ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Умеду орзуи тоҷикони Афғонистон сулҳу ҳамдигарпазирии тоҷикони Тоҷикистон аст. Чун қудрат ва ҳокимияти тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ё ҳамин Варорӯд решаи таърихӣ дорад, бинобар ин, ҳар қадар дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ решадор бошад, ба ҳамон андоза тоҷикони Афғонистон ва тамоми кишварҳое, ки тоҷикон дар он зист доранд, ифтихор ва пуштвонаи қавӣ доранд. Ва ҳатто ёдгориҳои куҳани ориёӣ дар тимсоли Тоҷикистон соҳибдор аст ва метавонад ба ҷаҳон аз тамаддуни куҳан ҳарф бизанад!
Замоне ки Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо устод Бурҳониддин Раббонӣ, Раисҷумҳури вақти Афғонистон, дар муборизоти маданӣ, сиёсӣ ва таҳаввули Афғонистон машғул буд, ҳамеша таваҷҷуҳ бар он дошт, ки як ҳокимияти миллӣ бар асоси ваҳдати тоҷикон дар Тоҷикистон шакл бигирад. Ба хотири ин сарҷамъӣ, чандин бор нишастҳои сиёсӣ ва маданиро дар миёни тарафҳои таҳаввулии Тоҷикистон доир кард ва талошҳои судманде барои ба даст овардани натиҷаи сулҳ ва ҳокимияти миллӣ анҷом дод. Ҳадафи аслии ӯ ҳам нигаҳдории ҳамин мероси ғании фарҳангӣ будааст, ки ҳоло Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро посдорӣ менамоянд.
Имрӯз, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои миллӣ ва байналмилалӣ аз тоҷикони ҷаҳон дифоъ мекунад, ба равшанӣ дида мешавад, ки қудрати Тоҷикистон неру ва ҳокимияти тамоми порсизабонони ҷаҳон аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, аз қавмҳои ориёӣ дифоъ кард, ҳама ақвоми зери парчами ориёиён ё хуросониён ба ӯ, яъне ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, тахаллуси Роҳбари тоҷикони ҷаҳон ва посдори таърихи қавми ориёиёнро доданд. Маҳз ӯ буд, ки соли рафта устувонаи Куруши бузургро ҷаҳонӣ намуд, Робиаи Балхӣ, ҳамдиёри моро шону шараф бахшид ва тоза эълом кард, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ бунёд шавад. Ин аст асолати як ҷавонмарди ориёӣ, як касе, ки андешаи ҳазорсола дар мағз дорад.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз дидгоҳи мо – мардуми Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон як шахси усулгаро ва дурбин ба мардуми худ ва таърихи ниёгонаш аст. Ин таърих дар ҳеч шароите тарк ва ҳатто як қадам ба қафо барнамегардад. Ҳангоми истод шудан байни рақибони хориҷии худ устувор ва боғурур аст, рақибонаш дар созмонҳои ҷаҳонӣ медонанд, ки Сарвари кишвари тоҷикон бунёдгузори як сиёсати собит мебошад. Ин кору ибтикори ӯро эҳтиром қоиланд ва аз чеҳраи дӯстони хориҷиаш пай бурдан мумкин аст, ки Пешвои миллатро дар ҷаласаҳои байналмилалӣ чӣ гуна мушоҳидаву суханонашро мулоҳиза мекунанд.
Имрӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон қудрат ва ҳукумати сиёсии мустақил дорад, ба яқин метавон гуфт, ки тамоми тоҷикон дар ҳар гӯшаи ин кураи хокӣ худро ифтихорманд медонанд, ки чунин роҳбар, пуштибони миллӣ ва байналмилалӣ доранд. Тоҷикони Афғонистон ба ин боваранд, ки имрӯз аз се шахсияти маҳбуб ва умедбахши тоҷикон, агар ду шахсияти миллӣ, яъне Аҳмадшоҳ Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонии шаҳид бо мо нестанд, аммо ёри собитқадам, яъне ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо мост.
