Эмомалӣ Раҳмон Аз давлатсозӣ то давлатдорӣ
Эмомалӣ Раҳмон
Аз давлатсозӣ то давлатдорӣ
Сарлавҳаи мақолаи мазкур рамзу ҳикмати зиёд дошта, кӯшиш ба харҷ додем то моҳияту муҳтавои онро муфассал ва бо истинод ба далелу рақамҳои раднопазир шарҳу тавзеҳ диҳем. Дар оғоз мухтасар бояд гӯям, ки агар маъмулан роҳбарон кишвари ободеро барои як муддати сарварӣ ба мерос гиранд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзамини имрӯзи тоҷиконро аз вартаи нестӣ ва мардумони онро аз чанголи бенишонӣ раҳо бахшида, давлат сохтанду мо ҳоло давлатдорем.
Камина дар мақолаҳои иншонамудаам аз ин хусус батафсил нигошта, ҷоннисориҳои Пешвои миллат, роҳи мушкили тайкардаашонро воқеъбинона, холисона, бо истинод бо далелҳои раднопазир бозгӯӣ намудаам. Бегуфтугӯ, дар наҷоти давлат ва миллат аз вартаи нобудӣ нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Бо маҳорати фавқулода ва ҷасорати бемисли ҷавонмардона тавонистанд роҳи наҷотро пайдо кунанд ва халқи парешонгаштаро аз нав зери Парчами давлат, дар Ватани аҷдодиашон муттаҳид созанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро интихоб карданд, ки дар он айёми пурдаҳшат на ҳама ҷуръати паймуданашро доштанд. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар заминаи ҷонфидоӣ, самимият, одамият ва заҳмати зиёд умеди батамом аздастрафтаро эҳё намуда, гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонданд ва дар замирашон тухми умед коштанд.
Набояд фаромӯш кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ умури давлатдорӣ чунон гиреҳхӯрда буд, ки идораи он аз ҷониби нухбагони он давр имконнопазир арзёбӣ шуд. Маҳз азми қавӣ ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, уқдаҳои мушкилоти мавҷударо муъҷизаосо во кард. Дар ин замина, чаманзори мамлакат, ки чанде коҳидаву берангу бӯ ва пажмурда буд, ба гулистони пурнакҳат табдил ёфтанд. Киштзороне, ки поймол шуда буданд, ба шарофати зуҳури ин абармард шодобу самаровар гаштанд. Хиёбонҳои орӣ аз одамон боз ба макони сайругашт ва муошират табдил ёфтанд. Ҷавонон, ки ба ояндаи худ умуман боварӣ надоштанд ва аз гулгашту гулбоғҳо рамида буданд, кунун дар шоҳроҳи зиндагӣ собитқадаманд.
Ифтихормандам, ки ҳамчун журналисти ба арзишҳои милливу давлатӣ арҷгузор, дар таъмини амнияти иттилоотии мамлакат то андозае саҳим, шоҳиди ҷонфидоиву заҳмати шабонарӯзии ин абармард мебошам, аз моҳияту муҳимияти ибтикори амалинамудаи Роҳбари давлат огоҳам, мақсаду ҳадафи ниҳоии Президент – таъмини зиндагии шоистаи мардумро дарк кардаам, доир ба самимияту ҷасорат ва одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шоҳидони ҳол (ҳамсафони содиқ, ки аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ дар паҳлуи ӯ мебошанд) зиёд шунидаам, беназир будани мақому манзалат ва маҳбубияти ин тоҷики ватандӯстро дар арсаи байналмилалӣ далели бебаҳс медонам ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи ин Роҳбари хирадманд, бунёдкор ба қадри имкон саҳмгузорам. Бо онҳое комилан ҳамфикрам, ки андеша доранд: «Тасвири ҳамаҷонибаи корнамоии шахсиятҳои таърихӣ кори як шахс ва ҳатто як даврони таърихӣ нест. Нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале ғояашон таърихи ояндаро асос мегузорад».
