ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ ҲАМДИГАР
ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН
ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ ҲАМДИГАР
Бардошт аз Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
Аз 17 то 24-уми декабри соли 2025 Ҷумҳурии Исломии Покистон шоҳиди пурифтихори Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Вақте дар миёнаи моҳи декабр парчами зебои Тоҷикистон дар кӯчаҳои шаҳри Исломобод дар канори парчами Покистон парафшон шуд, ин танҳо расмиёт набуд, балки гӯё эълон мекард, ки миллати тоҷик бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни куҳанаш ба гуфтугӯйи тозаи фарҳангҳо ворид мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ дар шаҳри Исломобод вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода бо вазири мероси миллӣ ва фарҳанги Покистон Аврангзеб Хон Ҳиччӣ баргузор шуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳор намуданд.
Исломобод – нуқтаи
баҳамоии дилҳо
Пойтахти Покистон шаҳри Исломобод дар ин рӯзҳо набзи дили Тоҷикистонро эҳсос мекард. Маросими ифтитоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, намояндагони давлатӣ, зиёиён ва аҳли фарҳанг баргузор шуд. Дар ин тантана фазо танҳо расмӣ набуд, фазои гармии дил ва эҳтироми мутақобил ҳукмфармо буд.
Меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик дидан карданд. Ҳар як асар гӯё қисса мекард: аз кӯҳҳои баланд, аз деҳаҳои ором, аз занони ҳунарманд ва аз таърихе, ки бо муҳаббат ҳифз шудааст. Ин ҷо Тоҷикистонро бо чашми дил мешинохтанд.
Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар суханронии худ аз Роҳи Абрешим ва тамаддуни муштараки Шарқ ёд кард. Дар ин лаҳзаҳо эҳсос мешуд, ки ин робитаҳо тасодуфӣ не, балки таърихиянд. Тақдими ҷома ва тоқии тоҷикӣ ба Президенти Покистон фарҳанги тоҷикро ба рамзи эҳтиром табдил дод.
Аврангзеб Хон Ҳиччӣ Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистонро рӯйдоди муҳиму фараҳбахш номид. Ин ҳарфҳо таҳсин ва, ҳамзамон, эътироф буданд.
Матлубахон Амонзода бо ифтихор аз решаҳои муштараки таърихии ду миллат сухан гуфт. Суханонаш ба ёд меовард, ки дӯстӣ ҳуҷҷат намехоҳад, хотира мехоҳад.
Забони ҳунар тарҷума намехоҳад
Рӯзҳои баъдӣ Исломобод ба саҳнаи ҳунари тоҷик табдил ёфт. Дар Нигористони шурои санъати миллии Покистон (PNCA) ва майдони ҳунарҳои Lok Virsa суруду оҳангҳои тоҷикӣ танинандоз шуданд. Рақсҳо қисса мегуфтанд, сурудҳо хотираҳоро бедор мекарданд. Шоирон шеър мехонданд, олимон аз равобити илмӣ ҳарф мезаданд. Кафкӯбиҳои тамошобинони покистонӣ самимӣ буданд, аз рӯйи эҳсос ва муҳаббат. Дар чорабиниҳо 70 олим, адиб, ҳунарманд, тарроҳ ва соҳибкори тоҷик иштирок дошт.
Дар Нигористони шурои санъати миллии Покистон намоишҳои асарҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ - амалӣ, аксҳо ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор гашт. Ба ҳаводорони санъати тасвирӣ 35 асари эҷодии рассомони тоҷик муаррифӣ шуд.
Намоишгоҳи «Made in Tajikistan» нишон дод, ки Тоҷикистон танҳо бо гузашта ифтихор намекунад, балки имрӯзро месозад ва ба фардо бо бовар менигарад. Фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, аз ҷумла ош, фазои дӯстиро боз ҳам гармтар намуд.
Соҳибкори покистонӣ Муҳаммад Ҳаётӣ зимни суҳбат гуфт:
«Мо порсизабонони Покистон ҳастем ва ба Тоҷикистон муҳаббати зиёд дорем. Дар наздикии сарҳади Покистон бо Афғонистон зиндагӣ мекунем. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекунем ва ба Сарвари давлати тоҷикон муҳаббати хосса дорем. Орзуи мо дидор бо Эмомалӣ Раҳмон аст».