Вақте мо кишваре бо номи Тоҷикистон дорем, дигар ҳеҷ чизе байни тоҷикон тақсимношуда намондааст. Биноан, бояд тоҷикистониёни азиз қадри қудрат, ваҳдату сулҳи миллиро пос бидоранд ва бояд ба зиммаи худ бовар ва имон дошта бошанд, ба ҳар андозае, ки тоҷикону тоҷикистониён иттиҳод ва ваҳдат доранд, ба ҳамон андоза тоҷикони кулли ҷаҳон дорои қудрат ва ҳокимиятанд. Назар ба ин асос ва масъулияти миллии тоҷикон, ҳар тоҷикистонӣ муваззаф аст, ки тасвир ва намоди ваҳдати миллиро тамсил ва меросдор бошад. Пайдост, ки Сарвари давлат ин ҳамаро аз гузашта бо назокати хоси сиёсӣ ва дипломатӣ омӯхтааст.
Самараи сулҳ, ваҳдат ва оромиш Тоҷикистонро ба яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон табдил кардааст, ки ҳама барояшон паёми иззат ва офаринро медиҳанд. Бавижа, мо – тоҷикони он сӯи Ому, ки ҳоло аз зодгоҳамон ба иҷбор дурем, амнияти Тоҷикистонро муъҷиза ва ганҷина медонем.
Духтарҳои ин кишвар донишу иззат ва ояндаи шарофатмандонаро фаро мегиранд. Ҷавонписарон дар фикри ояндаи бошукӯҳ барои марзу буми худ ҳастанд. Давлатмадорон дар фикри тарҳи ободонӣ ва сохтани сарнавишти кишвари пешрафтаанд. Оре, ин ҷо ҳама чиз рӯйи барномаҳои аҷдодӣ ва ба қавонини мутамаддини тоҷикони боғурур ва сарбаланд ба пеш меравад. Шабҳо накҳати оромиш медиҳанд. Шаҳрҳо атри осудагӣ доранд. Булбулон дар ҷодаҳои шаҳр оҳанги сулҳ месароянд, кӯдакон бо гулдастаҳо ба оғӯши мактаб мераванд ва омӯзгорон бо суруди меҳр ин гулғунчаҳои Ватан, тифлони ҳамдиёронашонро парвариш медиҳанду адаб меомӯзонанд. Рӯз ба рӯз ҷодаҳо ва теппаҳо шакли сайқал ва ободиро ба худ мегиранд.
Ҳатто умед ва орзуҳое, ки ба дигар шаҳрвандони ҷаҳон муҳим ва қобили баҳс нест, чун мактабу донишгоҳ рафтан як амри одӣ аст, барои мо як руъёст. Бештар аз панҷ миллион ҷавонони мо имрӯз дар мулкҳои дигар овораву бесарпаноҳанд ва ба ояндаи худ умед надоранду роҳат нафас намекашанд. Падарону модарон ҳатто як бор орзуи дидори фарзандон ва сарҷамъии аҳли хонаводаи худро ба сари як дастархон доранд. Мешавад гуфт, ки ҳатто ин ҳасрат зиндагиро барояшон хотима медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳама дар фикри зиндагӣ кардан ҳастанд ва дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ барнома ва ё тағйири нав мехоҳанд, вале мо – мардуми Афғонистон дар андешаи нафас кашидан ва зинда мондан ҳастем.
Паёми ман барои ҳаммиллатҳоям, тоҷикони боғуруру сарбаланди Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ нагузоред, то ҳеҷ душману ҳарифе иттиҳоду сулҳи шуморо зарар расонад. Ба ҳеҷ ваъда, чарби душман ва ҳилаҳои душманони рӯбаҳмиҷоз дода нашавед. Имрӯз тамоми миллатҳои дунё аз рӯйи қавонини забониву ҳувиятӣ барои худашон ҳукумат ва қавонин сохтаанд.
Имрӯз Ҳукумат ва давлати боиқтидори худро ҳифз бояд кард. Мо – тоҷикони Афғонистон ва порсизабонони дунё ба ин боварем, ки шумо ягона такягоҳи тоҷикони имрӯз ва меросдори порсии куҳан ҳастед ва Ҳукумату давлататон, истиқлолу ваҳдататон дар тамоми арсаҳои милливу байналмилалӣ таърихи бошукӯҳи худро ҳифзу арзишдорӣ мекунад.
Поянда бод миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ки посдори ҳувият ва шарафи тамоми порсизабонони ҷаҳон ва ориёиён аст!
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ, рӯзноманигори
мустақил аз Афғонистон, донишҷӯйи ДТТ
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
