ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ (Дар ҳошияи порча аз “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд”. «Ҷумҳурият», № 218 (25333), 13.11.2025)
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
(Дар ҳошияи порча аз “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов “Зиёие озодихоҳ, сарафроз
ва шарафманд”. «Ҷумҳурият», № 218 (25333), 13.11.2025)
Матлаберо бо сарлавҳаи «Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» хондам. Порчае аз асари тозанашри профессор Саймумин Ятимов «Ёддоштҳо» будааст.
Ростӣ, нахуст, бо хондани унвони пурмаънояш ба хонанда ҷойгоҳи баланди тафаккурро нишон медиҳад. Гӯё дари китобхонаеро боз мекунад, ки дар ҳар рафаш ҳикмати зиндагӣ бо нури фардоӣ якҷо меҷӯшанд. Муаллиф бо сабки мутаносиб бо мақоми илмӣ ва таҷрибаи тулонии таҳлилгарона мақоми зиёиро дар ҷомеаи муосир ба гунае тавзеҳ медиҳад, ки на танҳо омӯзанда, балки бедоркунанда низ ҳаст.
Муаллиф ҳадафмандона ва бо далелҳо мавқеи зиёии тоҷикро ҳамчун сарчашмаи офарандаи ҳидоят, сулҳ ва худшиносии миллӣ нишон медиҳад. Ӯ ин нуктаро бо такя ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва зарурати таъмини амнияти фикрии ҷомеа баён мекунад. Дар гуфтаҳояш эҳсос мешавад, ки зиёӣ барои муаллиф танҳо як қишри ҷомеа не, балки сутуни маънавиест, ки рӯйи он хонаҳои давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ қомат мекашанд.
Навишта ба монанди чароғи рахшон хонандаро дар ҷодаи як қатор масъалаҳои муҳиму мубрам ҳамроҳӣ намуда, мақоми илм, ахлоқ, озодандешӣ ва масъулияти иҷтимоии равшанфикронро дар канори ҳам мегузорад. Пайвасти ногусастании онҳоро собит месозад. Дар андешаи муаллиф, зиёӣ на «тамошобин», балки соҳиби саҳнаи ҷомеа аст. Шахсест, ки вазифаи ӯ аз навиштану гуфтан болотар рафта, то ба сохтани фазои солими фикрӣ тантана дорад.
Сабки навишти профессор Саймумин Ятимов шево, мутамаддин ва дар айни замон, пурэътимод аст. Вожагон ба мисли қатраҳои равшан аз қуллаҳои сарбафалак сарозер ва ба як обшори ғании маърифат табдил мешаванд. Гуфтаҳои илман асоснок, далелҳои таърихиву иҷтимоӣ ва андешаҳои шахсӣ бо ҳам омехтагии мувофиқ дошта, матнро ҳам барои мутахассис ва ҳам барои хонандаи умумфаҳм қабулпазир мегардонад.
Андешаҳои матраҳшуда дар доираи аҳамияти назариявӣ маҳдуд намешаванд, онҳо роҳкори амалиро пешниҳод мекунанд:
— эҳтиром ба зиёӣ;
— кушодагии ҷомеа барои фикрҳои солим;
— ҳифзи фазои маърифатӣ аз таҳдидоти иттилоотӣ;
— тарбияи насли нав бо масъулияти фикрию фитрӣ.
Дар ин замина, мақола на танҳо «гуфтор», балки «барномаи амал»-и муайян ба назар мерасад. Як матни пур аз фикри созанда ва даъват ба бедории маънавист. Он мақоми зиёии тоҷикро дар оинаи ватандорӣ, фарҳанг ва масъулияти миллии имрӯз бозтоб медиҳад.
Ин ёддошт сабақи волоест, ки барои равшан кардани зеҳни наслҳои имрӯзу фардо хизмат мекунад.
Раҳматулло СОБИРОВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон
Санаи нашр: 14.01.2026 №: 8
