ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА. ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ПОСУХИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БА МУШКИЛОТИ ИҚЛИМИСТ

20 январ 2026, Сешанбе
8


Тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддии рушди устувори башарият табдил ёфтааст. Яке аз зуҳуроти нигаронкунанда ва ҳассоси он обшавии босуръати пиряхҳо ва вайроншавии криосфера ба шумор меравад. Дар ин раванд, минтақаҳои кӯҳӣ осебпазиртарин маҳсуб ёфта, тақдири миллионҳо одамон, захираҳои обӣ ва экосистемаҳои нозук зери хатар қарор доранд. Маҳз бо назардошти ҳамин вазъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир ба қабули қатъномаҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера рӯ овард.


ПИРЯХҲО – КАФИЛИ АМНИЯТИ ОБ
Пиряхҳо на танҳо ҷузъи табиии муҳити зист, балки манбаи асосии оби тоза барои зиёда аз ду миллиард нафар аҳолии сайёра мебошанд. Дар кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, пиряхҳо танзимгари ҷараёни дарёҳо буда, дар таъмини оби ошомиданӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи обӣ нақши калидӣ мебозанд. Бо вуҷуди ин, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, суръати обшавии пиряхҳо дар даҳсолаҳои охир бесобиқа гардида, ҳаҷми онҳо сол ба сол коҳиш меёбад. Ин раванд на танҳо боиси кам шудани захираҳои обӣ мегардад, балки хатари сел, тарма, лағжиши замин ва дигар офатҳои табииро низ афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи пиряхҳо имрӯз ба масъалаи амнияти экологӣ ва иҷтимоӣ баробар арзёбӣ мешавад.


ҚАТЪНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: АЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ
Бо дарки амиқи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, Созмони Милали Муттаҳид як қатор санадҳои муҳимро қабул намудааст, ки ҳадафи онҳо ҳифзи пиряхҳо ва криосфера мебошад. Аз ҷумла, қабули қатънома оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025 – 2034» ҳамчун марҳалаи нав дар сиёсати глобалии иқлим арзёбӣ мегардад. Ин санад кишварҳои ҷаҳонро ба тақвияти тадқиқоти илмӣ, мониторинги доимии пиряхҳо, мубодилаи маълумот ва татбиқи технологияҳои муосир даъват менамояд. Қатънома таъкид мекунад, ки бе дониш ва ҳамкории илмӣ муқовимат бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, дар қатъномаи Ассамблеяи муҳити зисти СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера зарурати ворид намудани ин масъала ба стратегияҳои миллии рушди устувор ва сиёсати иқлимӣ таъкид шудааст. Ин санад ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи амнияти об, озуқа ва энергетикӣ муаррифӣ менамояд.


МИНТАҚАҲОИ КӮҲӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
Қатъномаҳои зикршуда, аз ҷумла қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус барои минтақаҳои кӯҳӣ» ба минтақаҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, зеро маҳз дар ин минтақаҳо таъсири тағйирёбии иқлим тезтар эҳсос мешавад. Обшавии пиряхҳо дар кӯҳистон метавонад дар марҳалаи аввал боиси зиёдшавии об гардад, вале дар оянда ба норасоии шадиди он оварда расонад. Аз ин рӯ, санадҳои байналмилалӣ ба ҳифзи манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ, таҳкими иқтидори мутобиқшавӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ин равиш ба кишварҳо имкон медиҳад, ки ҳам табиатро ҳифз кунанд ва ҳам рушди иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намоянд.


ТОҶИКИСТОН – ПЕШСАФ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМ
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ ва дорои захираҳои бузурги пиряхӣ дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ мавқеи фаъол дорад. Ташаббусҳои пайдарпайи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ин иқдомҳо на танҳо нуфузи байналмилалии кишварро тақвият мебахшанд, балки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ низ саҳми арзанда мегузоранд. Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи худ собит намуд, ки кишварҳои рӯ ба рушд низ метавонанд дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии иқлим нақши калидӣ дошта бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Обшавии пиряхҳо мушкили як давлат нест, балки масъалаи умумибашарист ва танҳо бо ҳамкории муштарак метавон онро ҳал кард».
Ҳамин тариқ, қатъномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера гувоҳи онанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари тағйирёбии иқлим бо ҷиддият муносибат мекунад. Ин санадҳо на танҳо изҳороти сиёсӣ, балки даъват ба амал, ҳамкорӣ ва масъулияти муштарак мебошанд. Барои кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, татбиқи ин қатъномаҳо имконияти ҳифзи захираҳои обӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувори ояндаро фароҳам меоранд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.01.2026 №: 12