ПАЁМ Марҳалаи нави рушду шукуфоӣ

31 декабр 2025, Чоршанбе
6

ПАЁМ

Марҳалаи нави рушду шукуфоӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буд. Дар он наҷибтарин дастовардҳои таърихии миллат – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи марти соли 2025), ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ба имзо расидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо зикр шуданд.

Қабули пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва қабули қатънома дар бораи соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ», бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 аз рӯйдодҳои муҳими сол буданд. Дар иртибот ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои роҳбарии худ дар мавриди расму анъаноти миллӣ, ки пайванди ногусастанӣ ба сарнавишти миллат доранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми оину суннатҳои гузаштаи ин миллатро дубора эҳё ва дар саҳифаи таърихи миллат номи худро бо хатти заррин навишта карданд. Дар мавриди бунёди анъанаҳои куҳани миллӣ, ки аз замони салтанати ориёиҳо маншаъ мегирад, иброз намуданд: «Боиси ифтихор аст, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд». Ҳамзамон, таъкид карданд: «Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд».

Сарвари давлат ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки нишони ҳувияти баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ мебошад. Зикр шуд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Дар ин росто, болобурди сатҳи зиндагии мардум бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат ба ҳайси Пешвои хирадманду дорои малакаҳои баланди сиёсӣ, ба сароҳат таъкид намуданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистад ва моро зарур аст, ки муборизаро бар зидди ин равандҳои номатлуб пурзӯр намоем: «Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.

Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик дар Соли нави милодӣ бо татбиқи нуқтаҳои Паёми ояндаафрӯзу ояндасози Пешвои миллат ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гашта, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқуъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,

мудири кафедраи педагогикаи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252