Ба ақидаи Низомулмулк: «Худо дар ҳар давру замон аз байни мардум як нафарро интихоб мекунад ва ба ӯ санъати идоракуниро эҳдо менамояд, бо вай манфиатҳои сулҳу оромии бандагони Худоро алоқаманд мекунад. Ба воситаи ӯ дарвозаҳои шӯру ошӯб ва бесарусомониҳоро мебандад. Вай дар пеши чашмони мардум густурда ва дар дили мардум бузургӣ ва қудрати сарварро ҷой медиҳад, то мардум дар давронаш дар адолату оромӣ ба сар барад ва дарозумрии давлатро таманно кунанд».
Ҷонфидоие, ки мардум таври шоиста арҷ гузоштанд
Арҷ гузоштан ба ҷонфидоии фарзандони фарзона дар таъриху таҷрибаи аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд дорад. Аз назари сиёсату маърифат зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳалаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.
Дар мисоли ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта шоҳид гардидем, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ мувоҷеҳ буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон, ин «пешвоён» ҳамдигарро эътироф намекарданд. Чунин тафриқаандозӣ боис гардид, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга занад.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.
Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ аломати мавҷудияти падарон – бунёдгузорон ва пешвоёни миллӣ ба сифати мактаби бузурги тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба назар мерасад. Чунончи, «дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онҳоро ба ҳайси «Падарон – асосгузорони давлати Амрико» (Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон), Ҳиндустон – «Падари миллати ҳинду» (Маҳатма Ганди) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон – «Падар – асосгузори давлати Покистон» (Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ) ва дар Сингапур – «Асосгузори давлати Сингапур» (Ли Куан Ю) эътирофу арҷгузорӣ кардаанд».
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз ин кор демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс онҳо ба ин васила, ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд. Хосияти дигари муҳими ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки бунёди мустаҳками маънавӣ дошта, ба ҷуз муносибатҳои муҳими иҷтимоӣ, инчунин, руҳияву маънавият ва унсурҳои зарурии равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардум дар мадди назар аст.
Меҳвару ҷавҳари ибтикор вобаста ба арҷ гузоштан ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расондани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо хеле кам рӯйи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум – иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.
Замоне ки вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Сарвари Тоҷикистон пазируфтанд, ҳамагӣ 40 сол доштанд ва дар миёни роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷавонтарин чеҳраи сиёсии сатҳи аввал ба шумор мерафтанд. Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз миёни мардум ва аз ин марзу бум берун омад ва ҳадафҳои олии мардумро амалӣ кард.
Масири таърихии тайнамудаи Пешвои миллатро арзёбӣ намуда, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон барҳақ нигоштааст: “Роҳи тайкардаи ин абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистони азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт. Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст ва, хушбахтона, душманони миллати мо ба ниятҳои зишти худ нарасиданд ва намерасанд. Миллати тоҷик, сокинони Тоҷикистони азиз, номи абармарди таърих, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доимо зафарёбанд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки пешвоиашон таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул гардидааст. Ба ибораи дигар, пешвои миллӣ маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Барои мардум бениҳоят муҳим он аст, ки Пешвои миллат ба қавли худ ҷавонмардона вафо карданд. Ҷони худро дар хатар гузошта, ба минтақаҳои ноороми дохилу хориҷи кишвар барои гуфтушунид бо собиқ мухолифини тоҷик сафар карданд, фирориёнро ба Ватан бозгардонданд, ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдат оварданд, кишварро обод ва дилҳоро шод карданд. Миёни корнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон манзалати хосса дорад.
Тақвияти эътимоди ҷомеа ба Пешвои миллат аз он маншаъ мегирад, ки маҳз ӯ пояҳои фалаҷгардидаи давлатдориро устувор, хазинаи бағоратрафтаро ғанӣ, артишу сохторҳои қудратиро аз нав тарҳрезӣ намуда, мақоми миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуданд. Мардум хуб медонанд, ки на ҳар кас аз уҳдаи иҷрои ин корҳои мушкилу сангин баромада метавонист.