Ин суханонро метавон нишонаи равшани шуҳрати ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат донист.
Ду қолабу як ҷон
Рӯзи сеюми Ҳафтаи фарҳанг дар толори Lok Virsa форуми байналмилалии «Покистону Тоҷикистон - ду қолабу як ҷон» баргузор гардид. Дар кори форум раиси Фарҳангистони миллии фурӯғи қавмии забони Ҷумҳурии Исломии Покистон, профессор Муҳаммад Салим Мазҳар ширкат варзид. Ҳамоишро Ҳумайро Шаҳбоз, мудири бахши тарҷумаи забонҳои муосири Донишгоҳи миллии Покистон, ифтитоҳ намуд.
Ғулом Муҳаммад, ноиби нозими умури Идораи сақовати Покистон, қайд кард, ки ҳамоиши мазкур қадами муассир дар таҳкими равобити фарҳангиву адабии ду миллати ба ҳам дӯст хоҳад буд.
Муборакшоҳ Шамсов, номзади илмҳои фалсафаи АМИТ дар мавзуи "Баҳовуддини Нақшбанд - пайвандгари мероси фарҳангии орифони Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ" маъруза карда, роҷеъ ба равобити аҳли тасаввуфи ду миллат, аз оғоз то имрӯз андешаҳои худро баён дошт. Шоири тоҷик Сурайё Ҳасансултон аз маҳбубияти Муҳаммад Иқбол миёни шоирон ва хонандагони тоҷик сухан карда, чанд шеър қироат намуд. Наҷмиддин Салоҳиддинзода дар мавзуи "Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода" баромад карда, аз решаҳои куҳани дарахти дӯстии Тоҷикистону Покистон ёдовар шуд. Профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорӣ дар мавзуи "Абдуллоҷон Ғаффоров ва ташаккули мактаби иқболшиносии тоҷикӣ" маъруза намуд. Номбурда китобҳои худро ҳамчун рамзи дӯстӣ ва арзи адаб ба раиси фарҳангистони Покистон тақдим намуд.
Ҳамчунин, олимони покистонӣ Робия Каёнӣ, Амбар Ясмин, Васим Раҷа ва дигарон роҷеъ ба тасаввуф ва эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва робитаҳои илмиву адабии ду миллат сухан карданд.
Лоҳур – муҳаббатхонаи башар
Шаҳри Лоҳур меҳмононро бо шукӯҳи хос пешвоз гирифт. Боғи Шолимор, Қалъаи Лоҳур ва Масҷиди Бадахшӣ ҳар яке саҳифаи зиндаи таърих буданд, ки оғӯши хешро ба тоҷикистониён бо муҳаббат боз намуданд.
Масҷиди подшоҳӣ беҳтарин намунае аз меъмории таърихӣ дар Покистон мебошад. Ин масҷид яке аз калонтаринҳо дар сарзамини Ҳинду Покистон буда, ҳар кунҷи он 150 метрро ташкил медиҳад. Масҷиди подшоҳӣ ба масҷиди ҷомеи Деҳлӣ, ки аз ҷониби Шоҳҷаҳон сохта шудааст, хеле монанд аст. Ин масҷид бо даромадгоҳҳои шишагӣ ва ҷойгоҳҳо барои зоирони хос ва ом далели меъмории аҳди муғулҳоро исбот мекунад.
Дар канори ин масҷид оромгоҳи файласуф ва донишманди шарқ доктор Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷойгир аст. Дар назди марқади ин алломаи замон адибони тоҷик аз ашъораш қироат карданд. Консерти муштараки ҳунармандони Тоҷикистону Покистон дар Қалъаи Лоҳур шоми дӯстиро ба суруду тантанаи шодӣ табдил дод.
Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҷамъбаст шуд. Аммо он чи ба дилҳо нақш баст, фаротар аз шумори як ҳафта буд. Эҳсоси пайванд, эҳтироми мутақобил ва ифтихор аз ҳунару фарҳангу тамаддун ба садсолаҳо пайванд мехӯрд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Душанбе - Исломобод - Лоҳур -
Исломобод - Душанбе
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252