳамеша барои ҷомеа нуру маърифат ва шодмонию сурур мебахшад. Гоҳо нубуғи истеъдод ва муҳаббати мардум ба ҳунарманди асил чеҳраҳоро ба қаҳрамонони асотирӣ мубаддал мекунанд. Ва пӯшида нест, ки вазифаи ҳар эҷодкор ҳам ҳамин аст, ки дар пайдо намудани қаҳрамони худ, мавзуи худ ва шиносондани шахсиятҳои фарҳангии миллати худ заҳмати фарзандона дошта бошад.

Маҳз ҳамин корро Зариф Ғулом анҷом додааст. Ӯ дар асари “Карими Шиш” на танҳо зиндагии як сарояндаи гумномро бозофарӣ мекунад, балки арзишҳои фарҳанги мардумӣ, оҳу сӯзи сурудҳои даштӣ, нидои дардолуди қалби мардум ва руҳи ҷовидонаи фалакро ба хонанда эҳдо менамояд. Ин китоб эҳёи маънавии як ҳунармандест, ки овозаш дар кӯҳҳо танин афканда буд, аммо дар авроқи таърихи фарҳангу ҳунари миллӣ камтар зикр ёфтааст. Зариф Ғулом бо дониш, ҳунари хоси нигорандагӣ, таҳқиқи амиқ ва муҳаббати самимӣ ин ҳунарманди ба дасисаҳо гирифторшудаю ин садои ширадори бесадомондаро дубора ба саҳнаи ёдҳо ва минбари қалбҳо меорад, то мо ва наслҳои оянда бидонем, ки арзишҳои фарҳангӣ танҳо бо ёдоварӣ ва ҳифз кардан зинда мемонанд.

Зариф Ғулом ба хонандаи имрӯза танҳо як саргузашти ҳунармандро манзур намекунад. Ӯ як ҷаҳон месозад – ҷаҳони як инсони ҳунарманд, дунёи як санъаткори маҳбуб, олами як чеҳраи асотиргашта, ки таърихсозону таърихсӯзон ӯро канор гузошта буданд. Бо ин вижагӣ китоби тозанашри Зариф Ғулом на танҳо як китоб, балки як пули муҳиме миёни наслҳо: гузашта ва имрӯз мебошад.

Зариф Ғулом дар ин асар бо забони оммафаҳму равон, бо нақли самимӣ ва бо наққошии нозуки лаҳзаҳо кор мекунад. Ин ҳунари нигорандагии устод боис шудааст, ки китоб на танҳо хонда, балки эҳсос мешавад. Хонандаи имрӯз гӯё бо Карими Шиш ҳамсафар мешавад: аз кӯчаҳои кӯҳистонӣ то саҳнаҳои базму шодмонии миллат, аз лаҳзаҳои дарду танҳоӣ то он ҷо, ки овозаш мисли шамоли кӯҳистон аз дарае то дарае мерасад ва дилҳоро меларзонад.

Зариф Ғулом ҳамчун эҷодкор ва шахсияти фарҳангмеҳвар бо эҷоди асарҳои хонданию ҷовидона дар қалби хонандаи тоҷик роҳ ёфтааст. Маъхазҳои Китобхонаи миллӣ нишон медиҳанд, ки то имрӯз маҷмуаҳои очерку ҳикояҳо ва романҳои мавсуф бо номҳои “Парвоз”, “Ҳукми дил”, “Даъвати хун”, “Ҷодугар”, “Бори каҷ дар роҳи каҷ”, “Бӯсаи аввалин”, “Асари хиёнат”, “Шоҳиди асосӣ”, “Бо роҳи раъди ғуррон”, “Табаддулот” ва дигар қиссаву ҳикояҳои ҷолиб ба дасти хонанда расидаанд. Бовар дорам, ки ҳар яке аз ин асарҳо барои ғанӣ гардондани ҷаҳонбинии насли наврас ва шинохти воқеаҳои таърихӣ мусоидат хоҳанд кард. Китоби “Карим Шиш” низ як пайкари фарҳангӣ, як садои нодир ва як хидмати воло барои таърихи ҳунари тоҷик аст.

Ҷумъахон ФАЙЗАЛИЗОДА,

директори Китобхонаи миллӣ,

профессор

Санаи нашр: 25.12.2025 №: 247