Шаҳрвандон шоҳид гардиданд, ки истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам оварданд.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуданд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз дорад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Тавре маълум аст, асоси руҳияи миллиро ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки он иборат аз падидаҳои худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва эътирофи худ мебошад.
Дарки фавқулодаи мушкилот ва тадбирандешии бетаъхир
Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.
Роҳбари давлат бо қатъият иброз доштанд, ки ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, нақбу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин, ба ҳудуди воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад. Рӯйи кор омадани ҳадафи аввали стратегӣ – раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба ин хулосаи Роҳбари бунёдкори мамлакат марбут аст.
Минбаъд ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шахсияти фавқулода, бо назардошти махсусияту мушкилоти ҷомеа ҳадафҳои дигари стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуданд. Муҳим он аст, ки ҳадафҳои зикршуда бо ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, моҳиятан ва мантиқан силсила мебошанд.
Омили мазкур исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш мекунанд, ки зимни тасмимгирӣ вобаста ба дилхоҳ масъала, аз ҷумла глобалӣ ва дохилӣ, тавозуни манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ риоя гардида, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебнопазир бошанд. Ин яке аз фазилатҳои абармардони дунёи сиёсат буда, чунин ашхос дар марҳалаҳои муайян барои бақои давлату миллатҳо ва таъмини суботи сиёсӣ дар ақсои олам масъулият доранд. Муҳимтар аз ҳама, дар ҳолатҳои бениҳоят ҳассос ва, ҳамзамон, сарнавиштсоз усул ва тартиби тасмимгириашон ба манфиатҳои миллат, давлат ва сайёра созгор бояд бошад.
Ба гуфтан далеру тавоно
Афоризм сухани муъҷази ҳикматноку пандомез буда, ибрози он хоси ашхоси донишманду дурандеш ва одилу раиятпарвар аст. Бо дарназардошти ин омил, афоризм дар суханрониҳои Пешвои миллат бениҳоят зиёд буда, ба маҳбубияти боз ҳам бештари Сарвари давлат мусоидат карда истодааст. Намунаи барҷастаи ин гуфта ибораи бениҳоят таъсирбахши “Тоҷикистон, ба пеш” мебошад.
Дар бобати риторикаи сиёсӣ ақидаҳои зиёд мавҷуданд. Аксар сиёсатшиносон бар он назаранд, ки риторика санъати офариниш, мусоидат ва ибрози ақида буда, риторикаи сиёсӣ илм дар бораи таъсир расондан ба инсон тавассути нутқи сиёсӣ ё сухани мазмуни сиёсидошта маҳсуб мешавад. Мақом ва саҳми риторикаи сиёсӣ дар илми сиёсат аз таърифи ин мафҳум бармеояд: “Сиёсат соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва навъи махсуси фаъолияти одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, неруҳои сиёсӣ, мақомоти идоракунӣ ва сатҳи муносибатҳои ҳокимиятиест, ки инкишофи мавзун, мутаносиб ва ягонагии тамоми ҷомеа ва умумиятҳои бузургро дар алоҳидагӣ таъмин менамояд”.
Миёни фазилати инсонӣ сухановарӣ ҷойгоҳи хосса дошта, ҳақ ба ҷониби олими рус Н. А. Михайличенко аст, ки гуфтааст: «Шояд чунин тахассусе набошад, ки дар он маҳорати суханварӣ ба кор наравад». Сухан воситаи муҳими муоширати байни одамон, табодули андешаҳо ва василаи пурзӯри таъсиррасонӣ ба шуур ва рафтору кирдори одамон мебошад. Пажӯҳиши равоншиносон собит кардааст, ки тахминан 15 дарсади муваффақияти корӣ аз донишҳои касбӣ ва 85 дарсади он аз санъати муоширату суханварӣ вобаста аст.
Аммо на ҳама, хосса роҳбарони давлатҳо, дар ин ҷода комёбанд. Чун самтҳои дигар, барои мо, тоҷику тоҷикистониён, дар сухандониву суханварӣ маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибратанд. Маҳз маҳорати олии суханварӣ барои эътирофи ин абармард дар дохил ва хориҷи кишвар таҳрик бахшид.
