КАМОЛ НАСРУЛЛО: “ВОЖАИ ТИЛЛОИИ МАН ТОҶИКИСТОН АСТ!”

26 декабр 2025, Ҷумъа
27

КАМОЛ НАСРУЛЛО: “ВОЖАИ ТИЛЛОИИ МАН ТОҶИКИСТОН АСТ!”

Бардошт аз маҳфили Шоири халқии Тоҷикистон

Дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори панҷоҳу панҷумин солгарди фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо иштироки адибон, рӯзноманигорон, пажӯҳишгарон, ҳунарпешагон ва дар маҷмуъ, ҳаводорони шеъри асил ҳамоиши бошукӯҳи адабӣ баргузор гардид.

Нахуст, раиси ИНТ Низом Қосим доир ба вижагиҳои осор ва шахсияти Камол Насрулло таваққуф намуда, ӯро шоири озода, соҳиби дили пок, ватансарои ҳақиқӣ ва аз давомдиҳандагони роҳи фарҳангии Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир донист ва афзуд: “Бале, ин ҳамон Камол Насрулло аст, ки содиқ ба рисолати азалии хеш аз аввалинҳо шуда, даъвати “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”-ро ба гӯши мову шумо расонд. Аз ваҳдату ягонагӣ гуфт ва ҳоло ҳам аз посдорони оромиву осудагӣ ва истиқлоли кишвар аст”.

Мавриди зикри хос аст, ки мавсуф бо рӯзномаи якасраи “Ҷумҳурият” робитаи дерини эҷодиву журналистӣ дорад. Сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода бо таъкид аз натиҷаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди мавриди назар чунин гуфт:

– Оне, ки на ҳар зиёӣ шоир ё нависанда аст, як раванди маъмулист, вале агар шоир ё нависандае зиёӣ нест, ин, аллакай, ҷойи таассуф ва андеша аст. Тасаввур кунед, шоир, нависанда ва ё рӯзноманигореро, ки ба муҳимтарин рӯйдодҳои замонааш бетафовут буда, хомӯшӣ ихтиёр мекунад, оё метавон зиёӣ гуфт? Албатта, не. Хушбахтона, дар чунин як муҳити на чандон рангини адабӣ зиёиёни асиле чун устод Камол Насрулло ҳарчанд ангуштшуморанд, бори вазнини адабиётро бар дӯш гирифта, ғояҳои баланди ватандӯстиву хештаншиносиро ҳифз ва тарғибу ташвиқ месозанд. Устод Камол Насрулло на танҳо тамоми ҷашну маросими милливу давлатиро пайгириву тарғиб менамоянд, балки муҳимтарин дастоварду муваффақиятҳои давлату Ҳукумат, хоса ташаббусу пешниҳодҳои созандаи Пешвои муаззами миллатро ба манфиати аҳли башар ба таври хеле фарогир таҷассум мекунанд. Ба ибораи дигар, дар қалами устод Камол набзи рӯз ифода меёбад, чи дар қолаби назм ва чи дар қолаби наср. Аз диди шахсии ман, устод Камол аз сермаҳсултарин шоирони замони муосири тоҷик аст. Шоир, журналист ва публитсисте, ки, бемуҳобот, на танҳо барои насли ҷавони имрӯз, балки барои баъзе аз зиёиёни унвондори мо ҳам намунаи ибрату пайравӣ бояд бошад, ки аз рӯи адолат аст.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҷойгоҳи ашъори шоир дар бедории милливу худшиносӣ ишора намуда, аз ҷумла гуфт: “Мо Камол Насруллоро ҳанӯз аз поёни солҳои 70-уми асри ХХ ба некӣ мешиносем. Аз рӯзҳои аввал бо фотеҳаи бузургони илму адаб ба майдони адабиёт омад ва дигар бетанаффус то ҳол дар хидмати шеъру сухан аст. Ӯ на танҳо чакомасаро, балки дар таҳриру тадвини садҳо китоб, рӯзномаву ҳафтанома саҳм дорад ва ҷомеаи мо, Ҳукумати мо низ аз хидматҳояш ба таври шоиста қадр кардаанд”.

Амирбек Мусоев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, устод Камолро аз шоирони соҳибтабъ ва таронанависони боистеъдод хонда, афзуд, ки ҳамкории эҷодии ӯ барои офаридани даҳҳо таронаҳои муассир ва мондагор дар санъати мусиқии мо сабаб шудааст. Бо вуҷуди истиқболи ҳафтоду панҷумин баҳори умри хеш, ҳанӯз чизҳои хубу шоиста менависад ва мардум ҳам таронаҳояшро ба ҷону дил мепазиранд.

Ҳамин тавр, академикҳо Кароматулло Олимов, Фарҳод Раҳимӣ, шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб хидматҳои эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро дар адабиёт сутуданд ва ӯро аз чеҳраҳои дурахшони фарҳангу адаби муосир шинохтанд.

Камол Насрулло аз шеърҳои тозаи хеш қироат карда, махсус таъкид намуд: “Шумо медонед, ки ҳар шоир як ё якчанд вожаи дӯстдоштаниву асосӣ дорад, ки қариб ҳамаи офаридаҳояш дар меҳвари ҳамин калимаҳо мечарханд. Камина ҳам дар олами бекарони эҷодкорӣ як вожаи зарин, тиллоӣ ва нотакрор дорам, ки ҳама калимаҳои хубу хуш ва муқаддасро дар худ гунҷондааст: ин вожа “Тоҷикистон” аст, ин танҳо калима нест, балки ганҷинаи аслии имрӯзу фардои мост. Ҳамаи талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои бақои ҳамин муқаддасот, яъне Тоҷикистон аст, ки мо ситояндаи талошҳову ибтикорҳои беназири Пешвои миллат дар ин арса ҳастем. Пешниҳодҳои таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази Наврӯз дар Душанбе мо – адибонро ба азму ирода ва фаъолияту ҷустуҷӯҳои бештари эҷодиву фарҳангӣ даъват мекунад. Поянда бод чунин даъватҳои ояндасоз!”.

Маҳфилро таронаҳои ҷаззобу шунидании ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Саидқули Билол, Афзалшоҳи Шодӣ, Умар Темур, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орифзода ва аҳли ҳунари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳусну маънии дигар бахшиданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2025 №: 248