ҚАҲРАМОНӢ ҚАРНҲО ПОЯНДА МЕМОНАД
ҚАҲРАМОНӢ ҚАРНҲО ПОЯНДА МЕМОНАД
16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бешак, Рӯзи Президент ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии мардуми тоҷик ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.
Дар ин росто, пеш аз ҳама, ҳодисаи таърихӣ – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки, хушбахтона, сарнавишти миллатро мусбат ҳал намуд, дар пеши назар ҷилвагар мегардад, зеро ҳамин Иҷлосияи тақдирсозу хотирмон миллату давлати моро, ки дар ҳоли парокандашавӣ ва нестшавӣ қарор доштанд, наҷот дод. Ин ҳам бошад, ба шарофати қудумҳои мубораку файзбори фарзонафарзанди далеру боҷуръат, ҷавони нотарсу қавиирода ва сулҳхоҳу сулҳпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба ин рӯзҳо расидем. Маҳз бо саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардуми ҷабрдида дубора шуълаи умед ба ояндаи нек дурахшид.
Ин абармарди ватандӯсту матинирода тавонистанд орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонанд. Суруди сулҳ дар мамлакат танинандоз шуд. Ин ғалабаи мардуми ранҷдида мақсадҳои нопоки душманони миллатро барбод дод.
Тавре шоҳидони ҳол борҳо он рӯзҳои сахтро ёдрас шудаанд, он замон парокандагии миллӣ, маҳалгароиву гурӯҳбозӣ ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан, даҳшат ва хатари азиме дошт. Сарнавишти миллати тоҷик «ашки сари мижгон»-ро ёд меовард. Бинобар ин, мо бояд шукр аз он намоем, ки чун тулуи офтобе, ки баъди чанд рӯзи ҳавои сарду тира синаи абрҳоро шикофта, берун мешавад ва бо нурҳои гарми худ ба замин ҳаёт мебахшад, сарнавишти миллат ба уҳдаи фарзанди оқилу дурандеш, ғамхору меҳрубон, баору бонанги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид, ки нахустин суханашон: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам» буд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Тавре мегӯянд, вақт довари ҳақиқат аст ва ин ҳамаро ба мо нишон дод.
Зиндагӣ дурустии роҳи интихобкардаи мунодии сулҳу созандагӣ, фидоии давлат, падари ғамхори ятимону бепарасторон ва кулли сокинони мамлакат – Пешвои муаззами миллатро нишон дод. Сарвари давлат ҳамчун кафили сулҳу субот бори дигар собит намуданд, ки бо сарҷамъии мардуми сулҳхоҳу сарбаланди тоҷик дар посдошти истиқлолияти комили давлатӣ, озодӣ ва тақвияти иқтидору амнияти миллӣ аз ҳеҷ гуна заҳмату талоше даст нахоҳем кашид. Маҳз тадбирандешӣ, иқдомоти нав ба нав ва роҳнамоиҳои роҳбарияти олии кишвар дар масири таҳкими амният ва суботи минтақа аст, ки Ватани азизамон рӯз ба рӯз ободу зеботар мегардад ва, ҳамзамон, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса ва нуфузи баландтарро ишғол менамояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252