Дар робита ба ин, Дейл Карнегӣ дар китоби «Оини суханронӣ» гуфтааст: «Ҳеҷ амале шуморо зудтар аз қобилияти суханварии дилпазир ба пояи баланди мақом расонда наметавонад». Хосса, барои сиёсатмадор сухан силоҳи асосӣ аст. Ӯ дар он сурат ба муваффақият ноил мегардад, ки хуб, боварибахш ва шавқовар сухан гуфта тавонад. Санъати суханварӣ ба фаъолияти сиёсӣ алоқамандии зич дорад. Махсусан, дар шароити ҷомеаи демократӣ.
Қобили зикр аст, ки риторикаи сиёсӣ воситаи асосии идоракунӣ ва нигоҳдории ҳаёти ҷамъиятӣ буда, умумияти иҷтимоиро бо сиёсат ва сиёсатро бо ҷомеа тақвият мебахшад. Бе донистани қонунияти риторикаи сиёсӣ муваффақ будан дар фаъолияти сиёсӣ ғайриимкон аст. Маҳз риторикаи бениҳоят қавиву таъсирбахши сиёсии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шудани рисолати меъёрию баҳогузорӣ, тарбиявӣ, мутобиқгардонӣ, сафарбарнамоӣ ва ғайра омили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Саҳми афоризм ва риторикаи сиёсии Роҳбари мамлакат барои татбиқи идеяҳои миллӣ хеле бориз аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар саргаҳи идеяҳои миллӣ низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Агар ба суханрониҳои Сарвари давлат аз лиҳози махсусияти марбут ба услубшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, мутмаин хоҳем шуд, ки дар ин раванд навъи императивии муошират афзалият дорад. Аз оғози давлатдорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханонеро гуфтанд, ки мардуми азияткашида муштоқ буданд, амалеро анҷом доданд, ки муҳим буду саривақтӣ. Мо шоҳид будем, ки қобилияти тавассути нутқ таъсиррасонии Пешвои миллат беназир буда, дар ин замина тавонистанд мардумро муттаҳид намоянд.
Муҳим он аст, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат унсури сохта ва сунъӣ ҷой надошта, онҳо заминаҳои устувори маънавию таърихӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ доранд. Имрӯз ҷаҳониён дар симои Президенти мамлакат тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Ин абармард муаррифгари воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорӣ мебошанд.
Барои суханвари хуб будан зарур аст, ки дониши мукаммал бояд дошт, вагарна суханпардозиҳо бемаънӣ хоҳанд буд. Лозим аст, ки на танҳо дар интихоби калимаҳо, балки ба ҷобаҷогузории онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Илова бар ин, зарофат, озодии иродаи инсонӣ, дақиқият зам гардида, бо риояи назокат дар суханварӣ ифода ёбад. Табиист, ки ташаккул ёфтани маҳорати суханварӣ, дар баробари худодод будан, аз мутолааву омӯзиш вобастагӣ дорад. Маҳз дар ин замина нутқ аз илм фасоҳат мегирад ва калом аз илм равнақ меёбад.
Ин аст, ки дар муқаддимаи китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолаа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».
Ҳамрадиф бо дигар хислатҳои ҳамидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, афоризм ва риторикаи сиёсӣ ҳисси худшиносию ифтихори миллии моро афзун намуда, моҳиятан роҳнамо ба фардои дурахшонтар маҳсуб мешавад, зеро аз афкору мулоҳиза, завқу салиқа ва ҷасорату садоқат маншаъ гирифтаанд. Моро мебояд бо сармашқи кор қарор додани дастур, супориш ва ҳидояти ин фарзанди фарзонаи миллат дар ободтар гардидани Ватан ва муаррифии шоистаи он дар хориҷа беш аз пеш саҳмгузор бошем.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи “Садои мардум”,
номзади илмҳои сиёсӣ

