МЕҲРИ КИТОБ, ДУРАХШИ ФАРҲАНГ ВА НЕРУИ МИЛЛАТ
МЕҲРИ КИТОБ,
ДУРАХШИ ФАРҲАНГ
ВА НЕРУИ МИЛЛАТ
(Фарҳанги миллӣ дар партави сиёсати
хирадмандонаи Сарвари давлат)
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки сайёраи мо бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯбарӯст, барои ҳар миллат азизтарин неъмат амният ва сулҳу субот аст.
Хушбахтона, имрӯз мардуми Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорад, ки натиҷаи саъю талош, хирадмандӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз дастгирӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ фарҳанги миллӣ ба марҳалаи нави эҳё ва рушд ворид гардид. Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат, дастгирии адибон, ҳунармандон ва фарҳангсолорон далели таваҷҷуҳи беназири Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллист.
Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари сулҳ мешиносанд. Бароям чун адиб ва рӯзноманигор нишотбахш аст, ки дар кишвари мо ба забони тоҷикӣ, адабиёт, мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи давлатӣ ҷойгоҳи хосса дода мешавад. Агар ба дарозои соҳибистиқлолии Ватани азизамон назар андозем, аз бунёди китобхонаҳои нав, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ дар саросари кишвар ифтихор мекунем.
Барҳақ, фарҳанг оинаи руҳи миллат аст. Вақте мардум амниятро эҳсос мекунанд, ин оина пок аст, вақте осоишро дарк менамоянд, ин оина нуру рӯшанӣ медиҳад. Яъне, ҳифзи фарҳанг руҳи миллатро пос медорад.
Чи хуш аст, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар баробари ҳифзи арзишҳои гузашта, ба сохтани пойдевори ояндаи маънавии миллат нигаронда шудааст. Имрӯз, вақте ҷаҳони муосир аз ихтилофу низоъ, бесуботӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ пур шудааст, мо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар фазои амну ором бо ифтихор аз ободии Ватани азиз сухан мегӯем.
Имрӯз мо – адибону рӯзноманигорон, дар ҳар сухани хеш, дар ҳар сафарҳои худ миёни миллатҳои дигар бо ифтихор аз ибтикороти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нашру тақдими китобҳои арзишманди таърихӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ сухан мегӯем.
Дар қатори ин иқдомҳои фарҳангӣ, нашр ва тақдими “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ба кулли шаҳрвандон рӯйдоди муҳим ва пурифтихор гардид. Ин амали Президенти кишвар рамзи эҳтиром ба таърихи дерини тоҷикон аст, ки пайванди равшани фарҳангии моро бо ҷаҳони форсизабонон тақвият бахшид. Ин иқдоми арзанда аз ҷониби муҳаққиқон, олимон ва аҳли фарҳанги мо бо гармӣ ва эҳтироми хос истиқбол ёфт, ки нишони ҳамдилии маънавии мост.
Дар фазои амну осоише, ки бо сиёсати оқилона ва диди фарҳангии Сарвари давлат фароҳам омадааст, имрӯз ҳар шоир ва нависанда метавонад озодона эҷод кунад, андешаҳояшро ба ҷомеа, осори худро бо дастгирии давлат ба хонанда расонад.
Ин озодии фикр, ин фазои босубот ва ин бовар ба оянда беҳтарин туҳфа барои аҳли қалам аст. Дар зери осмони амни Ватани азиз сухан мақоми арзандаи хешро пайдо кардааст ва аз ин падида илҳоми мо ҷилои нав мегирад. Дар фазои амну осоиши Тоҷикистон озодона менависем, меомӯзем ва меофарем, ки барои эҷодкор ин беҳтарин неъмат аст.
Сулҳ пояи фарҳанг ва фарҳанг руҳи миллат аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради беандоза ин ду рукнро ба ҳам пайвастанд, то Тоҷикистон ҳамеша зери осмони софу пурнури сулҳу маърифат дурахшон бошад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 9.01.2026 №: 5