ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ. БОЙИГАРӢ САРФА МЕШАВАД, ҲОСИЛ ФАРОВОН

19 январ 2026, Душанбе
15


Тоҷикистон сарзамини ғанӣ аз манбаъҳои обӣ мебошад. Аммо cолҳои охир дар раванди тағйирёбии иқлим ва камборишӣ, аз як сӯ, пиряхҳо – манбаи асосии оби полизию ошомидании мо рӯ ба коҳиш оварда, аз сӯйи дигар, бепарвоӣ дар истифодаи сарфаҷӯёна ва самараноки ин неъмати бузург ба мушоҳида мерасад. Баъзан, бо вуҷуди дар шабакаҳои обёрӣ фаровон будани об, дар майдонҳои кишт, бо сабаби идораи нодуруст ва нобаробарии тақсимот, камчинии он рӯ мезанад ва қисме аз киштзорҳо талаф меёбанд.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ обёрии қатрагиро яке аз механизмҳои дурусту оқилонаи тақсимот ва истифодаи босамари об меҳисобанд. Оё, воқеан, рӯ овардан ба обёрии қатрагӣ метавонад яке аз чораҳои муассир дар роҳи пешгирии исрофи об бошад? Мутахассисону олимони соҳаи кишоварзӣ бар ин назаранд, ки обёрии қатрагӣ на фақат роҳи сарфаи об аст, балки манфиатҳои зиёди иқтисодию экологӣ низ дорад.
– Агар обёрӣ ба таври қатрагӣ сурат гирад, албатта, об сарфа мегардад. Миқдори обе, ки бо усули куҳна барои як ҷӯяк истифода мешавад, ба таври қатрагӣ барои чанд қатори ниҳолу зироатҳо басанда аст. Ҳамзамон, решаи зироатҳо нуриҳои минералиро бо ёрии лӯлаҳо пурра ҷабида мегиранд. Соли гузашта таҷрибаи обёрии қатрагӣ дар мавзеи Гараутии ноҳияи Дӯстӣ истифода шуда, натиҷаи баланд дод, – гуфт Шафоат Назифов, сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раҳматалӣ Ҷабборов, сарагрономи ноҳияи Дӯстӣ, гуфт, ки истифода аз таҷрибаи обёрии қатрагӣ сабаби раҳоии кишоварзон аз мушкилоти камчинии об дар ноҳия гардид. Ӯ афзуд, ки солҳои пеш дар мавсими кишту парвариши зироатҳо, бахусус тобистон, об камчин буд ва ин боиси зарари нашъунамои рустаниҳо мешуд. Хушбахтона, бо ҷорӣ гардидани усули қатрагии обёрӣ дар парвариши пахта ва дигар зироатҳо норасоии об дар ноҳия ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ҳамчунин, ҳосилнокӣ баланд шуд. Ҳамзамон, ба воситаи лӯлаҳо доруҳои минералӣ низ маҳлул карда шуда, ба таври самаранок ба решаи зироатҳо расонда мешаванд, ки манфиати дигари ин усул аст. Дар заминҳое, ки бо тарзи қатрагӣ обёрӣ мешаванд, ҳосилнокии пахта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 48 сентнерро ташкил дод, ки назар ба пахтазори обёриашон ҷӯякӣ аз ҳар гектар 10 сентнер зиёд аст. Соли 2025 дар ноҳия 7790 гектар пунбадона кишт шуд, ки аз ин 3443 гектар дар шаҳраки Хуррамдиёр аз тарафи ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син Силу” ба таври қатрагӣ обёрӣ гардид.
Шариф Амонов, мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, обёрии қатрагиро дар парвариши боғу токзор, сабзавоту полизиҳо, хусусан дар гармхонаҳо, хеле босамар дониста, пешниҳод дорад, ки ин усул зиёдтар тарғибу роҳандозӣ гардад.
– Бо усули қатрагӣ об сарфа, эрозияи хок пешгирӣ ва доруҳои минералӣ мувофиқи талаботи зироат истифода мешаванд. Ҳамчунин, идоракунии обу истифодаи доруҳои минералӣ осон мегардад. Ҳангоми обёрии қатрагӣ доруҳоро метавонем маҳлул карда, бо меъёри муайян ва мувофиқи талабот ба воситаи лӯлаҳо ба бехи зироатҳо расонем, – гуфт Шариф Амонов.
Тавре Раҳматалӣ Ҷабборов гуфт, миқдори обе, ки ҳоло дар ноҳияи Дӯстӣ ба таври қатрагӣ барои 3443 гектар замини пахта истифода мешавад, қаблан дар масоҳати хеле ками замин намерасид. Аз ин рӯ, роҳандозии усули мазкур беҳтарин иқдом барои истифодаи самараноки обу замин мебошад.
Бо тағйири иқлим ҳоло дар саросари олам андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба ин раванд ҷонноктар мешаванд. Ба роҳ мондани усули обёрии қатрагӣ дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ аз роҳҳои инноватсионии рушди соҳа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) ба хотири таъмини фаровони маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити рӯзафзуни талаботи аҳолии ҷаҳон ба ғизо маҳз истифодаи босамари обу заминро таъкид намуданд: “Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт. Итминон дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин, ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро беҳтар таъмин менамоянд».
Воқеан, таҳдиди гуруснагӣ дар ҷаҳон имрӯзҳо масъалаи мубрам аст, ки яке аз сабабҳои он норасоии обу замин мебошад. Аз ин лиҳоз, бепарвоӣ ба истифодаи об метавонад моро ҳам ба ин хатар наздиктар кунад. Пас, эҳтиёткорона ва дуруст ба кор бурдани захираҳои обӣ, бахусус ба воситаи усули қатрагӣ, аҳамияти бештар пайдо менамояд.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.01.2026 №: 11