Чароғи сабзи ҳидоят
Чароғи сабзи ҳидоят
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо назардошти дастовардҳои даҳ соли охири кишвар таҳлилу баррасӣ гардиданд ва чун солҳои қаблӣ Сарвари давлат ба соҳаи илму маориф, масъалаҳои инкишофи зеҳнӣ ва маърифатии насли нав таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ояндаи дурахшони давлату миллат ба донишу илм бастагии амиқ дорад.
Воқеан, ба алоқамандони соҳа маълум аст, ки ташаккулу таҳкими давлати миллӣ ба фаъолияти зеҳнии афроди миллат вобаста аст, зеро элитаи илмӣ дар раванди инкишофи тафаккури таърихии миллат, худшиносӣ, бузургдошти забони модарӣ, маънавиёт, иқтисоди миллӣ ҷойгоҳи хос доранд ва фаъолияти онҳо барои омма ҳамчун василаи пайравӣ баромад мекунад.
Дар Паём зикр гардид, ки дониши замонавӣ тавъам бо худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити кунунӣ натиҷаи матлуб хоҳад дод. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш ва фарҳанги миллии худ вақте дар миёни ҷомеае густариш пайдо менамояд, ки аз он арзишҳо огоҳии комил дошта бошанд, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонанд, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адабиёт, урфу одатҳо дар пешгоҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.
Тоҷикон дар тули таърих тавассути дастовардҳои маданӣ, фитрати фарҳангофаринӣ ва маърифатбунёдии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми арзандае касб намудаанд, ки бо фаъолияти фарзандони фарзонаи ин миллат алоқаи ногусастанӣ дорад. Насли имрӯзаро зарур аст, ки таъриху фарҳанги гузаштаи худро омӯзад ва ҳаёти босаодати имрӯзаашро созад, ки ин ҳама бидуни маърифат ва донишҳои илмӣ имконпазир нест. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хитоб намуданд, ки имрӯз дар тамоми хонадони тоҷикистонӣ «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ҳаст, онҳоро хонед, бо гузаштаи худ ошно шавед ва ояндаи худро равшан намоед!
Сарвари давлат бо ишора ба таъриху мероси гузаштагони некномамон даъват ба амал оварданд, ки мо вазифадорем, дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Президенти маҳбуби кишвар соҳаи илму маорифро самти стратегии сиёсати давлатӣ ва омили асосии пешрафту тараққиёти иҷтимоӣ ҳисобида, қайд намуданд, ки агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд: «Фаромӯш набояд кард, вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Дар ҳақиқат, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як нуктаи дар он баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос дар риштаҳои гуногун ва тарбияи насли баркамоли ояндаи миллати хеш саъю талош намоем.
Б. АМОНДУЛЛОЕВ,
дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ
